18 сентябри соли 2015 дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор дод.
Сарвари давлатро дар саҳни ҳавлӣ хонандагон бо барномаи рангин истиқбол гирифтанд.
Ҳаҷми маблағи сарфшуда 9 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
Бинои таълимӣ аз панҷ бинои дуошёна барои 800 нафар хонанда, аз ҷумла 26 синфхонаи таълимӣ, 70 ҳуҷраи ёрирасон, се кабинети лабораторӣ, ду синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толорӣ варзишӣ барои 180 ҷойи нишаст ва як майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Фармоишгар шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳраки сохтмончиён» мебошад.
Бинои муассисаи таълимӣ дар доираи амалӣ намудани барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди соҳаи маорифи кишвар бунёд шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҳамаи синфхонаҳо бо асбобҳои айёнии хониш таъмин мебошанд. Ҳангоми боздид аз муассисаи таълимӣ дастаи ҳаваскорон ҳунари худро ба Сарвари давлат намоиш доданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои муассисаи таълимии мазкур Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои он бо кормандони соҳаи маориф ва дигар фаъолону сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд.
Сарвари давлат иброз дошт, ки маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, беҳтар намудани таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бунёди муассисаҳои таълимии типпи нав аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба хотири беҳдошти сатҳи донишомӯзии хонандагон ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинон ба роҳ монда шудааст ва туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба сокинони шаҳр мебошад.
Зимни пурсишу посух омӯзгорон, хонандагон ва дигар сокинон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
www.president.tj