МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА
БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 51. Аз ҷониби суд муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ
Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда шавад.
Дар қонунгузории оилавии ҷумҳурӣ муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ аввалин маротиба расман пешбинӣ шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, то қабули Кодекс тартиби баррасии ин қабил парвандаҳо аз ҷониби КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда буд ва ҳоло низ амал дорад.
Парвандаҳои номбурда бо тартиби пешбурди махсус баррасӣ мегарданд. Барои он қонун чунин тартибро пешниҳод кардааст, ки ҷавобгар дар ҳаёт нест ва нисбати ӯ даъво пешниҳод кардан аз имкон берун аст. Ғайр аз ин, далелҳо оид ба эътирофи воқеияти муқаррар кардани падарӣ бояд бо роҳи судӣ санҷида шаванд, чунки қонеъ кардани ариза оқибатҳои ҳуқуқӣ дорад.
Моддаи 51 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонеро, ки ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат карданро доранд, номбар накардааст. Омӯзиши таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки одатан модари кӯдак ба суд ариза пешниҳод менамояд. Аммо аз ҷониби шахсони дигар – васӣ (парастори) кӯдак, шахсе, ки кӯдак дар таъминоташ аст ва худи кӯдаки ба балоғат расида пешниҳод намудани ариза ҷой доштанаш мумкин аст.
Ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарӣ ба далелҳое эътибор додан лозим аст, ки эътирофи падарии шахси фавтидаро холисона тасдиқ менамоянд. Одатан таҷрибаи судӣ доир ба ин парвандаҳо нишон медиҳад, ки модари кӯдак бо шахси фавтида дар ақди никоҳи воқеӣ буда, муддати тӯлонӣ зиндагӣ намудааст. Ҳалномаҳои судҳо оид ба воқеияти эътироф намудани падарӣ бо далелҳои зиндагии якҷоя; таъминот ва тарбияи кӯдаки аз модар ва шахси фавтида таваллудшуда; гузаронидани тӯй; аксҳои рӯзи тӯй; нишондоди шоҳидон (ҳамсояҳо, хешутабори модари кӯдак ва шахси фавтида); номаҳои шахси фавтида дар бораи аз ҷониби ӯ эътироф шудани кӯдак; маълумотномаҳои идораи хонаҳо ва дафтари хоҷагӣ дар бораи дар нигоҳубини аризадиҳанда ва шахси фавтида будани кӯдак асоснок карда мешаванд.
Мақсади муқаррар кардани воқеияти эътирофи падарӣ ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати кӯдак нигаронида шудааст. Аввал ин ки ҳангоми эътироф кардани воқеияти падарӣ кӯдак дар бораи кӣ будани падараш огоҳ мешавад. Ҳалномаи суд асоси ҳуқуқии пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ – оилавӣ мегардад ва кӯдак асоси қонунӣ ба ҳуқуқи гирифтани нафақа бинобар гум кардани парастор, гирифтани мерос ва талаб кардан аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба дохил намудани навиштаҷот дар бораи падараш дар китоби сабтро пайдо менамояд.
Барои муқаррар кардани воқеияти эътироф кардани падарӣ, ғайр аз муҳлати зиндагии якҷояи модари кӯдак ва шахси фавтида, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, инчунин муҳлати ҳомиладоршавӣ низ таъсир мерасонад. Мумкин аст, ки онҳо чор, шаш моҳ, яъне то як сол якҷоя зиндагӣ карда бошанд. Аз ҳама далели муҳимаш он аст, ки ҳомиладории зан аз шахси худро падари кӯдак эътироф мекардагӣ буда, то фавти он шахс, яъне ҳангоми зиндагии якҷоя ба вуқӯъ омада бошад.
Моддаи 52. (Хориҷ карда шуд Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183).
Моддаи 53. Баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ)
1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кӯдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кӯдак аз шахсони дар он зикргардида буда он танҳо ба тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кӯдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кӯдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии падарӣ, модарӣ кӯдак, инчунин худи кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.
2. Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» падари кӯдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак намебошад.
3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кӯдак сабт шудааст ё шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ӯ сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс кунад. Агар то ин муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ ҳисоб шавад, муҳлати як сол аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Қисми якуми моддаи тафсиршаванда доираи шахсонеро муқаррар кардааст, ки ҳуқуқи баҳс кардани навиштаҷотро дар бораи падару модар дар дафтари сабти таваллуд ҷой доштаро доранд. Ба ин шахсон онҳое дохиланд, ки ба сифати падару модари кӯдак сабт шудаанд, падар ва модари воқеии кӯдак, васии падару модари кӯдак, худи кӯдак ҳангоми расидан ба балоғат, васии падар ва модари ғайри қобили амал эътирофгардида дохил шудаанд. Шахсони номбурда дар бораи беэътибор ҳисоб намудани навиштаҷот дар бораи падару модар (ё яке аз онҳо), ки дар дафтари сабти таваллуди кӯдак ҷой дорад, ба суд бо аризаи даъво муроҷиат менамоянд.
Даъвои падари кӯдак оид ба баҳси муайян кардани падарӣ, ҳангоме ки падарии ӯ ба таври ихтиёрӣ муқаррар шуда, сабт шуда бошад, қонеъ гардонда намешавад. Дар ин маврид қонун шарт гузоштааст, ки ин шахс дар лаҳзаи сабт медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак нест. Сарфи назар аз ин ҳолат, қонун чунин шахсро аз ҳуқуқи пешниҳод намудани даъво маҳрум намесозад. Суд дар мавриди баррасии парванда вобаста ба далелҳои ҷамъоварда ба як масъала эътибор доданаш лозим шавад. Ин ҳам бошад, ҳангоми ба расмият даровардани таваллуди кӯдак дар бораи огоҳӣ доштани шахсе, ки падари кӯдак сабт шудааст, дар бораи воқеан падари ҳақиқии кӯдак набуданаш маълум кардан аст.
Қисми дуюми моддаи тафсиршаванда муқаррар менамояд, ки талаби он шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар лаҳзаи таваллуд падари кӯдак сабт шуда бошад, дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳси падарӣ, қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак намебошад.
Қисми сеюми моддаи мазкур шартҳои муайяни муроҷиат ба суд оид ба баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ)-ро пешбинӣ намудааст. Қисми номбурда доираи муроҷиаткунандагони судро ба падар, модари кӯдак ва шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, маҳдуд сохтааст. Шахсони номбурда дар ду ҳолат ба суд муроҷиат карда метавонанд:
1) дар сурати фавти модар;
2) ҳангоми аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани модар.
Ҳангоми мавҷуд будани чунин шароит онҳо ҳуқуқ доранд, ки сабти дар дафтари таваллуди кӯдак бударо мавриди баҳс қарор диҳанд. Ҳуқуқи чунин муроҷиат дар давоми як сол аз он вақте ки ба даъвогар сабти гузаронидашуда маълум гардидааст, ё мебоист маълум гардад, бояд сурат гирад. Муқаррар намудани муҳлати муроҷиат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мавриди гузаронидани муҳлат бе сабабҳои узрнок асоси мустақили рад кардани даъво мегардад. Агар шахси падар ё модар сабтгардида (дар ҳамон маврид) ноболиғ бошад, аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани ӯ саршавии муҳлати яксола ба инобат гирифта мешавад.
(Давом дорад)