Ҳерберт Дофман — узви Парлумони Аврупо аз Ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия, роҳбари Шӯрои Ҳизби халқии Аврупо, инчунин роҳбари Гӯруҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон.
- Эмомалӣ Раҳмон дар даврони хеле сангин барои Тоҷикистони тоза баистиқлолрасида ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардид. Ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида буд ва ба тамомияти арзӣ ва бақои халқи тоҷик хатари нобудӣ таҳдид мекард. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз хатари нобудшавӣ наҷот дода, мардумро сарҷамъ овард ва ҳазорон гурезаро ба Ватан бозпас гардонид. Ибтикороти ӯ, ки ба наҷот додани давлатдории тоҷикон ва хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ равона шуда буд, дастгоҳи давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти интизомиро аз ҳолати фалаҷ шудан раҳо кард. Ин ибтикорот ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, таъмини шароити мустаҳкамшавии ҳокимият ва ҳамчунин таъмини сулҳ, бозпас гардонидани гурезагон ва нафарони ҷойи зист ивазкарда созгор буданд.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди матини ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, қабули Конститутсия (Сарқонун)-и нав, амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ ва ба вуҷуд овардани шароити ҳуқуқии парлумони демократии бисёрҳизбиро гузошт. Ба шарофати ҳамаи ин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ хело муҳим аст ва дар бартараф кардани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон ба сифати намуна аз он истифода кард. Барои эҳёи миллӣ, иштирок дар фаъолияти эҷодӣ, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам оварда шуд. Дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳои сиёсие пиёда карда шуданд, ки дар натиҷаи онҳо иншооти нави бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва маданӣ бино гардид, ҳамчунин шароит барои сохтмони роҳҳои мошингарди тамоми сол барқароркунандаи иртибот байни манотиқи кишвар ва дигар роҳҳои мошингарди байналмилалии имкони ба баҳр баромадандошта ва рушди муносибот бо давлатҳои ҳамсоя ва хориҷи дур фароҳам омад. Ҳамзамон ҷиҳати тақвият бахшидан ба нуфузи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ тадбирҳо андешида шуд. Айни замон зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият мешиносанд.
Тоҷикистон ба рушди муносиботи судманди дуҷониба ва гуногунсавия бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии сершумор мусоидат мекунад. Ин тадбирҳо ҳамчунин ба тавсеаи муносибот байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг кумак мерасонанд ва ба муколамаи фаъол байни Брюссел ва Душанбе дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла байни Парлумони Аврупо ва Парлумони Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ҳадафи Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон, ки масъулияти роҳбариаш ба дӯши банда аст, рушди ин муколама ҳамроҳ бо намояндагии Тоҷикистон дар Брюссел мебошад. Ба вуҷуд овардани асоси муосири ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ ва шароити судманди сармоягузорӣ дар кишвар ва низ узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бешубҳа, ба рушди босуръати муносиботи тиҷоратӣ ва сармоягузории кишвар бо ҷаҳони беруна мусоидат хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Тоҷикистон борҳо минбари СММ-ро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ба мушкилоти кишвари худ, балки ба масоили марбут ба Афғонистон, мубориза зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нобаробарии тараққиёти давлатҳои ҷаҳон ва таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ истифода кардааст.
Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон кард. Имрӯз аксар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар чорчӯбаи ин даҳсола баргузор мегарданд ва ин ибтикори Президент боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад. Бо талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи ҳалокати миллӣ наҷот ёфт ва ба устувор гардонидани истиқлолияти худ дар охири қарни ХХ муваффақ шуд.
Мардуми тоҷик бо истифода аз ин шароити мусоид ба пешрафтҳои чашмрас дар ростои эҳёи миллӣ ноил гашт ва ба сӯи ояндаи боз ҳам беҳтар, шукуфотар ва зиндагии арзанда қадамҳои устувор гузошт. Мо ҳамчун Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон аз ҷониби худ омода ҳастем, ки ба мардуми Тоҷикистон барои ноил гаштан ба ҳадафҳои арзандааш ҳамаҷониба кумак расонем.
АМИТ «Ховар»