Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии сокинони шаҳр бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ширкат варзида, ба ҳозирин бобати корҳои анҷомдодаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум маълумоти муфассал дод. Мавсуф таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба дастовардҳои даврони истиқлолият, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохилию берунӣ ва пешомадҳои ҷомеаи муосир ҷалб намуд. Дар вохӯрӣ Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор ба аҳли ҷомеа муроҷиат намуданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд то аҳли ҷомеаро ашхоси нопок ва авомфиреб ба доми худ кашанд.
Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки аз моҳи март инҷониб аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 дархост ва мактубҳои бисёр унвонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Мувофиқи имконият баъзе аз масоили пешниҳоднамудаи мардум иҷро гардида, қисмати боқимонда дар марҳилаи иҷрошавӣ қарор доранд. Интихобкунандагон дар навбати худ сиёсати сулҳҷӯёна ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ карда, миннатдории хешро барои кумаку дастгирии Сарвари давлат оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Ванҷ иброз намуданд.
Чунин вохӯриҳо бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор, Бибидавлат Афзалшоева, Муҳаббатшо Рӯзадоров дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалъа баргузор гардиданд.
Ш. Шоҳқосимов,
«Садои мардум»