Мардум аз фаъолияти парламент қаноатманданд

№126 (3427) 21.09.2015

Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусалам Қодирова  бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6 мулоқотҳо баргузор намуд.

Дар маркази ноҳияи Шаҳринав чунин як вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф доир гардид.

Мусалам Қодирова роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва атрофи қонунҳои дар ин давра қабулгашта ба ҳозирин маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ, қонунҳои таҳияшуда, пеш аз ҳама, ба талаботи ҷомеа, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба манфиати мардум равона шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон ба аҳли толор рӯ оварда гуфт, ки қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди солимфикри ин марзу буми Ватан, пеш аз ҳама, ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурдан аст.

- Зарур ва ногузир аст, ки ҷавононро аз хатарҳои даҳшатбори муосир,  мисли ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав ва ширкат дар ҷангҳои Сурия боздорем, — таъкид намуд номбурда.

ӯ аз  ҳозирин даъват намуд то дар ҳифзи Истиқлолияти Ватани маҳбубамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тақдири имрӯзу фардои ин диёри азиз бетараф набошанд.

- Хоҳиш мекунам, ки ба суханони сохтаву бофта бовар накунед. Сарҳади кишвар мустаҳкам аст ва артиши мо, дигар он артиши солҳои 1992-1995 нест. Чандин машқҳои ҳарбие, ки гузашт, нишон дод, ки артиши мо хеле пурқувват аст.

Мусалам Қодирова  дар поёни мулоқот ба суолҳои иштирокдорон, ки масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиву шахсиро дар бар мегирифтанд, посух дод.

Ҳамин гуна мулоқотҳо бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои деҳоти «Шаҳринав», «Сабо», «Истиқлол», «Боғистон», ба номи Акрам Ҳасанов, «Чуст», «Қаратоғ»,  ба номи Ҷӯра Раҳмон, Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзода низ барпо гардиданд.

Х.ШАРИПОВ,

«Садои мардум»