Шоми 9 сентябри соли 2015 ба муносибати таҷлили 24-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар барномаи идонаи консертӣ ҳунарнамоии устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик иштирок карда, бо сурудҳои ватандӯстонаи хеш хотири меҳмонон ва сокинонро болида гардониданд.
Чорабинии идонаро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳусни оғоз бахшида, сокинони пойтахт ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуд.
Дар ин ҷашни тантанавӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт бо ҳисси ифтихору шодмонӣ ва рӯҳияи баланди идона иштирок намуда, ҷашни бузург ва таърихии миллати тоҷик - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд.
Дар чорабинии идонаи тантанавӣ намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ низ ширкат варзиданд.
АМИТ «Ховар»