Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода
18 сентябри соли 2015
Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ба ҳамаи шумо ва кулли сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимиатон, ки нишонаи возеҳи ҷонибдории шумо аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати кишвар мебошад, изҳори сипос менамоям. Мо имрӯз бо вазъи рушди соҳаҳои гуногуни шаҳри Турсунзода шинос шудем ва итминон ҳосил кардем, ки аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати миллӣ сарзамини аҷдодиамон торафт обод ва сатҳи зиндагии мардуми шарифамон сол ба сол беҳтар мегардад.
Маҳз кору пайкори софдилона, саъю талоши пайгирона ва заҳмати бунёдкоронаи халқи шарифи кишварамон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти шаҳри Турсунзода аст, ки мо ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ворид шуда, пешрафти иқтисодии Тоҷикистони азизамонро таъмин карда истодаем.
Диёри шумо ба номи яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки каломи муассиру ҷозибадори ӯ дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хоса касб кардааст, яъне Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст.
Меҳвари асосии ашъори безаволи устод Турсунзодаро мавзӯъҳои муҳимтарини ҳаёти ҳаррӯзаи мардум, яъне ситоиши дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва сулҳу оромӣ дар тамоми сайёра ташкил дода, дар ҳама давру замонҳо аҳамияти зиндагисоз дорад.
Аз симои шаҳр ва ободиву пешрафти он дида мешавад, ки мардуми ин гӯшаи зебои Ватани маҳбубамон бо пайравӣ аз кору пайкор ва ба хотири номи неки устод Турсунзода ҷиҳати ба яке аз шаҳрҳои пешрафта табдил додани диёри худ саъю талоши ватандӯстонаро дареғ намедоранд.
Тавре ки огоҳед, ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлатӣ мунтазам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мебошад.
Бо ин мақсад, барои рушди ҳамаҷонибаи бахшҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода, тадбирҳои ҳамаҷониба анҷом ёфта истодаанд.
Давоми даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ободиву пешрафти шаҳр зиёда аз 800 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағҳои зикршуда ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо равона гардидаанд.
Илова бар ин, аз соли 2004 то имрӯз дар шаҳри Турсунзода 5 лоиҳаи муштараки сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он се лоиҳа ба маблағи 180 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Айни ҳол дар самти беҳбудии инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини аҳолии шаҳр бо оби ошомиданӣ ду лоиҳа ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди шаҳри Турсунзода имсол бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015 — 2019» қабул гардид, ки дар он татбиқи 173 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр ба маблағи умумии 545 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Як нуктаро мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар барномаи мазкур афзалияти бештар маҳз ба таҳкими иқтидори соҳаҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр дода шудааст, зеро 106 лоиҳа ба маблағи 499 миллион сомонӣ ё 92 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинигардида ба бахшҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр рост меояд.
Бинобар ин, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи рушди маҳал, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати татбиқи ҳаматарафаи барномаи номбурда тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Турсунзода амалӣ шуда истодаанд, дар навбати аввал, барои рушди минбаъдаи шаҳр ва инкишофи ифрасохтори он, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона шудаанд.
Солҳои охир таҳти таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ ва коҳишёбии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва мушкилиҳо дар таъминот бо ашёи хом вазъи молиявии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» душвор гардид, ки ин тамоюл ба воридшавии андоз ба буҷети шаҳр таъсири манфӣ расонида истодааст.
Имрӯз дар ин корхонаи бузургтарини саноатии кишвар беш аз 8000 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки аксари онҳо сокинони шаҳри Турсунзода мебошанд.
Инчунин дар корхонаҳои саноатии шаҳр алюминийи аввалия, маснуоти алюминӣ, ноқилҳои барқӣ ва масолеҳи сохтмон, нахи пахта ва маҳсулоти озуқа, аз қабили маҳсулоти шириву қаннодӣ истеҳсол карда мешаванд.
Бо вуҷуди ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва дигар ширкату корхонаҳои шаҳри Турсунзодаро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондан ва зиёд кардани истеҳсоли молу ашёи рақобатпазири ватанӣ аз алюминийи аввалия, аз ҷумла ноқилҳои гуногунҳаҷм барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои энергетикӣ ва шабакаҳои барқӣ, маводи таъиноти саноативу сохтмонӣ ва асбобу ашёи дигари рӯзгори мардум чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар бозорҳои кишварамон фурӯши ашёи гуногуни аз алюминий тайёршуда, ба монанди ноқилҳои гуногун, асбобу анҷоми рӯзгор, ашёи мухталиф барои сохтмони иншоот ва туҳфаҳои хотиравӣ, қуттиҳои консерваю обҳои нӯшокӣ, асбобҳои сантехникиву барқӣ, ки аз кишварҳои дигар ворид карда мешаванд, хеле зиёд ба мушоҳида мерасад.
Ҳол он ки дар корхонаҳои ватанӣ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли ҳамаи намудҳои ашёи аз алюминийи аввалия истеҳсолшаванда вуҷуд дорад.
Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки дар ин самт ҳамаи имкониятҳоро истифода карда, истеҳсоли молу маснуоти алюминиро васеъ ба роҳ монанд.
Бо ҳамин роҳ истеҳсолоти ватаниро зиёд карда, барои садҳо нафар ҷойҳои нави корӣ таъсис додан мумкин аст.
Хотирнишон месозам, ки масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ буда, зарур аст, ки бо мақсади танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи татбиқи барномаи зиддибуҳронии Ҳукумати мамлакат барои бунёди корхонаҳои нави замонавӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Дар давоми солҳои 2006-2014 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба аҳолии шаҳри Турсунзода ба маблағи умумии 761 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин иқдом ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани вазъи рӯзгори сокинон мусоидат менамояд.
Тибқи маълумот соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 372 миллион сомонӣ ва дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳаҷми беш аз 338 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.
Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро зарур аст, ки доир ба масъалаи рушди соҳибкорӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Турсунзода соҳибкорону тоҷирони ташаббускору ҳунарманд, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус зиёданд ва онҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри худ мусоидат намоянд.
Дар давоми се соли охир дар шаҳр зиёда аз 30 корхонаи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии монеаву мушкилоти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода даҳ корхона ба бунёди биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, иншооти фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматӣ машғул мебошанд. Дар ин самт танҳо дар соли гузашта 192 миллион сомонӣ сармоя равона гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ як қатор биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Субҳи имрӯз мо ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №119, ки барои таҳсили 1556 хонанда сохта шудаанд, инчунин корхонаи истеҳсоли доруворӣ, коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва бинои намояндагии бонки тиҷоратӣ ифтитоҳ бахшидем.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсоли 300 ҳазор тонна дар як сол бо таъсиси 300 ҷойи корӣ, панҷ бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва муассисаи таълимии № 93 барои 640 нафар хонанда идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро зарур аст, ки таҳияи нақшаи генералии шаҳрро суръат бахшида, бо дарназардошти меъёрҳои меъмории миллӣ ва муҳайё намудани ҳамаи шароити инфрасохториву коммуналӣ ва дигар талаботи муосири шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ҷиҳати ба як шаҳри ободу пешрафта табдил додани ин гӯшаи диёрамон корҳои созандагиро боз ҳам вусъат диҳанд.
Тӯли солҳои охир дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмиру азнавсозии роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода таҷдиду азнавсозӣ гардид, ки имрӯз пурра мавриди истифода қарор дода шуд.
Дарозии шоҳроҳи мазкур 57 километрро ташкил дода, бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ баробар ба 131 миллион доллари амрикоӣ азнавсозӣ карда шудааст.
Бо мақсади таъмини истифодаи дарозмуддати роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзодаро зарур аст, ки ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани шоҳроҳи мазкур мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Зеро ин шоҳроҳ дар баробари осону сабук гардонидани рафтуомади аҳолии шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба пойтахти кишвар, инчунин омили муҳими рушди туризм дар кишвар мебошад.
Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди сайёҳӣ сохтору мақомоти марбута бояд ҷиҳати беҳтар кардани шароити инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Саҳми шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Турсунзода дар самти таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат хеле назаррас мебошад.
Зеро дар баробари иқлими мусоид ва майдони зиёди заминҳои ҳосилхез, ҳамчунин наздикии бозори истеъмолӣ имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои соҳа батадриҷ афзун карда шаванд.
Кишоварзони соҳибтаҷриба ва асилу кордони шаҳри Турсунзода дар масъалаи истифодаи оқилонаи обу замин, яъне маданияти заминдорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷамъоварии ду — се ҳосил аз заминҳои обӣ, инчунин дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хоҷагидорӣ пешсаф мебошанд.
Таҷрибаву малака ва дастовардҳои хуби деҳқонони шаҳр нишон медиҳад, ки ҷамъоварии ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат, инчунин боиси беҳтаршавии даромади сокинон ва болоравии сатҳи зиндагии онҳо мегардад.
Дар солҳои 2000 – 2015 дар шаҳри Турсунзода майдони кишти ғалладонагиҳо беш аз ду баробар афзуда, майдони боғу токзор аз 800 гектар то ба ду ҳазору 800 гектар расонида шуда, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли меваю ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 28 ва 42 фоиз зиёд гардидааст.
Дар натиҷа, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб зиёд шудааст.
Тибқи маълумот кишоварзони шаҳр нақша доранд, ки аз ҳисоби талу теппаҳо майдони боғу токзорро боз 1000 гектар афзоиш диҳанд.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки мардуми заҳматпешаи шаҳр аз муваффақиятҳо набояд хотирҷамъ бошанд, зеро барои истифодаи самараноки замин, бахусус заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву шолӣ,ба роҳ мондани коркарди саноатӣ ва содироти он ҳоло имконияту воситаҳои истифоданашуда хеле зиёданд.
Дар шаҳри Турсунзода хусусан барои рушди соҳаҳои пахтакориву шоликорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҷойҳои корӣ имкониятҳои мусоид мавҷуданд.
Бовар дорам, ки кишоварзони шаҳр дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани парвариши зироат ва боғу токзор ҳосили зиёд ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии мамлакат минбаъд низ саҳми муносиб мегузоранд.
Сокинони мамлакат аз вазъи имрӯзаи иқтисодиву молиявии ҷаҳон ва авзои ноороми кишварҳои олам хуб огоҳанд.
Маҳз бо сабаби паст рафтани нархи сӯзишворӣ ва ноустувории муносибатҳои асъорӣ буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ идома ёфта, таъсири манфии он ба шарикони рушди кишвари мо низ расида истодааст.
Чунин ҳолати зудтағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳон моро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи афзун намудани истеҳсолоти дохилӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем.
Яъне, дар сурати фаъолона вусъат додани истеҳсолоти худӣ мо метавонем ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ талаботи кишварро бо молу маҳсулоти ватанӣ таъмин намоем.
Дар баробари ин, зарур аст, ки барои афзоиш додани сафи занони соҳибкору бонувони ҳунарманд ва ташкили ҳунарҳои дастиву хонагӣ, инчунин тарғибу дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар байни сокинони шаҳри Турсунзода ва деҳоти он аз қадим маъмуланд, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо дарназардошти имконияту шароити мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Турсунзода солҳои охир кӯчонидани аҳолии баъзе ноҳияҳо ба ин гӯшаи диёрамон ба роҳ монда шуд.
То имрӯз қариб 1000 оила аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шаҳри Турсунзода кӯчонида шудааст ва ин раванд идома дорад.
Тавре ки мо имрӯз дидем, ба чунин оилаҳо дар баробари мусоидат ба бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, инчунин дигар шароити зарурии зиндагӣ, аз ҷумла таъминот бо оби нӯшокӣ, бунёди хатти барқ, роҳу муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ муҳайё карда шудааст.
То имрӯз барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар 52 гектар замин ҷудо карда шуда, ба ҳар як сардори оила қарзи имтиёзнок пардохт гардидааст.
Соли ҷорӣ зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии саривақтии масъалаҳои ҳалталаби онҳо таъкид карда будам, ки ин масъала аз ҷумлаи вазифаҳои ҳаррӯзаи роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, бахусус роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки баррасии холисона ва саривақтии дархосту муроҷиатҳои мардум ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар ҷояш ҳал кардани онҳо вазифаи ҳаррӯзаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул мебошад.
Дар ин раванд, бо ғамхорӣ фаро гирифтани ятимону маъюбон, дастгирии шахсони бесаробону оилаҳои камбизоат, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, илму донишомӯзӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани наврасону ҷавонон, заҳмати содиқона ба хотири пешрафти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии қонуният, аз ҷумла риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сарфаю сариштакорӣ дар тамоми самтҳои зиндагӣ бояд меъёри ҳаррӯзаи фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Бо истифода аз ҳузури роҳбарону фаъолони шаҳр, аҳли зиё, шахсони обрӯманду рӯзгордида, падару модарони арҷманд ва бонувону ҷавонони иззатманд мехоҳам як масъалаи ниҳоят муҳимро таъкид намоям. Ҳамаи шумо аз вазъи ҷаҳони пурмоҷаро ва пурҳаводиси имрӯза хуб огоҳ мебошед.
Дар чунин шароит ҳар яки моро зарур аст, ки бисёр ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои Давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, хусусан фарзандони худ ва ҷавононро аз ҳар гуна қонуншиканӣ ва пайвастан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, ки ваҳшонияти асримиёнагии онҳо имрӯз аҳли башарро ба даҳшат андохтааст, эмин нигоҳ дорем.
Чунонки медонед, ман қариб дар ҳамаи мулоқоту чорабиниҳо масъалаи захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистонро таъкид менамоям.
Бо дарназардошти он, ки аз рӯи тамоми аломатҳо тирамоҳу зимистони имсола тӯлониву сард омаданаш аз эҳтимол дур нест, ман ин масъаларо дар суханронии худ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб махсус хотирнишон намудам.
Ва ҳоло бори дигар ҳамаи роҳбарону масъулон ва аҳолиро огоҳ месозам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд.
Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси Турсунзода ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоламон аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.
Шубҳае нест, ки сокинони сарбаланду заҳматпеша ва ватандӯсту меҳмоннавози шаҳри Турсунзода чун аҷдоди ҳунарманду заҳматпеша ва бофарҳангу соҳибмаърифати худ, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат пешсафу пешоҳанг хоҳанд буд.
Бо ҳамин умед, ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Турсунзода барори кору баракати зиндагӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
www.president.tj