Сеюми октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Бисту панҷумин солгарди Иди миллии кишвари дӯст – Рӯзи Ваҳдати Германия имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Федеративии Германияро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику таҳният гӯям.
Дастовардҳои назарраси кишваратон муҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Федеративии Германия дар арсаи байналмилалӣ гаштааст, ки ин боиси хурсандии мо мебошад.
Тоҷикистон Германияро яке аз ҳамшарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва мо омодаем, ки ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои худ бо кишвари Шумо тамоми чораҳои заруриро андешем. Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт.
Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Германия сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам».
www.president.tj