Рӯзҳои панҷум — ҳафтуми сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» се чорабинии муҳими фарҳангӣ — Симпозиуми байналмилалии илмии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ, Намоишгоҳи V байналмилалии «Китоби Душанбе» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар симпозиум баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз олимону муҳаққиқони осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар доираи ҷашни 700 — солагии ин алломаи бузурги илму ирфон давоми се рӯз Намоишгоҳи V байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, зиёиёни кишвар ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд. Давоми се рӯзи баргузории Намоишгоҳ китобҳои тозанашри муассисаҳои интишоротии дохиливу хориҷӣ муаррифӣ карда шуд.
Директори Намоишгоҳи V байналмилалии «Китоби Душанбе» Абдуфаттоҳ Мираҳмедов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар ин намоишгоҳ 70 ширкати ноширӣ аз Тоҷикистон ва нуҳ ширкат аз хориҷи кишвар иштирок доштанд. Инчунин зиёда аз 6 ҳазор номгӯйи китобҳои тозанашр бо теъдоди 47 ҳазор нусха пешкаши дӯстдорони илму фарҳанг гардонида шуд.
Бино ба гуфтаи номбурда Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» барои густариши ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои интишоротии ватанию хориҷӣ, баланд бардоштани сифату самарабахшии фаъолияти ноширӣ, барқарорсозии иртиботи корӣ байни ноширон, иттиҳодияҳои савдои китоб, китобдӯстону китобшиносон аҳамияти калон дорад. Бахусус барои ҷалби аҳли ҷомеа ба китобдӯстию донишандӯзӣ, тарғибу ташвиқи китобҳои тозанашр мусоидат карда, роҳҳои минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои табъу нашрро муайян менамояд. Дар охир тибқи Низомномаи Намоишгоҳ Кумитаи тадорукот барои ноширони ватанӣ аз рӯи панҷ номинатсия — беҳтарин ороиши китоб, беҳтарин китоби илмӣ, беҳтарин китоби бадеӣ, беҳтарин китоби дарсӣ ва беҳтарин китоби бачагона озмун доир намуд ва ғолибони муассисаҳои табъу нашри кишвар бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи ин Намоишгоҳ бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар саҳни Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Беҷода Гуленова, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода ва дигар меҳмонони олиқадр ширкат доштанд.
Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Беҷода Гуленова иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» дар ду давр баргузор гардид: даври аввал аз моҳи март то охирҳои моҳи августи соли равон дар сатҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронда шуд ва аз дуюм то чоруми сентябри соли равон даври дуюми озмун бо иштироки ғолибони даври якум дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҳузури меҳмонон ғолибони озмун бо шоҳҷоиза, мукофоту дипломҳо қадрдонӣ шуданд. Озмуни мазкур аз се номинатсия — «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» иборат буд.
- Ҳадафҳои асосӣ аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» эҳёи суннатҳои китобдӯстии халқи тоҷик, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, баҳрабардории ҳар чӣ бештар аз ганҷинаи бебаҳои ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ин чорабинӣ волидайнро муваззаф менамояд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия кунанд. Инчунин озмун дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҷалби бештари онҳо ба мутолиаи китоб нақши муҳим дошт, — гуфт Беҷода Гуленова.
Дар хотима бо иштироки ҳунарпешагон барномаи консертӣ баргузор гардид.
Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»