Шоми 26 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид, мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард.
Субњи рўзи 27 сентябри соли 2015 дар доираи мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об»-ро бо иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор сарони давлатҳои узви СММ хоҳад орост.
Ҳамчунин интизор меравад, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҳамоишҳои дигари сатҳи олӣ, аз ҷумла муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором», Саммити сарварони ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо «Давлати исломӣ» ширкат варзида, як силсила мулоқотҳои дуҷонибаи судманд бо сарони кишварҳои узв ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом хоҳад дод.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷаласаи ҷашнии 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк — дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид 15 сентябр оғоз ёфт. Имсол Могенс Люккетофт, собиқ раиси парлумони Шоҳигарии Дания, ба ҳайси Раиси Маҷмаи Умумии СММ интихоб гардид. Мубоҳисаҳои умумии солонаи Маҷмаи Умумии СММ аз 28 сентябр то 3 октябр баргузор мегарданд.
Иштирок ва суханронии 154 нафар сарони давлату ҳукуматҳо дар ин иҷлосия, аз ҷумла Федератсияи Россия — Владимир Путин,Ҷумҳурии Халқии Хитой — Си Ҷинпин, Ҷумҳурии Исломии Эрон — Ҳасани Рӯҳонӣ, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Туркманистон — Гурбонгули Бердимуҳамедов, Арманистон Серж Саргсян, Беларус — Александр Лукашенко, Украина — Петро Порошенко, Штатҳои Муттаҳидаи Америка — Барак Обама, канслери Олмон — Ангела Меркел, Франсия — Франсуа Олланд, инчунин раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигарон дар назар аст. Ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, ӯзбекистон ва Озарбойҷонро дар иҷлосия вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ менамоянд.
Зимни муҳокимарониҳои умумисиёсӣ 485 чорабинӣ пешбинӣ шудааст, ки онро ҳадди ақал се ҳазор хабарнигор инъикос хоҳад кард.
Рӯзномаи Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 170 масъала иборат буда, фарогири мавзӯъҳои умумӣ, ба монанди мусоидат ба болоравии мунтазами иқтисодӣ ва рушди устувор, пешгири пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим, нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ, рушди Африка, ҳифз ва ҳавасмандгардонии ҳуқуқҳои инсон, ҳамоҳангсозии муассири талошҳо оид ба расонидани кумаки башардӯстона, халъи силоҳ, назорати маводи нашъаовар, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ дар ҳамаи шаклу зуҳуроти он мебошад.
www.president.tj