Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоруми сентябри соли 2015, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз ба таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки дар қатори дигар ниҳодҳои давлатдорӣ ва сохтору мақомоти низомӣ яке аз беҳтарин самараҳои истиқлолият буда, ҷузъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад, бист сол пур мешавад.
Ба муносибати ин санаи фархунда ҳамаи афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии гвардияро шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар иҷрои масъулияти муқаддасу пуршарафи касбӣ, яъне таъмини амнияту оромии ҷомеа, дастовардҳои истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат муваффақият орзу менамоям.
Гвардияи миллӣ воҳиди махсусе мебошад, ки дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад
Он дорои иқтидори комил ва омодабошии баланд буда, ҷиҳати ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии давлат, ҳифзи амнияти милливу давлатӣ, иштирок дар муҳофизати иншооти муҳими давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин барои иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти мамлакат гузошта мешаванд, таъсис дода шудааст.
Мо ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки кишварамон дар вазъи ниҳоят вазнину ҳассос қарор дошт.
Бинобар ин, ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар марҳалаи аввали ташаккулёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори гвардиячиро бо нишон додани намунаҳои беҳтарини ҷасорату ҷавонмардӣ ҳифз намуд.
Имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки Гвардияи миллии мо дар солҳои мавҷудияти худ дар бисёр набардҳои сангин фаъолона иштирок кард ва ҳайати шахсии он фидокориву шуҷоат нишон дода, барои таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа саҳми сазовор гузошт.
Ҳайати шахсии он то имрӯз ба Ватан ва халқи худ ҳамчун кафили суботу оромии ҷомеа ва муҳофизони марзу буми кишвар вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро карда истодааст.
Фаъолияти бистсолаи Гвардияи миллӣ собит месозад, ки он ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои ба халқу миллат содиқу вафодор табдил ёфтааст ва хизмат дар сафҳои он мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Аз рӯи рисолати худ хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва намунаи ибрат бошанд.
Ин рисолати бузург ва масъулияти баланди ватандориро дар сурате сарбаландона иҷро кардан имконпазир аст, ки агар ҳар як афсар ва сарбози Гвардияи миллӣ мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру қимати Истиқлолияти давлатӣ ва дигар арзишҳои неки миллиро амиқан дарк намояд ва вазифаҳои хизматиашро содиқонаву софдилона ба иҷро расонад.
Бояд гуфт, ки шуҷоату мардонагии гвардиячиёни тоҷик идомаи корнамоиву фидокории ҳазорон нафар родмардони сарзамини аҷдодиамон мебошад, ки хизмат кардан ба марзу бумро рисолати мардонаву меҳандӯстона ва хизмат ба падару модар медонистанд.
Зеро ҳимояи халқу сарзамин ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим ва аввалин давлатҳои миллии мо дар рӯҳу равони низомиён ташаккул додани хислатҳои далериву шуҷоатмандӣ ва чусту чолокӣ яке аз шартҳои асосии пирӯзӣ ба ҳисоб мерафт.
Тавре ки дар қадимтарин сарчашмаи таърихии миллати мо — китоби «Авасто» омадааст: «Марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд, зеро ӯ гумони нек дорад ва марди далеру қавӣ дар корзор қуввати дили дигарон мебошад ва аз корзор намегурезад».
Бинобар ин, фарзандони бонангу номуси Ватан, бахусус хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки тавоноии давлат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз ғайрату матонат ва хизмати содиқонаи ҳар як фард, аз ҷумла ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вобаста буда, ин масъулияти бузургро танҳо тавассути риояи қатъии оинномаҳои ҳарбӣ, сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ ва салоҳияти касбӣ, инчунин зиракии сиёсӣ ва иродаи мустаҳкам ба ҷо овардан мумкин аст.
Ҳозирини арҷманд!
Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи бист сол бо мақсади ба сохтори низомии касбӣ табдил ёфтани Гвардияи миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии он бисёр тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Аз ҷумла заминаҳои ҳуқуқиву ташкилии фаъолияти Гвардияи миллӣ тибқи меъёрҳои муосир фароҳам гардида, воҳидҳои таъиноти махсуси он бо иншооти зарурӣ ва техникаву воситаҳои замонавии пешбурди амалиёти ҷангӣ таъмин карда шуданд.
Бояд гуфт, ки хизмати содиқона ва фидокориҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат борҳо қадрдонӣ гардида, барои хизмати содиқонаву софдилона садҳо нафар афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Мусаллам аст, ки сатҳи баланди касбии ҳайати шахсии низомиён, дар навбати аввал, аз сатҳу сифати таълиму тарбияи афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ, машқҳои ҳарбиву варзишӣ ва дарки баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбӣ дар назди Гвардияи миллӣ Маркази таълимӣ таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар курсҳои он донишу маҳорати касбии худро такмил додаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза Гвардияи миллӣ ҳамчун ҳомии дастовардҳои истиқлолият, такягоҳи давлат ва кафили суботу оромии ҷомеа дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, амалҳои террористӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад ва дар ин самт ба дӯши он масъулияти басо мураккабу душвор гузошта шудааст.
Зарур аст, ки ба хотири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мавҷуда фаъолияти ҳайати фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар ва ҳамкории ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам таҳким бахшида шавад.
Вобаста ба ин, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Гвардияи миллӣ ҳамкории мутақобила бо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буда, дар баробари иштирок дар машқҳои муштарак, инчунин густариш бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми воситаву имконият барои беҳтар намудани шароити фаъолияту зиндагии хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратманд ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла вазъи таъминоти хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ хеле беҳтар гардидааст. То имрӯз аллакай қариб 500 оила аз чунин ғамхории Ҳукумати кишвар баҳравар шудаанд.
Дастгириву ғамхориҳои Давлату Ҳукумат хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллиро водор месозад, ки барои баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва мардуми кишвар, риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пуршарафи худ дучанд саъю кӯшиш намоянд.
Зеро хизмати ҳарбӣ аз ҳар як низомӣ, пеш аз ҳама, интизоми қатъӣ ва риояи ҳатмии тартибу низом, поквиҷдононаву бенуқсон иҷро намудани уҳдадориҳои хизматиро талаб менамояд.
Дар робита ба ин, роҳбарияти Гвардияи миллиро зарур аст, ки дар бобати пурзӯр намудани риояи қонуният ва талаботи оинномаҳои низомӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, боз ҳам ҷоннок гардонидани корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, ифтихори миллӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва зуҳуроти коррупсионӣ мунтазам чораҷӯйӣ намояд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар шароити имрӯза тарбияи кадрҳои дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ, баландихтисос ва поквиҷдону ватандӯст, инчунин баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ дар самти истифодаву идоракунии таҷҳизоту техникаи навтарин аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳайати фармондеҳии он мебошад.
Дар баробари ин, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти тамоми сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ мебошад.
Дӯстони азиз!
Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлату давлатдории миллӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем.
Бори дигар таъкид менамоям, ки шумо идомадиҳандагони кору пайкори ҳазорон нафар родмардони шуҷои Ватани азизамон ҳастед.
Фаромӯш накунед, ки барои муҳофизи ҳақиқии Ватан будан меҳру садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ҷасорату матонат, донишу таҷриба ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ зарур аст.
Шумо вазифадор ҳастед, ки аз воқеаҳои сиёсиву таҳаввулоти ҷаҳони муосир огоҳ гардида, ҳамеша кӯшиш кунед, ки ба номи бошарафи гвардиячӣ сазовор бошед.
Шумо бояд фаъолияти худро тавре ба роҳ монед, ки ҷавонони мо ба ҳимояи марзу буми Ватан бо ифтихори миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва ҳамчун қарзи фарзандӣ муносибат намоянд.
Итминони комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ савганди ёдкардаи худро ҳамеша пос медоранд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон минбаъд низ содиқона хизмат мекунанд.
Бори дигар ҳамаи шумо – муҳофизони далеру ҷасури Ватанро ба муносибати 24-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва бистсолагии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, рӯзгори орому осуда ва барои Тоҷикистони азизамон сулҳу субот, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту ободӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни шуҷои Ватан!