Дар суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сухан дар бораи омодагӣ ба мавсими сармо равад, ҳамрадиф бо ангишт ва дигар маводи сӯхт ҳатман гази моеъ зикр мешавад.Ҳадафи асосии ҳамасола қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон низ аз он иборат аст, ки якҷоя бо соҳаҳои гуногун кулли ҳамватанони кишвар низ барои дар сатҳи баланд гӯзаронидани мавсими мавриди назар дар муҳити хонаводагиашон заминаи мусоид фароҳам оранд. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки давоми солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гази моеъ аз сӯзишвории камёб маҳсуб ёфта, нархаш низ хеле баланд буд. Дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти пурмаҳсули вазоратҳои марбута ва соҳибкорон воридоти ин мавод бамаротиб афзоиш ёфта, имкони дастрасии шаҳрвандон ба он дар шароити қулай ва бо нархи нисбатан арзон фароҳам омад. Таври густурда дар хонаводаҳо ва воситаҳои нақлиёт истифода гардидани гази моеъ ҳамрадиф бо бартариҳои дигар, ба сарфаи неруи барқ мусоидат намуда истодааст.
- Тибқи иттилои аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасшуда, давоми ҳашт моҳи соли равон воридоти ин намуди сӯзишворӣ ба ҷумҳуриамон тамоюли афзоишро касб намуда, ба андозаи 18 фоиз зиёд шудааст. Тӯли муҳлати зикршуда ба кишвар 220 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ба иттилои манбаъ, дар робита ба вусъати омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 -2016 воридоти гази моеъ хеле афзудааст. Барои мисол, танҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ 38,7 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки мутаносибан ба моҳи августи соли гузашта 16,3 тонна бештар аст. Иттилоъ гирифтем, ки Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Федератсияи Россия аз воридкунандагони асосии гази моеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон зиёда аз 60 фоизи воситаҳои нақлиёти дар кишвар мавҷудбуда бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки давоми солҳои охир зиёдшавии воридоти гази моеъ ба мамлакат раванди муттасил буда, аз 82 ҳазор тоннаи дар соли 2012 воридгашта соли гузашта ба 295 ҳазор тонна расидааст.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»