Исо Раҳим,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Тоҷикистон, нури истиқлоли ту,
Омад аз иқболи ҳар як соли ту,
Нағз омад фоли ту.
***
Осмон бахти сафедат офарид,
Пардаи шабҳои ғафлатро дарид,
Офтоби нав дамид.
***
Офтоби нав бароят сулҳ буд,
Нури онро ҷо намудӣ дар вуҷуд,
Иқтидоратро фузуд.
***
Нури Ваҳдат бар сарат тоҷе ниҳод,
Дастагул аз кӯҳи вартоҷе ниҳод,
Минбари оҷе ниҳод.
***
Нури ҳар ду дидаи ту ваҳдат аст,
Замзами ояндаи ту ваҳдат аст,
Зодаи ту ваҳдат аст.
***
Сад Бухоро рост кардӣ дар дилат,
Тоҷики олам биёмад маҳфилат,
Ҷамъ шуд обу гилат.
***
Оли Сомонат Душанбешин шудаст,
Осмони шаҳрро Парвин шудаст,
То абад сокин шудаст.
***
Бар ҷаҳон гӯӣ, ки дар сабки дарӣ,
Рӯдакӣ бар шоирон зебад сарӣ,
Гар ба шеъраш бингарӣ.
***
Ҷашн дорад ҳамраҳат халқи ҷаҳон,
Зодрӯзи Рӯдакии тоҷикон,
То забон монад ҷавон.
***
Рӯдакиро боғ додӣ, манзара,
Ҳайкале гардид дар боғи сара,
Шаҳр нозад яксара.
***
Пойтахтат шуд биҳишти ин замин,
Сидраи вақт аст дар арши барин,
Дидаҳоро шуд нигин.
***
Нурхезият раҳи Анзоб сохт,
Дидаи Анзобро беоб сохт,
Нақбро бехоб сохт.
***
Дӯстӣ ин нақби дунёро кушод,
Тоҷику эронӣ бунёдаш ниҳод,
Халқро бинмуд шод.
***
Роҳи дилҳо ном додаш халқи ту,
Синаҳоро гарм созад гуфтугӯ,
Ранҷ орад обрӯ.
***
Роҳи оҳан то ба Ёвонат расид,
Хони неъмат бас зи Қӯрғонат расид,
Мадҳи давронат расид.
***
Аз гиреҳи роҳҳо берун задӣ,
Дар кушоди ҳар гираҳ нохун задӣ,
Сохтан қонун задӣ.
***
Аз миёни кӯҳсору ағбаҳо,
Рафт Чин ҳамвор мошин роҳҳо,
Нақлу ҳамли борҳо.
***
Барқхона кардаӣ ту Вахшро,
Дар кушоӣ боз садҳо нақшро,
Ром кардӣ Рахшро.
***
Файзи Истиқлоли ту чун чашмасор,
Аз дили ҳар санг ҷӯшад нуру кор,
Ҳамчу Норак нурбор.
***
Тоҷикистон нури дарёҳои ту,
Офтоби хонаи дунёи ту,
Ваҳдати яктоӣ ту.