Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1725 аз 7 январи соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул ва 5 марти соли 2015 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд. Қонуни мазкур 18 марти соли 2015 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, 27 марти соли 2015 дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» интишор шуда, мавриди амал қарор гирифт.
Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили адвокатураро муқаррар мекунад. Адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур фаъолият мекарданд ва ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 қонуни мавриди назар ҷавобгӯй мебошанд, фаъолияташонро пас аз мавриди амал қарор додани он давоми як сол идома медиҳанд. Агар онҳо мақсади идома додани фаъолияти адвокатиро дошта бошанд, бояд дар ин муҳлат мақоми адвокатро мутобиқи талаботи қонуни зикршуда соҳиб шаванд.
Тибқи талаботи моддаи 13 — уми ин қонун барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи тахассусӣ ба муҳлати ду сол дар ҳайати нуҳ нафар аъзо таъсис дода шудааст.
Раиси Комиссияи тахассусӣ яке аз муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муовини раиси Комиссияи тахассусӣ аз ҳисоби намояндагони адвокатҳо, котиби масъул аз ҳисоби аъзои комиссия дар ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ интихоб шудаанд.
Барои омодагӣ ба имтиҳонҳои тахассусӣ дар сомонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Minjust.tj) ҳазор савол аз ҳама соҳаҳои ҳуқуқ ҷойгир карда шуд.
Комиссияи тахассусӣ қабули имтиҳонро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва Низомнома оид ба тартиби фаъолияти Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он тибқи боби сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» таҳия гардидааст, ташкил ва амалӣ менамояд.
Имтиҳони тахассусӣ барои довталабон дар ду марҳила гузаронида, имтиҳони хаттӣ дар компютер аз рӯи саволномаи тасдиқгардида ва суҳбати шифоҳиро дар бар мегирад. Тести компютерӣ аз 50 савол барои ҳар як довталаб иборат аст. Давомнокии имтиҳони тестӣ ду соатро ташкил менамояд. Дар ин муддат довталабон метавонанд тугмачаи «Exit», яъне аломати ба охир расидани имтиҳонро пахш накарда, аз нав ҷавобҳоро санҷанд. Комиссияи тахассусӣ дониши довталабонро дар асоси натиҷаи имтиҳони тестӣ ва суҳбати шифоҳӣ баҳо медиҳад.
Баъди анҷоми имтиҳони тестӣ довталаб бо варақаи санҷишӣ шинос шуда, дар он ному насаби худро имзо мегузорад. Имтиҳони тестӣ аз рӯи низоми холҳо баҳогузорӣ мешавад. Барои ҳар як ҷавоби дуруст довталаб як хол мегирад.
Ба санҷиши шифоҳӣ довталабоне, ки аз 35 хол кам гирифтаанд, роҳ дода намешаванд. Комиссияи тахассусӣ меъёри баҳодиҳии санҷиши шифоҳиро аз рӯи муайян намудани сифатҳои касбӣ, корӣ ва шахсии номзад, ки барои амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ заруранд, муқаррар менамояд. Барои ин панҷ меъёр муайян шудааст:
1) сатҳи донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти адвокатиро ба танзим медароранд;
2) малака ва маҳорати суханронӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ;
3) маҳорати кор дар компютер;
4) сатҳи донистани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
5) сатҳи донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Суҳбат аз ҷониби аъзои Комиссияи тахассусӣ аз рӯи низоми панҷхола баҳо дода мешавад. Холи миёна аз ҷамъи умумии холҳои ҳамаи аъзои Комиссияи тахассусӣ муайян карда мешавад. Натиҷаи санҷиши шифоҳӣ баъди гузаштани ҳамаи номзадҳои як гурӯҳ, дар худи ҳамон рӯз, аз ҷониби раиси Комиссияи тахассусӣ эълон гардида, аз ҷониби котиби Комиссияи тахассусӣ протокол тартиб дода мешавад. Шахсе имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супорида ҳисоб мешавад, ки дар алоҳидагӣ зиёда аз 35 холро дар имтиҳони тестӣ ва се ё зиёда холро дар суҳбати шифоҳӣ, сарфи назар аз миқдори умумии холҳо, ба даст оварда бошад.
Довталабе, ки имтиҳони тахассусиро супорида натавонистааст, барои такроран супоридани он на барвақттар аз ним сол роҳ дода мешавад.
Қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи додани (рад кардани додани) мақоми адвокат, бо овоздиҳии аъзои комиссияи тахассусӣ, ки дар маҷлиси он иштирок кардаанд, қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил қароре қабулшуда ҳисоб мешавад, ки ба тарафдории он раиси Комиссияи тахассусӣ овоз додааст.
Қарори Комиссияи тахассусӣ дар бораи ба довталаб додани мақоми адвокат ё дар бораи рад кардани он бояд на дертар аз ду моҳ аз рӯзи гирифтани дархости мақомоти ҳудудии адвокатҳо қабул карда шавад. Дар вақти давраи гузариш қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи ба довталаб додани мақоми адвокат ё дар бораи рад кардани он бояд на дертар аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби комиссияи тахассусӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои номзад барои соҳиб шудани мақоми адвокат қабул карда шавад. Комиссияи тахассусӣ ҳуқуқ надорад ба довталабе, ки имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супоридааст, додани мақоми адвокатро рад намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар баъди супоридани имтиҳони тахассусӣ ҳолатҳое маълум шаванд, ки ба додани мақоми адвокат монеъ мегарданд. Мақоми адвокат ба довталаб ба муҳлати номуайян дода шуда, бо синну сол маҳдуд намешавад.
Фаъолияти адвокат аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ бо пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо бо асосҳои зерин: аризаи хаттии адвокат дар бораи қатъ кардани фаъолияти адвокат, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амали адвокат, вафоти адвокат ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фавтида эълон намудани вай, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи гунаҳгор донистани адвокат дар содир намудани ҷинояти қасдона, ошкор кардани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 12 ва қисми 3 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қатъ мегардад.
Дар баробари ин, қатъи фаъолияти адвокат бо қарори Комиссияи тахассусӣ бо пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо ва хулосаи мақомоти ҳудудии адвокатҳо дар ҳолатҳои зерин низ имконпазир аст: аз ҷониби адвокат иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбии худ дар назди ваколатдиҳанда; аз ҷониби адвокат вайрон кардани меъёрҳои Қодекси одоби касбии адвокат; иҷро накардан ё таври дахлдор иҷро накардани қарорҳои мақомоти Иттифоқи адвокатҳо, ки дар доираи салоҳияти онҳо қабул карда шудаанд, давоми зиёда аз чор моҳ анҷом дода натавонистани фаъолияти адвокатӣ; давоми зиёда аз панҷ сол нагузаштани курсҳои такмил додан ва баланд бардоштани тахассус; муқаррар кардани нодурустии маълумотҳое, ки ба Комиссияи тахассусӣ тибқи талаботи қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» пешниҳод карда шудаанд.
Қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани фаъолияти адвокат бо овоздиҳии аъзои комиссия, ки дар маҷлиси он иштирок кардаанд, қабул карда мешавад. Фаъолияти адвокат аз лаҳзаи қабули қарори Комиссияи тахассусӣ қатъгашта ҳисобида мешавад. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш қатъ гаштааст, ҳуқуқ надорад, ки фаъолияти адвокатиро анҷом диҳад, инчунин мансабҳои интихобиро дар мақомоти Иттифоқи адвокатҳо ишғол намояд. Қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат ё рад кардани он бояд на дертар аз ду моҳ аз рӯзи гирифтани пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо ва хулосаи мақомоти ҳудудии Иттифоқи адвокатҳо қабул карда шавад.
Дар бораи қарори қатъ кардани фаъолияти адвокат комиссияи тахассусӣ дар муҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули он дар шакли хаттӣ шахсеро, ки фаъолияти адвокатиаш қатъ гаштааст, ба истиснои ҳолатҳои қатъ кардани мақоми адвокат аз рӯи асоси пешбиникардаи Низомнома (вафоти адвокат ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фавтида эълон намудани вай), хабардор менамояд.
Нисбати қарори Комиссияи тахассусӣ бо асосҳои пешбиникардаи Низомнома ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида аз ҳуқуқшиносоне, ки ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҷавобгӯй ҳастанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои гирифтани мақоми адвокат ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссияи тахассусӣ супоранд.
А. ҚУЛМАТОВ,
муовини раиси Комиссияи
тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон