Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

21026203955_5df3260c54_o31 августи соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти нав барои 400 нафар курсант пешбинӣ шудааст. Барои бунёди бинои хобгоҳ ва таъмиру таҷдиди коллеҷи милитсия дар маҷмӯъ 5 миллиону 620 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Хобгоҳ ҳамчунин дорои сартарошхона, ошхона, нонпазхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ барои истиқомат мебошад.

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ягона муассисаи давлатии таълимие мебошад, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи таъиноти махсус аз ҳисоби ятимон, бепарасторон ва фарзандони кормандони фавтидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷавонон  пайваста зери назорат қарор дошта бошанд ва онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбанд, то оянда нисбат ба пешаи интихобкардаи худ ва хизмат намудан ба манфиати халқу миллат содиқ бошанд.

Ифтитоҳи бинои хобгоҳи замонавиро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми неки Ҳукумати мамлакат ба хотири таъмини шароити беҳтар ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кадрҳои ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар арзёбӣ кард. Зимни суҳбат бо ҷавонон Президенти мамлакат онҳоро барои тарбияи рӯҳу ҷисмашон, омӯзиши дақиқи илмҳо ва дигар технология ҳидоят кард.

Дар ҳамин ҷо баробари ифтитоҳи бинои хобгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Коллеҷи милитсия шинос шуд. Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд, дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шудааст.

Коллеҷи милитсия соли дуюм аст, ки фаъолият намуда, ҳоло 261 нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст.

Аз ин шумора, 23 нафар ятимони кул, 118 нафар бепадар ё бе модар, 24 нафар фарзандони кормандони фавтидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 72 нафар фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи камбизоат, 35 нафар фарзандони дигар оилаҳои камбизоат ва ҳашт  нафар аз хона-интернатҳо, инчунин даҳ нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Коллеҷи милитсия пурра аз таъмир бароварда шуда, айни замон шароити мусоид, аз қабили хобгоҳ барои 400 нафар,ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷаҳҳаз бо маводу ашёи зарурӣ муҳайё карда шуда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат супориш дод, ки бо истифода аз тамоми шароитҳое, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар омода кардааст, сатҳу сифати таълимро беҳтар карда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷасуру тавоно, ватандӯсту ватанхоҳ саҳм гузоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯёни коллеҷ як миқдор маводи хӯрока ва шириниҳо тақдим намуд.

 

www.president.tj