Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Чанор»

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

чанорБаъди ифтитоҳи бинои замонавии Нозироти андози шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр меҳмонхонаи «Чанор»-ро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.

Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёду таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.

Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ошёнаи аввал як китобхона бо 7 ҳазор китоб мавҷуд аст. Дар қисми дигари ҳамин ошёна, хамчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд. Дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари дӯзандагони моҳир, заргарон, ҳайкалтарошон, рассомон аз наздик шинос шуда, ба маҳорати онҳо баҳои баланд дод.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла сару либос тақдим кард.

www.president.tj