Ниёиш

№121 (3422) 09.09.2015

Истиқлол!

Ту он мурғи бахт ҳастӣ, ки даври сари ҳазорон қавму миллатҳои олам мечархию болои сари яке менишинӣ.  Аз қадами мубораки ту миллате соҳибватан мегардад, хокдони бобоиашро соҳиб мешавад. Файзу баракат, сарвату неъмат, шодию сурур насиби мардуми фархундафол мегардад. Зиҳӣ он миллате, ки парчами бахтофарини ту болои кишвари ӯ парфишонӣ мекунад!

Истиқлол!

Ту он фариштаи иқбол ҳастӣ, ки муждаи омаданат ба тан ҷон, ба сар ақлу ба ҷисм тавон мебахшад ва мардум ба пуштманзари вожаи «озодӣ» сарфаҳм мераванд, лаззати онро мечашанд, ҳақиқати онро дарк мекунанд.   Ва соатҳо намози шукрона мегузоранд, сар ба саҷда мебаранду хоки муқаддаси Ватани азизро бӯса мезананд.

Истиқлол!

Ҳар сол рӯзи мавлудатро интизорӣ мекашам, мехоҳам ҳар соату ҳар замон ҷашн бигирам он рӯзи саидро. Он рӯзро, ки ҳафт пушти ман бо умеди омаданаш зистаанд ва армон дар сина падруд гуфтаанд олами равшанро. Мехоҳам ба гӯши ту таронаи муҳаббатро бихонам. Таронае, ки аз рӯзгори як марди ҷонфидо қисса мекунад. Марде, ки тавонист як қавми ба мисли чашмаҳои кӯҳистон парешону саргардонро ба ҳам биёрад ва ба як дарёи бузургу тавоно табдил диҳад, кишвари ба сони ҷомаи гадоён пора-пораро руфӯ кунад, як миллату як давлати ягона бисозад. Марде, ки тамоми ҳастиашро вақфи ободии кишвар ва саодати миллат намудааст. Марде, ки ба хотири ту ва миллати азизи худ дар сангари нангу номус мардона набард мекунад, хастагиро пай намебарад. Пайваста ранҷ мекашад, то мулк обод бошаду мардум дилшод.

Зиҳӣ миллате, ки Модар барояш чунин фарзанди фаррухпайро ба олам овардааст!

Истиқлол!

Ин соат мехоҳам барои ту намози шукрона бигузорам. Шукронаи давлати соҳибистиқлол, шукронаи неъмати Худодода, шукронаи Ватани ободу миллати сарбаланду накӯахтари хешро. Шукронаи пешвои бузургу фарзандони баномуси Ватани азизро.

Истиқлол!

Бо омад-омади рӯзи мавлудат Тоҷикистони азизи ман гул кардааст. Диёри биҳиштосои ман таъна ба Чамбули мастон мезанад. Ин шом ба тамошои як шаҳраки кӯчаки он, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида дар як канори дури дунё ҷой гирифтааст, баромадам. Шаҳраке, ки ба як шаҳри зебову ороста табдил ёфтааст. Ба арӯси нозанине шабоҳат дорад, ки бо ҳусну ҷамоли худ дили хурду бузургро мафтун менамояд. Ин аз қадами мубораки туст.

Истиқлол!

Имрӯз фарзандони ту ба ояндаи худ ва ояндаи кишвари азиз бовар доранд. Бовар доранд, ки барои ояндагон як мамлакати пешрафта, мулки ободро бо шаҳрҳои пероста ва деҳу деҳкадаҳои обод мерос мегузоранд. Мамлакате, ки бо ҳусну тароваташ шоҳбайти шаҳру кишварҳои олам хоҳад шуд.

Истиқлол!

Пойдории ту ва ободии майҳани азизи мо ба ваҳдати миллӣ иртибот дорад. Шукри Худованд, ки имрӯз тамоми сокинони кишвар ин ҳақиқатро дарк кардаанд. Пай бурдаанд, ки танҳо Ваҳдату Ягонагӣ моро ба қуллаи мурод мерасонад.

Зиҳӣ миллате, ки ба қадри Ваҳдату Ваҳдатофар мерасад!

Истиқлол!

Ман кишвари азизи худро дӯст медорам ва дар дили шаб сар ба саҷда мебараму ниёиш мекунам:

Тоҷикистон-сарзамини пур  аз афсонаи мо,  ту ифтихор, ту имрӯзу фардои миллати бузург ҳастӣ.

Тоҷикистон — Модари азизи мо, ту хонаи умеди тамоми мардуми тоҷикзабонони дунёӣ. Тоҷикон дар кадом гӯшаи дунё зиндагӣ кунанд, боифтихор ва шукрона мегӯянд: «Мо мардуми соҳибватан ҳастем».

Аслан мардуми  мо миллати соҳибиқбол аст, зеро Худованд дар рӯи замин барои онҳо ҷаннатулмаъворо арзонӣ доштааст.

Истиқлол!

Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст. Мо ба пуштманзари ин ҳикмати бузург хеле барвақт сарфаҳм рафта будем. Ва ниёгони мо ба хотири давлати озоду Ватани обод дар дили шаб  гиристаанд. Аз замоне, ки давлати Оли Сомон аз даст рафт, ормон дар дили ниёгон таги хок рафтанд.Баъди ҳазор сол Худованд дуои бандагони худро иҷобат намуд. Барои мо бахтеро насиб гардонд, ки ниёгон дар орзуи диданаш нури чашмро аз даст додаанд.

Сар аз саҷда мебардораму дуо мекунам:

Тоҷикистон,

Тоҷикистон, эй Хуросони навин,

Модари ҷон, пораи хулди барин.

Шукр гӯям, шукри Истиқлоли ту,

Эй диёри мардуми сулҳофарин.

Тоҷикистон- ҳайрати соҳибватанҳо,

Тоҷикистон- ормони беватанҳо.

Тоҷикистон- нақди аз каф рафтаи авлоди Сомон,

Каъбаи тоҷикзабонон, қиблаи уммедворон.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»