Устодону омӯзгорон ва падару модарон бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, ки сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони мо ҳамқадами замона бошад

№127 (3428) 23.08.2015

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор

22 сентябри соли 2015

Омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони арҷманд!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз баракати соҳибистиқлолии кишварамон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми шарифамон ва дар натиҷаи заҳмати созандаву ободгаронаи халқамон барои фарзандони лаёқатманди водии Ҳисор мактаби президентӣ расман ифтитоҳ гардид.

Расман ифтитоҳ шудани мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба устодону омӯзгорон ва хонандагон, инчунин барои сокинони заҳматдӯсту меҳмоннавози ноҳияи Ҳисори бостонӣ туҳфаи арзандаи идона дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи сеҳазорсолагии ноҳия мебошад.

Ба ин муносибат, ҳамаи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, барои шумо, фарзандони азиз, хониши хубу аъло, саломативу хушбахтӣ ва ахлоқи ҳамидаву ояндаи нек мехоҳам.

Ҳамчунин ба ҳамаи меъморону сохтмончиён ва муҳандисон барои бо тарҳи зебо ва сатҳу сифати баланд бунёд намудани мактаби президентӣ миннатдорӣ баён мекунам.

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 нафар хонанда бо харҷи 60 миллион сомонӣ аз ҳисоби Буҷети давлат бунёд гардида, аз 43 синфхона, чор озмоишгоҳ, толори фарҳангӣ бо 300 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду китобхона, аз ҷумла китобхонаи электронӣ, ду хобгоҳи чорошёна, майдони варзишӣ, бинои нуҳошёнаи дорои 36 ҳуҷра барои истиқомати омӯзгорон ва иншооти дигари ёрирасон иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагони мактаби президентӣ дар асоси озмун ба кор ва таҳсил қабул карда шудаанд ва чунин тарзи қабул имкон медиҳад, ки раванди таҳсил дар ин таълимгоҳ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо дигар муассисаҳои таълимии кишвар рақобат карда тавонад.

Ҳарчанд ки то имрӯз шумораи чунин муассисаҳои таълимӣ дар кишварамон чандон зиёд нест, вале бо дарназардошти таъмин будани онҳо бо тамоми шароити мусоид имконият фароҳам омадааст, ки дар онҳо усулҳои инноватсионии таълим мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад.

Боиси хушнудии хурду бузурги ноҳия аст, ки дар арафаи ҷашни 3000 – солагии Ҳисори бостонӣ дар баробари дигар иншооти навбунёди ҷашнӣ чунин таълимгоҳи замонавӣ ба онҳо тақдим карда шуд.

IMG_9771-kopiya

Акнун шумораи муассисаҳои таълимии ноҳия ба 146 адад расид, ки дар онҳо 57 ҳазор нафар наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Умуман, дар замони истиқлолият ба иловаи бинои нави шуъбаи маориф ва мактаби президентии имрӯза дар ноҳияи Ҳисор 26 муассисаи нави таълимӣ, 128 синфхонаи иловагӣ, чор толори варзишӣ ва 48 бинои ёрирасон сохта, ба истифода дода, 17 таълимгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии навбунёд барои 27 ҳазор нафар хонандагон дар ду баст ҷойи нишаст муҳайё гардидааст.

Ғайр аз ин, чанде пеш дар назди муассисаи таълимии деҳаи Боғистон сохтмони даҳ синфхонаи иловагӣ ба маблағи ду миллион сомонӣ ба итмом расида, бо таҷҳизоту шароити зарурии таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Илова бар ин, дар деҳаи Ҳофизкадаи деҳоти «Алмосӣ» сохтмони муассисаи таълимии нав барои 1100 нафар хонанда ба маблағи қариб 14 миллион сомонӣ ва дар деҳаи Зарнисори деҳоти «Ориён» бунёди як муассисаи таълимии дигар аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ барои 1300 нафар оғоз шудааст.

Фарзандони азиз!

Тавре ки мебинед, Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоиду замонавии таҳсил ба шумо тамоми имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Ҳамаи шумо инчунин аз татбиқ шудани усули муосири қабул ба муассисаҳои  таълимии олӣ низ хуб хабар доред.

Аз ин рӯ, таъкид менамоям, ки шумо бояд хубу аъло таҳсил намоед, намунаи ибрати дигарон бошед, то ки баъди хатми таълимгоҳ тавонед номи пуршарафи хатмкардаи мактаби президентиро баланд нигоҳ дошта, таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бомуваффақият идома диҳед.

Бо мақсади назорати пайгирона ва мунтазами донишомӯзии наврасону ҷавонон бори дигар таъкид менамоям, ки падару модарон на дар давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ, балки аз овони хурдсолии фарзандонашон ба таълиму тарбияи онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расонидани онҳо шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимиашонро таъмин намоянд ва завқи онҳоро барои интихоби огоҳонаву дурусти касб бедор кунанд.

Ҳукумати мамлакат солҳои охир дар баробари бунёди литсею мактабҳои президентӣ, инчунин ба раванди таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар онҳо тамоми шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам оварда истодааст.

Дар натиҷа, ҳар сол дар кишварамон садҳо муассисаҳои таълимии нав ба истифода дода шуда, таълимгоҳҳои таъмирталаб ва дар шароити номусоид фаъолияткунанда тибқи нақша таъмиру азнавсозӣ мегарданд.

Бо амалӣ намудани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат саъю талош дорад, ки барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз ҳамаи шароити муосирро фароҳам оварад.

Дар иртибот ба ин масъала, хотирнишон месозам, ки дар ин кори хайр ва ба фардои ободи ҷомеаву давлатамон нигаронидашуда дар баробари Ҳукумати кишвар бояд ҳар фарди бонангу номус, аз роҳбарони соҳаи маориф ва устодону омӯзгорон сар карда, то падару модарон, аҳли зиё, соҳибкорону тоҷирон ва умуман аҳли ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон ва падару модарон бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, ки сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони мо ҳамқадами замона ва ба талаботи даврони пешрафти илму технология ҷавобгӯ бошад.

Ниёгони бузурги мо беҳуда нагуфтаанд, ки дониш чароғи ақлу хирад аст.

Зеро маҳз шахси донишманду ҳунарманд ва дорои истеъдоди баланд метавонад ба ҳадафҳои дар зиндагӣ гузоштаи худ ноил шавад ва ҳар миллате, ки раванди таълиму тарбияро дуруст ба роҳ мемонад, ҳатман ба дараҷаи баланди тараққиёт мерасад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло дар ноҳияи Ҳисор ба истиқболи ҷашни 3000 — солагии Ҳисори бостонӣ танҳо тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 190 миллион сомонӣ як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, азнавсозии қалъаи Ҳисор, сохтмону барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва чандин иншооти дигар ба анҷом расида истодааст.

Инчунин бояд гуфт, ки то имрӯз аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ даҳҳо иншоот ба маблағи умумии қариб 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, бунёди даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла чойхонаи миллӣ, боғи фарҳангу фароғат, корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, толору майдонҳои варзишӣ, марказҳои тандурустиву хизматрасонӣ ва монанди инҳо ба маблағи 320 миллион сомонӣ босуръат идома дорад, ки 55 адади онҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд.

Мо имрӯз аз силсилаи иншооти ҷашнӣ ба фаъолияти Кохи фарҳанг барои 700 ҷойи нишаст ва осорхонаву китобхона, ки ҳамаи онҳо бо тарҳи бисёр зебои меъморӣ бунёд шудаанд, ифтитоҳ бахшидем.

Ҳадафи асосии мо аз эълони Ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостонӣ, дар баробари арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги деринаи диёрамон ва ба хотири тарбияи худшиносиву ифтихори миллии мардумамон, хусусан наврасону ҷавонон, равона сохтани мероси ниёгон обод кардани ин гӯшаи Ватанамон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинони ноҳия мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор дар давоми солҳои 2012-2013 чандин қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар асоси қарорҳои қабулшуда пешбинӣ шудааст, ки барои барқарорсозии ёдгориву иншооти таърихӣ ва бунёди иншооти гуногун ва ба ин васила боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи таърихии ватанамон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб як миллиард сомонӣ равона мегардад.

Илова бар ин, барои бунёди хатти интиқоли барқи Шаҳринав — Ҳисор беш аз 150 миллион сомонӣ ва 2,7 километр роҳи даромад ба ноҳия 32 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ноҳияи Ҳисор таърихан ва имрӯз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд минбаъд низ дар ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ бо роҳи таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти варзишӣ, таъмири роҳҳо ва дигар амалҳои хайр, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрони хеш саҳми ватандӯстона гузоранд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки Ҳукумат аз ҷониби худ ҳамаи шароити зарурии инфрасохториро фароҳам овардааст, яъне бунёди роҳ, хатҳои обрасонӣ ва интиқоли барқ, муассисаҳои муосири тандурустӣ, маориф ва дигар иншооти иҷтимоиро тибқи талаботи меъёрҳои замонавӣ ба анҷом расонидааст.

Акнун зарур аст, ки бо саъю талоши мардуми ҳимматбаланд, пеш аз ҳама, соҳибкорону тоҷирони ташаббускори ноҳия Ҳисори бостонӣ дар канори пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил дода шавад.

Ҳисор аз мавзеъҳои хеле куҳани Ватани маҳбубамон буда, тавассути ёдгориҳои бисёр қадимаи таърихӣ, осори ҳунармандону косибони асил ва олимону адибони номдораш ҳамчун яке аз марказҳои илму фарҳанги халқамон эътироф гардидааст.

Қаламрави Ҳисор ё Шумон дар масири Роҳи бузурги абрешим яке аз нуқтаҳои муҳимтарину обод ба ҳисоб рафта, ҳамчун диёри обҳои фаровони мусаффо, заминҳои ҳосилхез ва муҳимтар аз ҳама, макони сукунати одамони ҳунарманд, кишоварзони асил ва намунаи маданияти заминдорӣ маъруф буд. Водии Ҳисорро беҳуда «мулки зарнисор» нагуфтаанд.

Кишоварзони ноҳия бояд бо истифода аз имкониятҳои мусоиде, ки дар ихтиёр доранд, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум мунтазам кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин Кумитаи тадорукот, сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону сармоягузорон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисорро зарур аст, ки ба ҷараёни омодасозии иншооти ҷашнӣ вусъати тоза бахшида, ҷиҳати дар муҳлатҳои наздиктарин ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани онҳо тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону масъулон, фаъолону аҳли зиё ва умуман сокинони ноҳияро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо ва тозаву озода гардонидани манзилҳои зист ва ҳар як кӯчаву гулгашти ноҳия чораҷӯйӣ кунанд.

Дар арафаи ҷашнҳои милливу давлатӣ ва иду маросимҳои динӣ, аз ҷумла Иди саиди қурбон кумак расонидан ба ятимону маъюбон, пиронсолону муҳтоҷон, оилаҳои бесаробону камбизоат, ғамхорӣ ва дасти мадад дароз кардан ба онҳо аз ҷумлаи корҳои хайр ва вазифаҳои инсондӯстонаи ҳар фарди хайрхоҳ, пеш аз ҳама, роҳбарону фаъолон, соҳибкорону тоҷирон ва умуман шахсоне мебошад, ки имконияти молиявиашон аз таъминоти хонаводаи онҳо бештар аст.

Хотиррасон месозам, ки инсон метавонад бо сила кардани сари ятиме, кумак расонидан ба як оилаи камбизоат, хурсанд кардани дили ғамзадае ва баровардани ҳоҷати ниёзманде соҳиби савоби зиёд гардад.

Ин амали хайр, албатта, боиси ривоҷи кор, осоиши рӯзгор ва барори кори ҳар як шахси ҳимматбаланду саховатпеша мешавад.

Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем.

Ҳамчунин  итминон дорам, ки шумо, устодону омӯзгорони мактаби президентӣ, дар иҷрои вазифаи муҳиму пурмасъул, яъне таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу маҳорати худро равона месозед, то ки фарзандони мо илму донишҳои муосирро ҳар чӣ амиқтар аз худ кунанд ва соҳиби касбу ҳунар, ихтисосҳои замонавӣ гардида, минбаъд ба Ватани маҳбуби худ хизмат намоянд.

Дар охир, бори дигар аҳли маорифи ноҳияи Ҳисор, шумо — фарзандони азиз ва падару модарони арҷмандро бо ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва Иди саиди қурбон, ки рӯзи 24-уми сентябр фаро мерасад, табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва ба шогирдони мактаб хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ орзу менамоям.

Доимо сарбаланду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

www.president.tj