Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
29 сентябри соли 2005, Иёлоти Муттаҳидаи Америка
Муҳтарам ҷаноби Раис!
Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулл!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Сарфарозам, ки ба табрикоту таҳниятҳои гарме, ки ба унвони ҷаноби Могенс Ликкетофт ба муносибати ба маснади пурмасъулияти Раиси Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуданаш садо доданд, ҳамроҳ мебошам.
Иҷлосияи ҷории Маҷмаи Умумии СММ на танҳо барои андешаронӣ доир ба комёбиҳои Созмон дар тӯли таърихи ҳафтодсолаи он, балки барои таъкиди дигарбораи азми қатъии мо дар роҳи татбиқи орзую омоли мардумонамон ба хотири рушди осудаву устувор фурсати нодиреро фароҳам сохтааст.
Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар қарор дорад. Дар ин муддати таърихан кӯтоҳ Созмон ҷиҳати таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст.
Дар ин солҳо ба шарофати таҳияи дастаҷамъонаи василаҳои ҳамёрӣ мо дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Ҳамин рӯзҳо Мулоқоти Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи олӣ Рӯзномаи нави Рушди Устуворро тасдиқ кард, ки он зербино ва самтҳои асосии кӯшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати расидан ба рушди устувори ҷавобгӯ ба манофеи ҳамаи мардумон ва ҳар як инсон муайян месозад.
Тӯли ин ҳафт даҳсола Созмони Милали Муттаҳид дар амри ҷонибдорӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо саҳми хоса гузошт.
Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, ҷонибдории фарогири Созмони Милали Муттаҳидро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод. Асосҳои бо кумаки Созмон гузошташудаи тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани кишвар ба равандҳои ҳамкориву ҳамёрии байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Имрӯз Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ, инчунин дар амри пешбарии Рӯзномаи Созмон дар масоили об ба қадри имкон саҳм мегузорад.
Неруҳои полисии мо дар амалиёти сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Африқо дар Дарфур бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳои аъзо ширкат варзида, дар раванди бунёди сулҳ саҳм мегиранд. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ташкил шудааст, дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши муҳиме дорад. Аз соли 1995 то алҳол сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мо 111 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки он аз 206 миллиону 650 ҳазор воя иборат буда, метавонист 50 миллион нафар сокинони сайёраро нашъаманд созад.
Ҷаноби Раис!
Дар давоми даҳсолаҳои охир олам ба куллӣ тағйир ёфт. Хусусияти асосии марҳалаи ҳозираи равандҳои умумиҷаҳонӣ зудтағйир ва мураккаб будани онҳост.Ҳамроҳ бо ҷанбаҳои мусбати ҷаҳонишавӣ, ки ба рушди ҳамагонӣ мусоидат менамоянд, натиҷаҳои манфии он низ ҳар чӣ бештар зуҳур мекунанд, ки ба рушд ва амният дар ҷаҳон ва кишварҳои алоҳида таҳдид менамоянд.
Афзоиши шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти террористӣ, буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва молиявию иқтисодӣ, таназзули муҳити зист, тағйирёбии иқлим, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда вокуниши дастаҷамъона ва фарогири моро тақозо доранд.
Дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид чун заминаи асосие барои расидан ба ҳамфикрӣ дар масоили калидии рушду амнияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои дунё боқӣ мемонад.
Миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, махсусан ташвишовар аст. Неруҳои харобкор ва зиддиинсонии терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ қудрати бештаре касб мекунанд ва шумораи ҳар чӣ зиёдтари ҷавонони моро ба доми худ мекашанд. Ин неруҳо саъю талошҳои моро дар амри ҳифзи амнияту рушди сулҳомез ҷиддан заиф месозанд.
Мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ афзалияти дараҷаи аввали мост. Мо дар ин набард бояд василаҳои милливу минтақавӣ ва байналмилалиеро сари кор оварем, ки ба маҳви инфрасохтори низомӣ, роҳҳои таъмини моддиву молиявӣ, ҷалби одамон ва тарғибу ташвиқи зӯроварӣ, инчунин бар зидди истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо ҳадафҳои террористӣ нигаронида шуда бошанд. Дар айни замон бо саъю талоши муштарак роҳҳои ҳалли коҳиш додани камбизоатӣ, натоиҷи манфии ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ намудани низоъҳои минтақавӣ ва ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ бояд кард. Дар ин амр таҳкими гуфтугӯйи байни фарҳангҳову динҳо, эътимоди байни ҳамдигарӣ ва таҳаммулгаройӣ нақши махсусан муҳим доранд.
Аз ҷониби ҳамаи кишварҳои аъзо татбиқ шудани Стратегияи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бар зидди терроризм, қарорҳои марбутаи Маҷмаи Умумии СММ ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид муборизаи муассир бар зидди ҳама гуна шаклу падидаҳои терроризм, аз ҷумла алайҳи бо ҳадафҳои террористӣ истифода гардидани интернет ба манфиати ҳамаи мост. Ҷавоби муштараки мо ба авҷи фаъолияти терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ бояд бо миқёси ин хатар баробар бошад.
Пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки сол аз сол зиёдтар мегардад ва даромади аз он бадастомада барои бо маблағ таъмин намудани амалиёти террористӣ ва фаъолияти ҷинояткории муташаккил равона мегардад, бояд ҷузъи ҷудонашавандаи муборизаи умумӣ бо терроризм ва ҷинояткории созмонёфта бошад.
Дар ин самт Иҷлосияи хосаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили маводи мухаддир, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд, имкон медиҳад, ки на танҳо ҷараёни иҷрои Эъломияи сиёсӣ ва Нақшаи амал баррасӣ карда шавад, балки барои таҳияи чораҳои нави муассир дар мубориза бар зидди ин вабо шароит муҳайё гардад.
Дар чаҳорчӯбаи ин кӯшишҳо соли 2015 дар Тоҷикистон низ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар масоили муттаҳид намудани саъю талошҳои байналмилалӣ бар зидди маводи мухаддир гузаронида шуд.
Ҷаноби Раис!
Афғонистони дӯст ба татбиқи Даҳсолаи таҳаввулот дар кишвар дилпурона оғоз кард. Марҳалаи нави афзоиш ва таҳкими дастовардҳо дар бахши таъмини амнияту субот, эҳёи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар, ки ҷузъи муҳимтарини ҳалли масоили умдаи амалӣ мебошад, тавсеаи ҳадафмандонаву пуштибонии беш аз пеши ҷомеаи байналмилалиро тақозо дорад ва дар ин амр бояд Созмони Милали Муттаҳид нақши марказӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори вусъати муносиботи дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст ва аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки кӯшишҳои Ҳукумати ин кишварро дастгирӣ карда, ба сулҳу низом дар мамлакат, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, идомаи раванди мусолиҳаи миллӣ ва музокирот, инчунин ба ҷалби кишвар ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намояд. Тоҷикистон аз ҷониби хеш дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мисли пештара саҳм хоҳад гирифт.
Ҳалли мусолиматомези низоъ дар атрофи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон имконияти азими аз тариқи дипломатӣ ҳаллу фасл кардани масоили доғи муосирро нишон дод. Мо итминон дорем, ки Барномаи амали муштараки фарогир, ки онро Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо қарори худ тасдиқ намудааст, ба таҳкими сулҳу суботи байналмилаливу минтақавӣ, эътимоди мутақобил мусоидат намуда, дар айни замон дар амри мустаҳкам намудани низоми адами интишори яроқи ҳастаӣ иқдоми созандае хоҳад шуд.
Мутмаинем, ки кишварҳои аъзо дар ҳаллу фасли масоили дигари умда ҳангоми кушодани гиреҳи кашмакашу низоъҳои шадид нияти неку қотеъро ба роҳбарӣ хоҳанд гирифт.
Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки дар он моҳи июли соли ҷорӣ машваратҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар амри омодагӣ ба баргузор намудани Саммити соли ояндаи гуманитарии ҷаҳонӣ сурат гирифтанд, итминон дорад, ки тавсияҳои дар ин ҳамоиш садодода дар фаъолияти башардӯстонаи кишварҳо таъсиргузор хоҳанд буд.
Ҷаноби Раис!
Ба наздикӣ, яъне моҳи декабр, ҷомеаи байналмилалӣ бори дигар дар Париж гирди ҳам хоҳад омад, то натиҷаҳои музокироти бисёрсолаи дар Бали оғозёфтаро дар масоили тағйирёбии иқлим ҷамъбаст намояд.
Изҳори умед менамоем, ки кишварҳои аъзо ин имкониятро истифода хоҳанд бурд ва дар масоили тағйирёбии иқлим, ки дар асоси Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим таҳия шудааст, санади наверо тасдиқ намуда, бо ин амр яке аз асосҳои гузариш ба Рушди Устуворро хоҳанд гузошт. Мо итминон дорем, ки чунин гузариш натанҳо таҷдиди истеҳсолотро бар асоси технологияҳои навтарин тақозо дорад, балки ба тағйироти куллӣ дар тарзи тафаккур ва фарҳанги истеъмолӣ низ ниёз дорад.
Омӯзишҳои бисёрсола аз тақвият ёфтани таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвари мо шаҳодат медиҳанд.
Тибқи ин омӯзишҳо дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар Тоҷикистон як дараҷаи Селсий боло рафта, теъдоди рӯзҳои боришоти фаровондошта афзудааст, зуд-зуд такроршавии падидаҳои гидрометеорологии табиӣ тақвият ёфта, раванди обшавии пиряхҳо суръат пайдо кардааст. Тобистони ин сол аз сабаби гармои ғайриодӣ ва боришоти зиёд дар қисмати баландкӯҳи кишвар офатҳои табиӣ рух доданд, ки ба иқтисоди кишвар дарҳаҷми миллионҳо доллари амрикоӣ хисорот ворид намуданд. Мутаассифона, одамон низ талаф шуданд.
Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи партовҳои гази карбонат ба фазо дар байни кишварҳое, ки камтарин ҳаҷми партови газҳоро доранд, ҷойи 135-умро соҳиб аст. Ин партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ рақамеро ташкил медиҳанд, ки аз нишондиҳандаи миёнаи дунё ба маротиб камтар аст. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд.
Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба сифат ва ҳаҷми захираҳои оби нӯшокӣ торафт аёнтар мегардад. Маълум аст, ки тағйироти иқлим ба коҳиш ёфтани захираҳои оби дар пиряху барфкӯҳҳо мавҷуда, афзоиш ёфтани масоҳати обҳои шӯри зеризаминӣ, инчунин афзоиш ва шиддат ёфтани боришот сабаб гаштааст. Аз ҷониби худ тағйироти даврҳои гидрометереологӣ ба амнияти энергетикиву озуқаворӣ ва об таъсири манфӣ дошта, дар пайомад метавонад хатари обхезиву хушксолиро ба бор дошта бошад.
Дар чунин шароит, ба андешаи мо, услубҳои то ба имрӯз истифодашавандаи идоракунии захираҳои об ва истифодаи онро таҷдиди назар намудан лозим аст, то мутобиқкунии он на танҳо бо дарназардошти омили иқлим, балки афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт дар дунё, инчунин камбуди захираҳои оби ошомиданӣ таъмин гардад.
Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои об дар он омили калидии таъмини рушди устувори минтақа мебошанд, кайҳост, ки зарурати таҳияи барномаи фарогири минтақавӣ оид ба мутобиқкунӣ ба тағйироти иқлим эҳсос мешавад.
Саривақтӣ будани чунин барномаро зери таъсири тағйирёбии иқлим босуръат коҳиш ёфтани масоҳати пиряхҳои минтақа низ тақозо дорад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки баъди солҳои 60-уми асри гузашта сеяки пиряхҳои минтақа, ки манбаи асосии оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, нест шудаанд.
Ҷаноби Раис!
Имсол Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (2005-2015) — барномаи умумиҷаҳонии аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқшуда, ки ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гашта буд, ба охир мерасад. Ба мақсади баррасии пешравии бадастомада, инчунин норасоиҳои ҳангоми амалӣ гаштани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт (солҳои 2005 – 2015) ҷойдошта чунин чорабиниҳо гузаронида шуданд:
– муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба баррасии фарогири пешравиҳои ҳангоми татбиқи Даҳсола бадастомада, ки 30-юми марти соли ҷорӣ дар ин ҷо, дар Ню-Йорк, сурат гирифт;
– 9 -10 июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) доир гардид.
Мо интизор дорем, ки натиҷаи ин ва дигар чорабиниҳо, ки ҷиҳати мусоидат ба баррасии фарогири татбиқи Даҳсола гузаронида шуданд, ҳангоми ҷамъбаст намудани натиҷаҳои Даҳсола аз ҷониби Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ба назари эътибор гирифта хоҳанд шуд.
Бо истифода аз фурсат, мехостам ба кишварҳои аъзо, Раиси Маҷмаи Умумии СММ, Дабири кулл, бахшҳо ва агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони доираҳои илмиву соҳибкорӣ барои ширкати фаъолонаашон дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ва ҷамъбасти натиҷаҳои он изҳори сипос намоям.
Ба наздикӣ мо «харитаи роҳ»-и рушди устуворро тасдиқ намудем, ки он бахши обро ҳамаҷониба фаро мегирад.
Понздаҳ соли оянда, дар шароити шиддат ёфтани таъсири тағйироти иқлим, таназзули муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, буҳронҳои озуқаворию энергетикӣ ба соҳаи захираҳои об мо бояд саъю талоши бузург ба харҷ диҳем, то ба ҳадафҳои гузошташуда расем. Ба ақидаи мо инкишофи ҳамкорӣ, шарикӣ ва дипломатияи об ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани ин равандҳои харобиовар ва сари вақт ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин самт зарурати омода намудани заминаҳои нав ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор пеш меояд. Аз ин рӯ ва бо истинод ба натиҷаҳои мусбати ташаббусҳои пешинаи муштарак, пешниҳод менамоем, ки имконияти эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии об, ки ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Рӯзномаи Рушди Устувор аст, баррасӣ гардад. Самимона изҳори умед менамоем, ки ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва таъйиди кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор хоҳад гирифт.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.