Андешаҳо бобати чанд истилоҳи нодири нуҷум дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ
ке аз нишонаҳои асолат ва худогоҳии миллати тоҷик он аст, ки дар дарозои таърих забони тоҷикӣ ҳимоятгари давлату рӯзгору маънавиёти мо будааст ва дар муқоиса бо дигар забонҳои маъруфи ҷаҳон маъниву сохтору ҷойгоҳи хешро тӯли беш аз ҳазор сол пайваста таҳким бахшидааст. Ҳамин ҳолату шеваи рушд буд, ки имрӯз ҳатто кӯдакони давраи ибтидоии таҳсил бо ҳавас осори ҳазорсоларо мехонанд ва маънии онҳоро хуб мефаҳманд.
Дар зуҳури ин падидаи нодиру нотакрор Фирдавсӣ бо «Шоҳнома»-и худ нақши бузурге бозидааст ва аз ин рӯ, таҳқиқи ҳаматарафаи забони ин асари нодири ҷаҳон барои неру бахшидан ба тавоноии забони милливу давлатии мо заминаи беҳтарин аст. Таҳқиқи вожаву вожасозӣ ва вожашиносии ин шоҳасар ба ҳифзи сарвати маънавии миллати мо ва аз ин роҳ ба барқарор сохтани тавону неруи забони тоҷикӣ ва вожаҳои асили он мусоидат хоҳад намуд. Вожаҳои «Шоҳнома» метавонанд ҳамчун захираи номаҳдуди номҳову истилоҳот хизмат кунанд.
Ба назари мо, яке аз далелҳои возеҳи густурдагии андешаи Фирдавсӣ ва паҳнои мазмуни «Шоҳнома» истифодаи вожаҳо ба маъниҳои маҷозӣ дар мавридҳои гуногун мебошад. Аз он ҷумла дар «Шоҳнома» ҷанбаи фарҳангиву забонӣ ё лингвокултурологии калимаҳо хеле ҷолиб аст ва аз бузургиву шаҳомати ин шоҳасар ва вусъати хираду андешаи муаллифи он шаҳодат медиҳад. Дар ин маврид метавон корбурди номи ҷонварону мавҷудотро ба сифати номи бурҷҳову галаситораҳо, дар маросими шикор, базму разм, саҳнаҳои азову сурур ва ғайра ёдовар шуд.
Дар «Шоҳнома» номҳои ҷонварон, аз ҷумла гов, наҳанг, моҳӣ, шер, аждаҳо, мор, мӯр, зоғ, каргас, харчанг ба сифати истилоҳоти нуҷум ба кор рафтаанд ва гунаҳои арабии онҳо, ба монанди Ҳут, Асад, Саратон, Ғуроб дар забони ин шоҳасар корбурд надоштаанд.
Истилоҳи Бурҷи Гов барои ифодаи истилоҳи русии «Созвездие Тельца» (Taurus), Бурҷи Бара мутаносибан барои ифодаи истилоҳи «Созвездие Овна» (Aries) ба кор рафтааст:
Чу Хуршед барзад сар аз Бурҷи Гов,
Баромад зи ҳомун хурӯши чаков.
Зи Бурҷи Бара то Тарозу ҷаҳон
Ҳаме тирагӣ дорад андар ниҳон.
Барои ифодаи истилоҳи «Созвездие Льва» (Leo) Фирдавсӣ таъбири «Бурҷи Шер»-ро ба кор бурдааст:
Чу барзад сар аз Бурҷи Шер Офтоб,
Биболид рӯзу биполуд хоб.
Яке аз далелҳои фарохии андеша ва вусъати дониши Фирдавсӣ ин аст, ки ӯ дар бисёр ҳолатҳо нисбат ба симоҳои асари бузурги хеш тасаввурот ва иттилооти ситорашиносон ва астрологҳоро ба кор мебарад ва моро бо сатҳи донишу маълумоти он замон оид ба ин соҳа шинос менамояд. Масалан, ӯ чунин маълумоте пешниҳод намудааст, ки касони зери Бурҷи Шер ба дунёомадаро бахту иқбол, фаровонӣ ва мақоми баланд дар ҷомеа интизор аст:
Ту бар ахтари Шер зодӣ нахуст,
Бари мӯбадону радон шуд дуруст.
Воҳиди луғавии мор, ки дар «Шоҳнома» ба маънии аждаҳо низ ба кор рафтааст (Drache «1) дракон; 2) летающий дракон (L. Draco)»), ҳамчун истилоҳи нуҷумӣ ба маънии «Созвездие Дракона» низ дучор меояд (муқоиса шавад бо Заҳҳоки морон). Гузашта аз ин, навиштаҳои Фирдавсӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки на танҳо мор, балки калимаи мӯр низ ба маънии истилоҳи нуҷумӣ, яъне номи бурҷ ё галаситора ба кор рафтааст:
Нахуст офарин бар худованди Хур,
Худованди мору худованди мӯр.
Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ин байт мор ва мӯр ба маънии ҷонварон омадаанд, вале агар ба идомаи ин пораи «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, пас маълум мешавад, ки Фирдавсӣ мор ва мӯрро дар радифи номи дигар бурҷҳо овардааст ва манзураш қисматҳои дигари осмон (олам), бурҷҳои дигар аст, яъне:
Нахуст офарин бар Худованди Хур,
Худованди мору Худованди мӯр.
Худованди Ноҳиду Баҳрому Меҳр,
Худованди ин баркашида Сипеҳр…
Нишонанда шоҳу ситонанда гоҳ,
Равон гашта фармон-ш чун Хуру Моҳ.
Ин сатрҳо аз офарин хондани Рустам ба Парвардигор аст, ки дар аввали номаи хеш ба падараш овардааст, яъне «Худованди Хур, худованди мор ва мӯр, соҳиби Ноҳиду Баҳрому Меҳр ва Сипеҳри барҷаста»-ро ситоиш мекунад. Дар ин ҷо асосан номи оламу ситораву галаситораҳо номбар шудааст, агар мор ва мӯр ба маънии ҷонвар бошанд, ба мазмуни ин матн чандон намепайванданд, аз ин рӯ, мантиқан ин калимаҳо ба маънии мафҳумҳои осмонӣ бояд фаҳмида шаванд ва бо ҳарфи калон бояд сабт гарданд:
Нахуст офарин бар Худованди Хур,
Худованди Мору Худованди Мӯр.
Дар «Шоҳнома» калимаи зоғ низ ба сифати истилоҳи нуҷум омадааст ва барои ифодаи галаситораи (Corvus (лот.) Созвездие Ворон (р.)) ба кор рафтааст, ки дар нимкураи шимолии (S hemisphere) осмон байни галаситораҳои Сунбула – Virgo (Созвездие Дева) ва Ҳидра (Hydra) ҷойгир аст. Ин фарзияи мост ва роҷеъ ба истифода шудани Зоғ ба сифати ситора ва ё галаситора дар фарҳангҳо ва таҳқиқоти дигари «Шоҳнома» иттилоъ мавҷуд нест (ҳамчунин доир ба истилоҳи нуҷум будани Каргас ва Мӯр):
Чу хуршед сар зад сар аз пушти Зоғ,
Замин шуд ба кирдори равшанчароғ.
Вожаи каргас низ ба вазифаи истилоҳи ситорашиносӣ ва ба маънии галаситора истифода гардидааст, ки намунаи онро мо дар байти зерин мушоҳида мекунем:
Зи манзар ту гар дод ёбӣ, бас аст,
Ки ӯро нишаст аз бари Каргас аст.
Агар ба назар гирем, ки дар устураҳои Юнони қадим каргас (гриф) паранда-ҷонварест «…афсонавӣ бо болҳову сари уқоб ва тани шер ва онҳоро «сагони Зевс» меномиданд, дар ин ҳолат ба сифати Галаситораи Каргас мувофиқтар аз ҳама Галаситораи Тиштар ё Тир («Созвездие Сириуса», аз юн. Seirios) мебошад, ки ба шаклҳои Dog Star (Созвездие Пса), Canicula (L.), Little Dog (саги хурд, сагча) низ машҳур аст.
Дар «Шоҳнома» ба вазифаи истилоҳи нуҷум ҳамчунин калимаҳои Моҳӣ ва Харчанг истифода гаштаанд.
Фирдавсӣ моҳиро (Созведие Рыб (Pisces) ба иловаи маънии аслии он чун яке аз бурҷҳои осмон хеле фаровон ба кор бурдааст:
Падар бар падар подшоҳӣ марост,
Хуру Хӯшаву Бурҷи Моҳӣ марост.
Фирдавсӣ калимаи харчангро ба маънии номи галаситора (Созвездие Рака (Cancer)) овардааст, ки дар нимкураи шимолӣ ҷойгир аст ва он бурҷеро дар осмон ифода мекунад, ки Офтоб дар он аз 21 июн то 21 июл қарор мегирад:
Чу барзад зи Харчанг теғ Офтоб,
Бифарсуд жангу биполуд хоб.
Дар «Шоҳнома» калимаи Хӯша низ ҳамчун истилоҳи нуҷум истифода мешавад ва муодили Бурҷи Сунбула (Созвездие Девы) аст:
Бигашт андар ин низ чанде Сипеҳр,
Чу аз Хӯша бинмуд Хуршед чеҳр.
Забони «Шоҳнома» ганҷинаи бузургу бебаҳоест ва забони модарии мо аз он неру мегирад ва барои эҳтиёҷоти рӯзафзуни худ садҳо калимаву истилоҳоти нодири онро аз қабили кашк (қурут), гарг (гаргин – псориаз), хешкор (соҳибкор), хиром (қосид, пайк), устувор (шахси боваринок, намоянда), бачкам (дача, бӯстонсаро), бобзан (сих барои грил), болон (балкон, айвон), андом (ҷисм), чатр (гурӯҳи ҳамроҳикунандаи сарвар ё намоянда, кортеж, свита), чак (санади фурӯш ё бахшиши мол), дирафш (парчам), пайкар (нишон, герб), бону (малика), анбон (халта), чаббин (навдасабад), тарид (хӯроки чорво), вом (қарз, кредит), вомхоҳ (кредитор), моядор (капиталист) аз нав зинда мекунаду мавриди истифода қарор медиҳад.
Масалан, барои ифодаи калимаи дотатсионӣ (шаҳр ё ноҳияе, ки таъминаш асосан аз ҳисоби буҷети марказӣ аст), ки имрӯз дар забони мо чун калимаи иқтибосӣ ворид шудааст, Фирдавсӣ вожаи дарвешро истифода бурдааст, ки хеле ҷолиб ва гӯшнавоз аст:
В-аз он шаҳрҳо ҳар кӣ дарвеш буд
В-агар нонаш аз кӯшиши хеш буд,
Зи бахшидани ӯ тавонгар шуданд,
Басе низ бо тахту афсар шуданд.
«Шоҳнома» яке аз сарчашмаҳои муҳими рушди забони муосири тоҷик буда, барои такмили таркиби луғавӣ ва рушду танзими истилоҳоти он нақши ҷолибу муассире иҷро мекунад. Имрӯз, ки забони тоҷикӣ масъулияти пурифтихори забони давлатиро бар дӯш дорад ва дар дохилу хориҷи кишвар ба унвони забони расмии соҳаҳои гуногуни кору рӯзгори ҷомеа, аз ҷумла забони илму фан хидмат мекунад, омӯзиши вожаҳои «Шоҳнома» баҳри ривоҷ ва нерумандии минбаъдаи он мусоидат мекунад.
Дар давраи кунунии инкишофи забон мо бояд вожаҳо ва истилоҳоти мавриди ниёз ва қолибу усули вожасозиро дар оғози ташаккул ва такомули забони тоҷикӣ ҷустуҷӯ кунем ва бо мутобиқ сохтани шаклу мазмун, онҳоро мавриди истифода қарор диҳем. Бо ин кори савоб мо ҳам ниёзмандиҳои забони давлатиамонро таъмин месозем, ҳам ба заҳмати беназири Фирдавсии бузургвор арҷ мегузорем.
Олимҷон ҚОСИМОВ,
доктори илми филология