Мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 18 сентябри соли ҷорӣ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафар баромаданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо интихобкунандагони худ мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, оид ба ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият, риояи арзишҳои миллӣ, ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 24-умин солгарди Истиқлолияти кишвари азизамон суҳбатҳо анҷом хоҳанд дод.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон