Ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

20836223528_a2fecc61e8_oПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти калони варзиширо ба истифода дод.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб соли 2013 бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопӯшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида буд, ки он дар давоми ду сол бунёд гардид.

Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии бино 50 ба 16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Дар асоси нақша ин иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комил-2010» аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тамоми шароити зарурӣ, сохта шудааст. Чунин ҳавзи шиноварии болопӯшида то ин муддат дар шаҳр вуҷуд надошт ва дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун маркази замонавии тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди истифода қарор гирифт.

Акнун баъди бунёди ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ варзишгарон дар тамоми фасли сол имкони сайқал додани маҳорати худро пайдо менамоянд.

Дар оянда бо истифода аз имконоти мусоид чорабиниҳои сатҳи баланд низ ташкил гардида, иштироки варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар хоҳад гашт.

Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шафати ҳавзи шиноварии болопӯшида бо гузоштани  санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии се бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва майдончаҳои футбол ва обутоби бадан оғози расмӣ бахшид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо биноҳои истиқоматӣ аз 9 то 12 ошёна дар асоси лоиҳаи муосир бунёд мегарданд. Бинои нуҳошёна аз 168 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки баъди ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои бунёди бинои истиқоматии нуҳошёна 20 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Фармоишгари асосии бунёди майдончаҳои футбол ва машқи бадан Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат дастур дод, ки иншооти банақшагирифташуда дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шавад.

www.president.tj