Лаҳзае, ки мо ба маҳаллаи навбунёди деҳаи Дараи Мазори деҳоти «Лангари шоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод омадем, кор дар ҷӯшу хурӯш буд. Ёдовар мешавем, ки 24 июли соли равон дар натиҷаи фаромадани сел деҳаи Дараи Мазор хисороти зиёд дида буд. Аз ҷумла даҳ сокини ин деҳа аз хонаву дар маҳрум шуданд. Тибқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як канори деҳа барои онҳо 1,20 гектар замин ҷудо намуданд ва аз Фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Сарвари давлат тамоми масолеҳи бинокорӣ бо мақсади бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ барои осебдидагон оварда шуд.
Раиси ноҳия Ҳусейн Ализодаро дар назди биное, ки сохтмонашро шуъбаи маорифи ноҳия назорат менамояд, пайдо кардем, ки дар бар либоси корӣ ҳамроҳи сохтмончиён суҳбат дошт.
- Кормандони шуъбаи маорифи ноҳия аввалин шуда, боми биноро пӯшонданд,- баъди вохӯрӣ гуфт раиси ноҳия. – Ба онҳо барои масъулиятшиносӣ арзи сипос менамоям.
Дар ин мавзеъ кор хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз намояндагони тамоми деҳаҳои ноҳия барои ёрӣ меоянд ва ба сохтмончиён барои ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонидани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ кумак менамоянд.
Мо ба назди бинои маорифчиён омадем, ки онҳо акнун ба тунукапӯш намудани боми хона оғоз мекарданд. Чанд нафар даруни хонаҳоро андова мекарданд. Баъди ошноӣ бо кори сохтмончиён маълум шуд, ки устоҳои номдори ноҳия ин ҷо ҷамъ омада, ба чанд гурӯҳ тақсим шудаанд. Қисме болои бом кор мекунанду қисми дигар даруни ҳуҷраҳоро ба тартиб меоранд, андова мекунанд, дару тиреза мешинонанд. Дар ҳар як хона ду — се гурӯҳ машғули кор буданд.
- Барои мардум кор мушкил нест,- гуфт сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Қурбоналӣ Талбонов,- мушкил пайдо кардани масолеҳи бинокорӣ буд. Шукрона ин мушкилро сари вақт Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳал кард. Тибқи дастури Роҳбари давлат тамоми масолеҳи зарурӣ барои ҳар як хона оварда шудааст. Мо — мардуми ноҳияи Тоҷикобод ҳафт пуштамонро насиҳат мекунем, ки ҳамеша хизматҳои Ҷаноби Олиро фаромӯш накунанд. Кишоварзони ноҳия бунёди як хонаи истиқоматиро ба уҳда гирифтаанд. Имрӯз тахтаи болои бомро мезананду пагоҳ тунукаашро. Корҳо дар қисмати даруни бино қисман иҷро шудаанд. Ният дорем, ки то сар шудани мавсими ҷамъоварии картошка сохтмонро пурра ба итмом расонем.
- Коргарон ҳар рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд,- гуфт дар суҳбат сардори ситоди сохтмон, муовини раиси ноҳия Аброр Ғафуров. — Музди меҳнати устоҳоро низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пардохт менамояд. Тамоми шароит барои сохтмончиён фароҳам оварда шудааст. Давоми ду рӯзи оянда кор дар боми ҳамаи хонаҳо тамом мешавад. Дар даруни хонаҳо кор кардан барои устоҳо осон аст. Тағйироти боду ҳаво ба онҳо халал намерасонад. Барои даҳ хоҷагӣ аз ҳисоби Агроаксияи Олмон ҳоҷатхонаҳо сохта шуданд. «Ҳайати шафқат» хатти оби нӯшокиро кашида овард. Умуман, қариб 85 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Раиси ноҳияамон Ҳусейн Ализода аксари вақти холиашро ин ҷо мегузаронад. Ҳатто баъзе маърака ва чорабиниҳоро низ дар сари кор мегузаронем. Умед дорем, ки пеш аз муҳлати муқарраршуда сохтмонро ба анҷом мерасонем ва то расидани рӯзҳои сарди тирамоҳ мардуми зарардида ба хонаҳои нав мекӯчанд.
-Тибқи нақша бояд аввали моҳи октябр корро анҷом диҳем, аммо бовар дорам, ки то 20 сентябри соли равон бунёди хонаҳо пурра ба анҷом мерасад,- гуфт раиси ноҳия Ҳусейн Ализода. — Аз фурсати дастдода истифода бурда, мехостам ба воситаи рӯзномаи «Садои мардум» ба онҳое, ки рӯзҳои сахт моро дастгирӣ намуданд, изҳори миннатдорӣ намоям. Мо дар ин рӯзҳои душвор дастгирии тамоми мардуми кишварро эҳсос намудем. Пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, умуман ба ҳамаи роҳбарияти ҷумҳурӣ арзи миннатдорӣ менамоем. Бояд мардум бидонанд, ки Сарвари давлатамон лаҳзае моро фаромӯш намекунанд. Оид ба кори ҳаррӯзаи мо маълумот дорад ва пайваста маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Мушкилиҳои пешомадаро сари вақт ҳал менамоянд. Мардуми ноҳияи Тоҷикобод пайваста аз некиҳои Президенти кишвар ёд мекунанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум».
Суратгир
Мирзосафар РИЗВОНОВ