Дар давоми 24 соли соҳибдавлатӣ Тоҷикистон бо пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушода тавонист, ки бо аксари давлатҳои дунё робитаҳои мустақими ногусастанӣ барқарор намояд. Дар ин самт фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ хеле назаррас аст. Имрӯз бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёре аз парламентҳои кишварҳои дунё, аз қабили Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Франсия, Литва ва Латвия гурӯҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ таъсис додааст.
Ҳамзамон барои иштирок дар чорабиниҳои созмонҳои бонуфузи байнипарламентии умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ гурӯҳҳои миллии парламентӣ ва намояндагии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Ташкилоти Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Осиёӣ ва Иттиҳоди парламентии Созмони Ҳамкории Исломӣ ташкил карда шудаанд.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия институти комилан нави парламентаризми муосир – Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» таъсис ёфт, ки он мақоми доимоамалкунандаро гирифт. Форуми мазкур то ин дам чор маротиба — моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе, сентябри соли 2007 дар шаҳрҳои Москва ва Оренбурги Федератсияи Россия, октябри соли 2008 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва октябри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин форумҳо тавассути дастгирӣ ва имкониятҳои мақомоти қонунгузории олии кишварҳо ҷиҳати мусоидат ва густариши муносибатҳо ва ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия саҳми арзанда гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки дар самти густариши робитаҳои байнипарламентӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун парламенти касбӣ ва доимоамалкунандаи мамлакат имкониятҳои бештареро доро мебошад. Аз ин ҷост, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо 32 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ташкил намудааст. Ҳоло ба узвияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ даҳ нафар, ба Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ се нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Парламенти Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Ассамблеяи парламентҳои Осиё, Иттиҳоди парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таъсис ёфтааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба сифати раис ва муовинони раисони ин комиссияҳо низ интихоб гардидаанд. Аз ҷумла М.Ватанов ҳамчун раис, Ш.Раҳимзода ва А.Холиқзода ба сифати муовинони раисони ин комиссияҳо пазируфта шудаанд. М.Сабурзода бошад, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ интихоб гардидааст.
Бо мақсади беш аз пеш тақвият бахшидан ба муносибатҳои байнипарлумонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров давоми соли ҷорӣ сафирони як қатор давлатҳоро, аз қабили Конфедератсияи Швейтсария, Британияи Кабир, Давлати Фаластин ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ – Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба ҳузур пазируфт. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбарии раиси вилояти Ҳамадон мулоқот намуд, ки дар ҷараёни ин мулоқотҳо бештар масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд. Дар ҳамин робита муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Азизӣ низ бо иштироки раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Ҷ.Маҷидзода ва А.Холиқзода бо роҳбари Лоиҳаи бунёди «Ҳаннс Хайдел»-и Ҷумҳурии Олмон оид ба омода намудани магистрантҳо бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳамин тариқ, вохӯриҳои аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Вулуси Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аъзоёни Гурӯҳи ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Аврупо ба вуқӯъ пайвастанд. Ба изофа, дар давоми соли 2015 роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар аксар чорабиниҳои байнипарлумоние, ки дар хориҷи мамлакат баргузор шуданд, фаъолона ширкат варзиданд.
Барои мисол танҳо ёдовар мешавем, ки аз 29 –уми август то 5 сентябри соли 2015 ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қарор доштанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар конфронси мазкур дар мавзӯи «Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ намуд.
Тавре мушоҳида мешавад, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти парламенти Тоҷикистон дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ бо парламентҳои кишварҳои гуногуни дунё дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз тақвият ёфта истодаанд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»