31 августи соли 2015 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ раиси Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ ҷаноби Сайид Парвиз Фаттоҳ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Абдуҷаббор Азизӣ ҷаноби Сайид Парвиз Фаттоҳ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, перомуни таҳким ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвари дӯст ва бародар, саҳми бузурги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, нақбҳо ва фаъолияти пурсамари Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ изҳори андеша кард.
Раиси Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ ҷаноби Сайид Парвиз Фаттоҳ оид ба таассуроти неки худ дар бораи Тоҷикистон сухан ронда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои тарафайн миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон боз ҳам густариш меёбанд ва Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти неку пурмаҳсули худро дар ин кишвари дӯст ва ҳамзабон идома хоҳад дод.
Суҳбат хеле самимӣ ва хотирмон сурат гирифт.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. Исоев