Гузоштани санги асоси бинои Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

КонсулгариСубҳи рӯзи 7 — уми сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошт.

Ин иншоот дар маркази шаҳри Душанбе дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз нуҳ ошёна иборат хоҳад буд. Фармоишгар — Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки бино бо сифати хуб дар муҳлати як сол, то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шавад.

Маблағи пешакии сохтмон тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ 43 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Раёсати консулгарӣ бо тарҳи зебои меъмории миллӣ ва бо сангҳои ороишӣ сохта мешавад.

Дар ошёнаҳои раёсат утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳои раёсат, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар ҳама фасли сол муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин мегардад. Ба ғайр аз утоқҳои барҳавои корӣ, ки бо шароити замонавӣ барои коргузорӣ бунёд мешавад, дар таҳхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои мошинҳои коргарон, анборхона, зеристгоҳи барқӣ ва дигар утоқҳои техникӣ ҷойгир мегардад.

Дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, қабули муштариён бо 134 ҷой ва ҳашт утоқи иҷозатномадиҳӣ бунёд мешавад.

www.president.tj