9 сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дар таърихи давлатдории миллӣ бо хатти заррин сабт гардид. Аз лиҳози моҳият ин санаи фархунда яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Баъзан андешаҳое садо медиҳанд, ки гӯё мардуми Тоҷикистон муфт соҳибистиқлол гардида бошанд. Ин андеша комилан нодуруст аст. Суханони Роҳбари давлатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бобати он ки «Ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад», посухи сазовор ба андешаҳои чунин нафарон аст. Аз ин нуқтаи назар кулли тоҷику тоҷикистониён Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварро бо шукрона арҷгузорӣ мекунанд. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки ҷаҳони муосир бо таҳаввулоти зиёд мувоҷеҳ аст. Аз ин рӯ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо дар ақсои олам ба авҷи аълои худ расидааст, ки дар заминаи он баъзе кишварҳо «қурбонӣ» шуда истодаанд. Эътироф бояд намоем, ки хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он баъзе кишварҳои «дӯст» ва гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ «равған» мерехтанд, аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ ва ғайраҳо на ба ҳар шахсият муяссар мегардад. Ин рисолати таърихиро Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сомон расонида, собит намуд, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад, зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои Давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории ин абармард ғояи истиқлолият ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо буду ҳаст. Танҳо азми қавӣ ва нияти неки Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки ин раванд муваффақона идома ёбад. Яъне, масъалаи наҷоти миллати тоҷик ин абармардро водор кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, зиндагии хуррами имрӯзаи ҳамватанонамонро таъмин созад. Ҳамватанони азиз бояд хуб дарк намоянд, ки ин ҳама осон ба даст наомадааст. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон мо бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии миллатамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона собитқадамем.
Дар давоми бисту чор соли соҳибихтиёрӣ мо тавонистем раванди худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонем. Дар ҳамин замина, шароит фароҳам омад, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бо сарфарозӣ худро фарзанди миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ва соҳибдавлати тоҷик муаррифӣ карда, аз Ватану ватандорӣ ва аз рамзу муқаддасоти миллии хеш ифтихор намояд. Ҷоннисориҳо, аз худ гузаштанҳо ва заҳмати шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам оварданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимият барқарор шуда, амалан дар ҷойи холӣ Артиши миллӣ таъсис ёбад ва ташкили шохаҳои нави ҳокимият, дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шурӯъ гардад.
Бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории мо саҳифаи наве оғоз ёфт ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд. Минбаъд такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо имкон фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти думаҷлиса таъсис дода шавад. Инчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид. Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дуюмин давлате буд, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард.
Тавре зикр шуд, ҷаҳони муосир дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаб қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ба чашм мерасанд ва метавонанд ба пояҳои давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ хатар эҷод намоянд. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд, ки таъкиди Роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон — «аз даст надодани зиракии сиёсӣ» дар шароити кунунӣ хеле муҳиму саривақтӣ буда, аз таҳлили ҳамаҷониба ва ояндабинии хирадмандона маншаъ гирифтааст. Воқеан, мадди назар доштани ин таъкид аз ҷониби ҳар як шаҳрванди мамлакат зарур аст, зеро имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ раванди бо истифода аз неру ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути амалҳои террористиву ифротгаройӣ, тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба умури дохилии давлатҳои мустақил густариш пайдо кардааст. Чунин шароит ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошад.
Шахсони огоҳ медонанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари мусоидат кардан ба пешрафти илму техника, кашфиёти технологӣ, рушди босуръати иқтисодиёт ва ҳамгиройии кишварҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатҳое, ки тараққиёти устувор надоранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар радифи омилҳои зикршуда, талоши халқу давлатҳо, бахусус барои шинохт ва ҳифзи асолату ҳувият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ авҷ мегирад. Аз ин ҷиҳат, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳаётиву созандаи миллӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо якҷо бо дастовардҳои навин дар раванди тақвияти асолат ва ҳувияти миллӣ аҳамияти хоса касб менамоянд.
Аз ин хотир, имрӯз ва минбаъд дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият, миллат, Ватан ва Ваҳдати миллӣ ба мафҳумҳои ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гарданд. Ба ин манзур баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳушёрии сиёсии мардум ба манфиати ҷомеа аст. Зеро мардуми огоҳ, дорои маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҳеҷ неруи ғаразнок фирефта наметавонад, чунки худогоҳиву ҳисси баланди ватанпарастии мардум яке аз пояҳои асосии амният ва суботи сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият дар назди мардуми кишвар вазифаи басо пурифтихор – бунёди давлати мутамаддинро пеш гузошт ва таҳти сарварии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромадем. Месазад, ки аз ин бахти баланди хеш шукрона намоем ва ҳар яке дар доираи имконият ва истифода аз неруи зеҳниамон баҳри таҳкими пояҳои ин Давлат кӯшиш ба харҷ диҳем. Ин вазифаи ҷониву имонӣ, рисолати ватандорӣ ва қарзи инсонии мост.
Тоҳир Ҷобирзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон