Шефтаи табиати диёр

№133(3434) 06.10.2015

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов таҳти унвони «Диёрам-Тоҷикистони азизам» доир гардид.

Намоишро муовини якуми директори муассисаи зикршуда Зафаршо Иброҳимзода ифтитоҳ намуда, минҷумла зикр кард, ки имрӯз рассоми чирадаст Сӯҳроб Шарипов асарҳои офаридаашро, ки муҳаббати ӯро нисбат ба Тоҷикистони азиз таҷассум менамояд, пешкаши мардуми кишвар кардааст.

Сипас, устоди аввалини Сӯҳроб Шарипов — яке аз рассомони шинохтаи тоҷик Шералӣ Сайфиддинов  гуфт:

- Сӯҳробҷон яке аз шогирдони беҳтаринам аст. Ҳар чизи дидаашро равшан тасвир менамояд. ӯ давомдиҳандаи кори устодони бузург — Шишкин, Айвазовский, Репин ва Симиратский мебошад.

Воқеан, манбаи илҳоми  ин рассом табиати зебои диёр аст. ӯ Тоҷикистонро ниҳоят дӯст медорад ва муҳаббаташро нисбати Ватан тавассути асарҳояш баён месозад.

Сӯҳроб Шарипов аз овони хурдсолӣ ба расмкашӣ шавқу рағбати  беандоза дошт.  Барои омӯзиши ин ҳунари воло ба маҳфили ҳаваскорони  Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе шомил шуда, аз устодон нозукиҳои ин касби наҷибро омӯхтааст. ӯ дастпарвари Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Хостем атрофи эҷодиёташ аз ӯ  пурсон шавем. ӯро дар ҳалқаи шогирдон ёфтем.

- Агар бароям имкони як порасанги кӯҳҳои осмонбӯси кишварамонро муаррифӣ намудан насиб гардида бошад, худро хушбахт меҳисобам,- мегӯяд рассом.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар намоиш беш аз 40 адад асарҳои рассом Сӯҳроб Шарипов ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Бахусус,  мусаввараҳои «Иссиқкӯл», «Кӯли Сарез», «Дарёи Варзоб», «Дарёи Сиёма», «Зарафшон», «Баҳори Норак», «Насими субҳдам», «Насими кӯҳсор», «Бодом гул кард», «Тирамоҳ» ва «Помир» ҷолиби диққатанд.

Бояд зикр намуд, ки рассом мисли  шоиру нависанда бо сеҳри қалам ба дили дардманде малҳам гардида, дардашро даво ва ғамашро таскин мебахшад. Сӯҳроб Шарипов низ аз зумраи чунин эҷодкорон мебошад.

Ба ин рассоми баркамол комёбиҳои нави эҷодӣ хоҳонем.

Шаҳло Абдуллоева,

корманди Муассисаи давлатии  «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон