Аз ӯ розианд ҷумла хурду калон

№132(3433) 05.10.2015

Дар бораи Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таълифоти зиёде шудааст, ки ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул, шева ва назокатҳои хоси худ бозгӯйӣ намудаанд. Аслан хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз ба бозгӯйӣ ва тарғибу ташвиқ надоранд, зеро «чизе аён аст ҳоҷат ба баён нест». Ба ҳар сурат бори дигар ба хонандагони закии рӯзнома ёдрас менамоем, ки оғози давлатдории  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд. Яъне, дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи  ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Ба бахти тоҷику тоҷикистониён Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омад ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату  миллатро ҳифз кард. Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва  дар ниҳоди  сокинони кишвар эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо ин хислатҳои неки худ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри  бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта  шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамзамон таҳкурсии  гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав  баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.  Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба раванди муттасил табдил ёфта, дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шудаву шуда истодаанд. Агар гӯем, ки  давоми  давлатдории Эмомалӣ Раҳмон тамоми аҳдофи созандааш  дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқи худро ёфтанд, муболиға нахоҳад буд. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро,  бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти  ин абармард эътироф  ва арҷгузорӣ  намоем.

Мутаассифона, баъзе нотавонбинону кӯрдилон ба қадри оромиву осудагии кишвар нарасида, ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳои муғризонаи хеш «кӯшиш» менамоянд. Хушбахтона, ин носипосон ба ниятҳои нопоки хеш ягон вақт нарасидаанд ва намерасанд.

Ба қавли Саъдӣ:

 

Чу розӣ шуд аз банда Яздони пок,

Гар инҳо нагарданд розӣ чӣ бок?

 

Бегуфтугӯ, тамоми тоҷикони рӯи олам ва тоҷикистониён аз Эмомалӣ Раҳмон розӣ ва сипосгузоранд. Ин ҷо, зикри рақами 63-ро, ки  аз лиҳози моҳият низ мақому манзалати баландро доро буда, имсол Роҳбари оқилу хирадманди мо ба ин син мерасад, мувофиқи  мақсад дониста, таманниёти бепоёни аҳли кишварро  тариқи мисраъҳои зер бозгӯйӣ менамоем:

 

Муборак зодрӯзи офтобе,

Ки аз рӯи дурахшонат баромад.

Аз ӯ шуд гар м ҷони сарди Меҳан,

Аз ӯ нури сафо бар дил даромад.

 

Далер Мерганов,

«Садои мардум»