Эҳтироми забони модарӣ аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон

№132(3433) 05.10.2015

Prezident-2

Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрӯз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дӯстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад. Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмуҳтаво, нобу шево ва лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо — соҳибони он ҳам фарз асту ҳам суннат аст.

8 сентябри соли 2010

* * * * *

Лаҳни шево ва забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати забон ба ҳайси забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ гардидааст.

27 июни соли 2009

* * * * *

Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан  ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.

 5 октябри соли 2010

* * * * *

Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад.

5 октябри соли 2010

* * * * *

Таърихи ташаккули давраи нави забони мо, ки аз асрҳои ҳаштум ва нуҳуми мелод оғоз меёбад, аз оғози ташаккулаш ҳамчун омили пайвандгари ҳама мардумони ин қаламрави бузург қарор гирифтааст. Маҳз қудрату тавоноӣ ва неруи забони тоҷикӣ мардумони ин сарзаминро аз хатари нуфузи забонҳои дигар наҷот бахшид. Ба ғайри он ҳеҷ кадоме аз забонҳои маҳаллии ин минтақа, ба монанди суғдӣ, бохтарӣ ва дигар забонҳову лаҳҷаҳо, қудрати чунин муқовиматро надоштанд.

5 октябри соли 2010

* * * * *

Забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихӣ дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар манотиқи Хуросону Мовароуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забони паҳлавӣ ва забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳаллии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст.  Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст.

5 октябри соли 2010

* * * * *

Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион маҳсуб мешаванд. Забони радио ва телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намояд. Забони рӯзномаҳо, сухани ровиён, гӯяндагони радио ва телевизион, аҳли қалам бояд шевою гуворо ва аз иштибоҳоти забонӣ орӣ бошад.

5 октябри соли 2010