Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали хоинона ва террористии 4-уми сентябри соли 2015-ро, ки аз тарафи ҷонибдорони собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат содир шуд, шадидан маҳкум менамояд. Амалҳои хиёнаткорона нисбат ба Ватан-Модар, аз он шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгаро мехоҳанд сулҳу субот, амният, шукуфоӣ, пешрафти миллат ва Ваҳдати миллиро халалдор созанд. Онҳо пешрафт, ободии рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, ба ҳар васила мехоҳанд мақсаду ниятҳои нопоку ғаразноки ғайриинсонии худро пиёда намоянд.
Мардуми огоҳу бедори тоҷик рӯзҳои сахти фоҷиабори ҷанги бародаркушро аз сар гузаронидааст, кунун ҳаргиз фирефтаи амалҳои сӯзандаи онҳо нахоҳанд гардид, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад ва ҳамеша оромию осудагӣ, сиёсати сулҳпарваронаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Сарвари аъзам, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи Сарвари худ муттаҳид шуда, кирдори ваҳшиёнаи гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода ва пайравони хориҷию дохилиашонро маҳкум менамояд.
Ҷоннисориҳо, аз худ гузаштанҳо ва заҳмати шабонарӯзии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии назаррас мушарраф шавад.
Кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъият изҳор менамоянд, ки ҳидояту таъкидҳои Президенти кишварро ба инобат гирифта, дар кору фаъолият ва зиндагии ҳамарӯза истифода менамоянд.