23 январи соли 2015 Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.
1 марти соли 2015 Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуд.
17 марти соли 2015 Ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.
27 марти соли 2015 Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
17 апрели соли 2015 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии гази «Осиёи Марказӣ-Хитой» оғоз бахшиданд.
9-11 июни соли 2015 Дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) доир гардид.
9 майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Сурх»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия Паради ҳарбиро бахшида ба 70-умин солгарди «Ғалаба» бар фашизми гитлерӣ мушоҳида намуд.
30-31 марти соли 2015 Дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 «Эстафетаи хотира» доир гардид.
13 сентябри соли 2014 Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мошини дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба кор даромада, сохтмони навбати дуюми он оғоз гардид.
17 апрели соли 2015 Дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
12 ноябри соли 2014 Дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори истеҳсоли солонаи 1,2 миллион тонна семент хоҳад буд.
19 декабри соли 2014 Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.
15 майи соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмони нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон оғоз бахшид.
3 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Пекин доир гардид, ширкат варзид.
1 сентябри соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои «Рӯзи дониш» ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
23 апрели соли 2015 Дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пули 108-метраи мошингузар ва роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
24 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба сохтмони се корхонаи азими саноатии истеҳсоли семент, шиша ва сафол (кафел) оғоз бахшид.
20-21 марти соли 2015 Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҷашн гирифта шуд.
12 ноябри соли 2014 Дар деҳоти «Чоргул»-и ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шурӯъ кард.
21 марти соли 2015 Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти Қасри фарҳанги ноҳия ифтитоҳ бахшида шуд.
22 августи соли 2015 Аввалин бор дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оши палав»-ро барои сабт намудан ба феҳристи ЮНЕСКО ҳамчун фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод намудааст.
28 июли соли 2015 Дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфт.
28 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғуҷовасти деҳоти «Рованд»-и ноҳияи Ванҷ ба оғози фаъолияти корхонаи коркарди ангат асос гузошт.
29 июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барҷангалаки ноҳияи Роштқалъа бо гузоштани санги асос ба бунёди НБО «Себзор» оғоз бахшид.
30 июли соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзиширо барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд.
31 августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар барномаи рангини ҳунарӣ бахшида ба таҷлили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
7 сентябри соли 2015 Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи саноатии «Гулоб», як ҳунаристони замонавӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва муассисаи таълимии №100 ифтитоҳ гардид.