Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷамъоварии заҳмати кишоварзон идома дорад. Кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 2345 гектар ғалладона кишт намуда, то имрӯз 1800 гектари онро ҷамъоварӣ кардаанд. Аз ҳар як гектар 20 сентнерӣ ҳосил гирифтанд, ки дар маҷмӯъ 3600 тоннаро ташкил менамояд.
Имсол картошкапарварони ноҳия дар майдони 914 гектар картошка кишт намуда буданд, ки айни ҳол ҳосили 420 гектарашро ҷамъоварӣ карданд. Ҳисоби миёнаи ҳосилнокӣ дар ноҳия 250 сентнерро ташкил медиҳад.
- Соли равон ҳосилнокии картошка моро қаноатманд гардонд,- гуфт дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» сардори шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Қурбоналӣ Талбонов. Иттилоъ гирифтем, ки сифати картошкаи имсола аз соли гузашта хуб аст ва масъулин нақша доранд, ки як қисми ҳосили бадастовардаро барои тухмӣ захира намоянд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»