Бисту шашуми апрели соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН Паёмашро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» манзур намуд.
Ба Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ намуд
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар ва аз 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 62 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон,эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Дар Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,раисони Суди конститутсионӣ, Шӯрои адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Раисикунанда:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро мебояд тартиби кори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи тартиби кор ва қарори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистондаъвати чорум дар дасти шумо ҳаст.
Чӣ гуна таклиф доред? Таклифи пешниҳодшударо ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед! Қарор қабул шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Ба баррасии шумо лоиҳаи қарори зерин пешниҳод мешавад.
Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси Котибот:
Тағоев Саймурод- узви Маҷлиси миллӣ
Аъзои Котибот:
Сатторова Матлубахон Амонҷоновна — узви Маҷлиси миллӣ
Шарипов Суҳроб Ибронович — вакили Маҷлиси намояндагон.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Тибқи пешниҳодатон лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот интихоб шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷойҳои худро ишғол намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба рӯзномаи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.
Чӣ гуна таклиф доред? Таклифи баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед. Қарор қабул шуд.
Ба рӯзномаи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гашта, ҷиҳати тасдиқи он қарори дахлдор қабул шуд.
(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ин шумора чоп гардид.)
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Илолов Мамадшо дода мешавад.
Мамадшо ИЛОЛОВ:- Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Бо назардошти он ки дар Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ шунида мешавад, ба муҳокимаи шумо ҷараёни инъикоси кори ҷаласа бо тартиби зайл пешниҳод мегардад:
1.Гузориш аз ҷараёни кори Ҷаласаи чоруми якҷоя ва матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тавассути Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шавад.
2.Дар рӯзномаи «Садои мардум» маводи ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.
3.Маводи ҷаласа ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхашон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
Раисикунанда:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба лоиҳаи Қарор «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласа» чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз мемонам ва эҳтиромона хоҳиш менамоям, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул гардид.
Раисикунанда:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Тавре огоҳӣ доред, ба Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд, роҳбарону кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои назди Ҳукумати мамлакат, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, сохторҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо ва дигар шахсони расмӣ даъват шудаанд.
Аз ин лиҳоз, ироаи Паём дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» баргузор мегардад. Баъд аз шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод аст, ки муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро дар ҳамон толор ба итмом расонем.
Оиди ин пешниҳод чӣ гуна фикру мулоҳизаҳо доред?
Бо розигии шумо онро ба овоз мемонем ва хоҳиш менамоем, ки мавқеатонро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба кори худ идома бахшид.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоем дастӣ овоз диҳед.
Дар робита ба таклифи пешниҳодшуда ва мутобиқи талаботи банди 2 моддаи 10 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз узви Маҷлиси миллӣ Хисрав Абдуназаров ва вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов ва Зиёратшо Саъдулло хоҳиш менамоем, ки аз натиҷаи ҳисоби иштирокчиён бо навбат ба мо иттилоъ диҳанд. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мо бо дарки баланди масъулият ва ифтихормандӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бархӯрдор гардидем ва бо ҳамин рӯзномаи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.
Раиси Котиботи ҷаласа гуфтанӣ доред? Нест.
Бо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа миннатдории самимиамонро изҳор менамоем.
Бо ҳамин Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Неъматулло СОЛЕҲОВ,
Абдулмаҷид МУРОДОВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»
Суратгир
Аҳлиддин ИСОЕВ