27 августи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ллойд Остин III – ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Имрӯз рӯзномаи дуҷонибаи байнидавлатии Тоҷикистону Америка масъалаҳои гуногунро фаро мегирад, вале дар миёни онҳо мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи мо ҷойгоҳи хоса доранд, зеро онҳо дорои иртиботи қавӣ бо вазъи Афғонистон мебошанд».
Ллойд Остин III ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дода, аз номи роҳбарияти кишвари Америка ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мавқеи пешоҳангии худ дар минтақа ва марзи тӯлониаш бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар саргаҳи пешгирӣ аз доман паҳн намудани терроризму ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.
Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА бори дигар мавқеи устувори Америкаро дар роҳи дастгирии пайваста аз ҷаҳду талоши Тоҷикистон барои ҳифз ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкории босамари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид дошт.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.
www.president.tj