Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин

№118 (3419) 04.09.2015

1Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябри соли  2015 дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқот кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой барои даъват ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоиди имрӯза барои мулоқоту музокирот ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуд.

«Барои Тоҷикистон Хитой иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад», — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: «Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Хитой дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем».

Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мусоидати Хитой ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва афзалият додан ба ҳамкории байниминтақавӣ аз масъалаҳои муҳими мулоқот буд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва иродаи иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ карда, мулоқоти имрӯзаро як имкони муҳим ва мусоид барои муҳокимаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, инчунин дарёфти роҳҳои нави баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ кард.

Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Ҳукумати Хитой минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷониби Хитой кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим бо татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ  ҳамоҳангу ҳамқадам бошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Хитой-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Си Ҷинпин ҳамчунин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Хитой майдони фарох боз мегардад.

Раиси Хитой изҳор дошт, ки кишвараш ба созмон додани минтақаи озоди иқтисодии Хитой ва Тоҷикистон омода аст.

Аз ҷараёни татбиқи санадҳои қаблан баимзорасида ва натиҷаҳои муфиди мулоқоту музокирот дар сатҳи сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти минтақа, ҳамкорӣ барои пурзӯр кардани назорат дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон ва андешидани чораҳои муштарак оид ба коҳиш додани таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Пас аз анҷоми музокирот се санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҳияи Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкорӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ;

Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду санади дигар — Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки рушди Хитой ва Созишномаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Хитой доир ба сохтмони комплекси агросаноатӣ ба имзо расид.

www.president.tj