Кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо хонандагони минтақаи осебдидаи ВМКБ дар Маркази солимгардонии кӯдакону наврасони «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷ. Расулов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода иштирокчиёнро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Дар идома барои санҷидани донишу маҳорати кӯдакону наврасон маҳфили байтбарак, шеърхонӣ ва ҳар гуна бозиҳои шавқовар ташкил карда шуд. Иштирокчиёни фаъол бо куллиёти шоира Фарзона ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
А. САЛИМЗОДА,
«Садои мардум»