Шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо машҳур бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» бо маслиҳати пешакӣ бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа Умаров Ҷунайдулло Сатторович ва дигар шахсони ҷиноятпеша аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталёни 25-уми қисми ҳарбии 31001-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оғоз намудани ҳамлаи мусаллаҳона зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ нақшаи мушаххасро тарҳрезӣ намуда, худи ҳамон рӯз бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ба бинои маъмурии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651 ворид гардида, теъдоди зиёди силоҳи оташфишони гуногунтамға, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро тасарруф намуданд.
Муайян карда шуд, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамудааст. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифт. Бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.
Ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи шаби 4-уми сентябр ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаи номбурда мебошанд.
Аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷорӣ нисбат ба саркардагон ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.
Бо мақсади дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди махсус таъсис дода шуд ва амалиёти зиддитеррористӣ шурӯъ гардид. Дар рафти он зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 11357 дона тирҳои гуногун ёфта, мусодира карда шуд.
Зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд.
Мавриди зикр аст, ки якчанд нафар аъзои дастаи террористӣ аз кирдори худ пушаймон гардида, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд.
Дар рафти тафтиши пешакӣ ба молу мулки шахсии Назарзода А.М. ба миқдори нуҳ корхона, нуҳ манзили истиқоматӣ, 56 адад воситаҳои нақлиёт ва дигар ашёи ғайриманқул ҳабс гузошта шудааст. Инчунин ба се манзили истиқоматӣ, шумораи зиёди техникаи хоҷагидорӣ, як бинои дуошёна иборат аз 27 ҳуҷра, ду адад хонаи истиқоматӣ иборат аз 20 ҳуҷра, ду адад сохтмони нотамом, корхонаҳо ва сехҳои дигари истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо масоҳати зиёда аз 26 гектар, шумораи зиёди чорвои калони шохдор ва ғайраҳо, ки ба аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Ҷунайдулло Умаров тааллуқ доштанд ва арзиши умумии онҳо зиёда аз 120 млн. сомониро ташкил медиҳад, низ ҳабс гузошта шуд.
Дар рафти амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ сурат гирифт, саркардагон ва ҳаммаслакони гурӯҳи террористии номбурда безарар гардонда, дастгир карда шуданд.
Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зерин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ буда, дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. гумонбар дониста шудаанд, баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ ва фирор аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд:
1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Муъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ф. Аттор, хонаи №50;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, бинои 110, ҳуҷраи 8;
4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, бинои 337, ҳуҷраи 15;
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, ҳуҷраи 10;
8. Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, бинои 17/4, ҳуҷраи 6;
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1, ҳуҷраи 10;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, ҳуҷраи 40;
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
13. Қосидинов Воҳидхон, соли таваллудаш 1956, зодаи деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пӯлодӣ, бинои 19, ҳуҷраи 10;
Тафтишот дар самти мазкур давом дорад.
Ёдовар мешавем, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо 7 сентябри соли 1997 баҳри амалӣ намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла дар вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
АМИТ «Ховар»