Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 31 августи соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович!
Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, ки Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.
Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон, ки дорои таърихи бисёрасра ҳастанд, дар оянда низ ба манфиатҳои халқҳоямон инкишоф ва таҳким меёбанд.
Тоҷикистон омодааст робитаҳои зичу асоснокро, ки бо принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод асос ёфтаанд, бо Қирғизистон роҳандозӣ намуда, ният дорад барои густариши устувор ва динамикии ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду ҷониб тамоми корҳои заруриро анҷом диҳад.
Ба Шумо муҳтарам Алмазбек Шаршенович, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои минбаъда орзу намуда, ба халқи бародари қирғиз тамоми хушиву шукуфоиро таманно дорам».
***
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол кард, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич!
Бо хушҳолии бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми Ӯзбекистон ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон — Рӯзи Истиқлолият табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол медорам.
Мардумони моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд.
Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳад ва барои рушди минбаъда ва пурмуҳтаво намудани мундариҷаи он талош меварзад. Дар солҳои охир афзалият пайдо кардани ҷараёни нек дар муносибатҳои дуҷониба барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо заминаи хуб мегузорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам қарори қатъии моро барои истифодаи ҳамаи имкониятҳо баҳри рушди минбаъда ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи миёни ҳар ду давлат таъкид кунам. Омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳар чӣ бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам.
Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, саломатии қавӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар пешрафти кишвари Ӯзбекистон ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу рафоҳат таманно дорам».
АМИТ «Ховар»