Мулоқот бо сокинони «Чорқишлоқ»-и Исфара

№129 (3430) 28.09.2015

Имрӯзҳо масъулони шуъбаву сохторҳои гуногуни давлатӣ бо мардум мулоқот ва суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва самимӣ анҷом дода истодаанд. Аз ҷумла чунин мулоқот бо иштироки сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд  Зариф Мирдадоев ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нодира Мирзозода дар деҳоти «Чорқишлоқ»-и шаҳри Исфара бо фаъолон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот, ки  беш аз  200  нафар сокинон ширкат варзиданд, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон, саҳм гузоштан дар ободониву созандагӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

А. САЛИМЗОДА,

«Садои мардум»