Ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№118 (3419) 04.09.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой як қатор дидору мулоқотҳо анҷом дод

Дуюми сентябри соли 2015 дар қароргоҳи Дяоюйтайи шаҳри Пекин  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Хитой Лю Шиюйро ба ҳузур пазируфт.

2Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфуз баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сол то сол муносибатҳои дӯстию ҳамкории мо сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои навро касб менамоянд ва иштироки фаъоли Бонки кишоварзии Хитой дар баробари дигар ниҳодҳои молиявию иқтисодии хитойӣ дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки кишоварзии Хитой дар асоси Созишнома «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» аз 13 сентябри соли 2014 бо маблағи 100 миллион доллари ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Маркази сармоягузорӣ ҷалби мутахассисону коршиносони бахши бонкдории тоҷик дар машваратҳои омӯзишӣ дар Хитой, маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳоро амалӣ кардааст.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки дар доираи ҳамкории миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» бо Маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Хитой масъалаи омода намудани барномаҳо барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди ҳамкориҳои судманди Бонки кишоварзии Хитойро бо дигар Бонкҳои Тоҷикистон, бахусус Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» низ зарур шуморид.

Таваҷҷуҳи махсус ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи кишвари мо, аз ҷумла гелоси Тоҷикистон ба Хитой зоҳир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳои судбахш баррасӣ шуданд.

***

Дуюми сентябри соли 2015 дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Корпоратсияи коркарди тиллои «Зиҷинг майнинг» Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

3Хотиррасон бояд намуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то имрӯз ба муваффақиятҳои калони истеҳсолию технологӣ ноил гардидааст.

Корпоратсияи коркарди тиллои «Зиҷинг Майнинг» аз соли 2007 то 1 январи соли 2015 дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» зиёда аз 277 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ, аз ҷумла техникаю технологияи навтарини соҳаро ворид намудааст.

Роҳбарияти ширкати хитойӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд ва гуфтанд, ки сарфи назар аз мушкилоти буҳронӣ корхона ояндаи наздик ду адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони «Тарор» истихроҷи маъданро ба роҳ мемонад.

Тавре иттилоъ доданд, бо истифода аз технологияи муосир ва самаранок истифода бурдани канданиҳои фоиданок, соли равон  дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» истеҳсоли маҳсулоти нав — хокаи мис ба роҳ монда шуд. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Дар оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад.

Ҳамчунин ба итмом расонидани асосноккунии иқтисодию техникии кони «Ҷилав» ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯйӣ бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст.

Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.

Ҳоло дар ин корхона 2260 нафар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2014-ум 131,6 фоиз зиёд аст.

Сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ Корхонаи муштараки «Зарафшон» аз соли 2009 инҷониб бо фоида фаъолият дорад.

***

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтси, ки рӯзи дуюми сентябри соли 2015 сурат гирифт, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

4Хотиррасон бояд намуд, ки Ширкати технологии «Хуавей» бузургтарин ширкати хитойӣ дар ин соҳа буда, зиёда аз 100 намояндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ дорад. Бо Тоҷикистон ҳамкории ин ширкат аз соли 2009 оғоз ёфта буд ва яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи «Шаҳри бехатар», яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Ғайр аз ин, Ширкати технологии «Хуавей» дар Тоҷикистон бо воридот, сохтан ва насби шабакаҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо) ва ғайра машғул аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинобар воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт ва ҳамчунин омода кардани мутахассисони тоҷикро барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуд.

Роҳбарияти Ширкати технологии «Хуавей» иттилоъ доданд, ки омодаанд дар Хитой даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони тоҷикро барои омӯзиш фаро гиранд.

Зимни суҳбат инчунин паҳлуҳои гуногуни идома ва густариш додани ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат муҳокима гардид.

***

Рӯзи дуюми сентябри соли 2015 ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Корпоратсияи «Чайна Глобал Технолоҷи» (China Global Technologi) — Ширкати коркарди маъдани тоҷикию хитойӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт.

5Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мавҷуд аст ва ҳамкорӣ бо Ширкати коркарди маъдани тоҷикию хитойӣ яке аз ҳадафҳои бобарор дар ин самт мебошад.

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ширкат корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18 декабри соли 2007 ба сохтмони корхонаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд. Ширкат корҳоро дар барқарорсозии кони «Зарнисор», «Пай-Булоҷ», сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обанбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ — маишӣ ва ғайра ҷоннок намуд. Мутобиқи ҳисоботҳо аз соли 2007 то 1 апрели соли 2015 ҳаҷми сармояи воридшуда аз ҷониби ҷамъият зиёда аз 121,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст.

Моҳи сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» ба имзо расонида шуд.

Мақсади ин санад ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда мебошад.

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дуюми сентябри соли 2015 ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой» Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.

7Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меоранд, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои хитойӣ, аз ҷумла  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой» ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металлҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» сармоягузорӣ карда мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» соли 2004 барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ ба муҳлати даҳ сол ва соли 2011 барои ҳуқуқи истихроҷи минтақаи омӯхташудаи кон ба муҳлати то соли 2030 иҷозатнома дода шудааст.

Аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» ба буҷети ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2015 ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ андозҳои давлатӣ пардохт шудааст. Айни замон шумораи кормандони он 1025 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 550 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой» ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ворид кардани маблағҳои зарурӣ ба тарҳҳои судманд изҳор доштанд.

***

Дуюми сентябри соли 2015 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ширкати «ЗТИ» (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқоти судманди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекоммуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ин дуюмин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, ки соли 1985 таъсис дода шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ филиали Ширкати «ЗТИ»  таъсис ёфта буд ва баъдан ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, тарҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.

Аз соли 2009 то инҷониб дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа амалӣ менамояд.

Дастгоҳи марказии ширкат дар Ҷумҳурии Халқии Хитой фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро бо саҳмгузории Ширкати «ЗТИ» дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додааст.

 

***

Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябри соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Губернатори музофоти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Сие Фу Ҷанро ба ҳузур пазируфт.

6Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон бо ин музофоти Хитой дар самти рушди бахши агросаноатӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти васеи ин музофот барои воридоти технологияи муосир, бунёди корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, дастрасии заҳрхимикатҳо барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар таҷҳизот барои коркарди маҳсулот ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.

Губернатори музофоти Хэнан аз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки барои шиносоии наздик аз имконоту дастовардҳои сокинони музофот ва таҷрибаи пешқадами онҳо бо сафари корӣ ташриф оранд.

www.president.tj