Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Шоми рӯзи 5 сентябри соли 2015 байни Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия  Владимир Путин суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Сарвари Россия баъди иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон тайиди комили ҷониби Россияро бо саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт.

Президентҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки ҳангоми вохӯрии сарони кишварҳои Созмони Аҳдноми Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, мулоқот намоянд.

Суҳбат дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт.

www.president.tj