Чанде қабл дар толори меҳмонхонаи «Хаят Реҷенси»-и Душанбе маросими мукофотсупорӣ ба ӯолибони озмуни «Аз ҷудогузорӣ ба иштироки баробар: амалӣ гаштани ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гашт.
Озмуни мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии Лигаи занон – маъюбони «Иштирок», Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ баргузор шуд.
Доир ба моҳияти озмуни мазкур намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соима Муҳаббатова, раиси созмони ҷамъиятии Лигаи занон – маъюбони «Иштирок» Саида Иноятова, менеҷери Барномаи рушди СММ «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» Алишер Каримов, мушовир оид ба масъалаҳои маъюбии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Райҳон Мӯъминова, раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев ва дигарон изҳори андеша карданд.
Зикр гардид, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Он тавассути як қатор қонун ва барномаҳои давлатӣ, асноди байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон амалӣ карда мешавад.
Ба озмун аз рӯи се номинатсия – барномаҳои телевизион, радио ва рӯзномаҳо 15 дархост пешниҳод гардида буд. Аз рӯи инъикоси ин мавзӯъ дар рӯзномаҳо ҷойҳои якум ба хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Аъзам Мӯсоев, дуюм ба рӯзноманигор Марҳабо Зунунова, сеюм ба рӯзноманигорон Машҳур Имомназаров ва Некрӯз Наврӯзов дода шуд.
Дар бахши барномаҳои телевизион ва радио рӯзноманигорон Зарина Шарофова ва Барот Юсуфӣ ӯолиб дониста шуданд.
Матн ва сурати
Аҳлиддин ИСОЕВ