Асаре, ки корнамоии бузургонро бозгӯйӣ намудааст

№134(3435) 09.10.2015

Нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд асари калонҳаҷми олими маъруфи тоҷик, доктори илми таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиевро таҳти унвони «Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих» бо се забон (тоҷикию ӯзбекӣ ва русӣ) нашр намуд. Дар асари мазкур оид ба шахсиятҳои намоён, фарзандони содиқу вафодори Ватани маҳбубамон, ки бо фаъолияти ибратангезу наҷибонаи худ дар дили мардуми сершумор ҷой гирифта, шуҳратёр гардидаанд, маълумоти муфассал дода шудааст.

Олим ва муҳаққиқи пуртаҷриба В. М. Набиев корҳои шоёну ибратангези роҳбарони кордону ғамхор, поквиҷдону ростқавлу инсондӯст ва сиёсатмадорони матиниродаро аз нуқтаи назари таърихнигорӣ ва адабӣ хеле бомаҳорат тасвир кардааст. Бахшҳои бунёдии онро масъалаҳои муносибати академик Бобоҷон Ғафуров ба мероси илмиву фарҳангии тоҷикон ва нақшу аҳамияти асарҳои ин нобиғаи замон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, мақоми камназири устод Мирзо Турсунзода дар ташаккули афкори замон ба унвони «Пешоҳанги адабиёти муосири тоҷик», саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди худшиносӣ, густариши ифтихори миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар бар гирифта, лавҳаҳои рангини рӯзгори фарзандони барӯманду шуҷоъ – Спитамен, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Ҷаббор Расулов ва дигарон бозгӯйӣ шудааст.

Бино ба маълумоти муаллиф, имрӯз дар назди Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаҳое, аз қабили расидан ба иҷрои вазифаҳои мубрами дорои аҳамияти баланди сиёсиву иҷтимоӣ – таҳкими ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ, барқароркунӣ, инкишофи хоҷагии халқ ва ватандӯстӣ чун рукнҳои муҳим дар ташаккули муносибатҳои шаҳрвандӣ қарор доранд. Дар расидан ба ин амри ногузир бояд аз корнома ва мероси бузургони миллат баҳра гирифт. Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб кард ва бо ин роҳ дилпурона пеш рафта истодааст.

Муҳаққиқ хотирнишон менамояд, ки дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мақоми ҷавонон бағоят бузург аст, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ҷавононро ояндаи миллат ҳисобида, азму кӯшишҳои худро баҳри бедории ҳисси худшиносию ифтихори миллии ҷавонон равона кард. Ин иқдомҳои пайгиронаи ӯ ҳангоми мулоқотҳо бо ҷавонони кишвар амалӣ гардида, дар асарҳои пурарзишу раҳнамояш таҷассум ёфтаанд.

Муаллифи китоби «Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих» зикр менамояд, ки нуҳуми сентябри соли 1991 бо амри тақдир тоҷикон ба Истиқлолияти давлатии хеш соҳиб шуданд. Истиқлолияти давлатӣ ҳисси худшиносию худогоҳии мардуми тоҷикро бедор намуд.

Дар китоб роҷеъ ба муносибати ғамхорона ба мероси гузаштагон  аз ҷониби арбобони давлатӣ, минҷумла Ҷаббор Расулов, далелҳои мушаххас оварда шудааст. Чунончӣ, зикр гардидааст, сарфи назар аз он ки дар сатҳи баланд ҷашни 550-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳал шуда бошад ҳам, баъзе нотавонбинон, хусусан котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон И. Г. Ковал монеаҳои сунъӣ эҷод мекард.

Хусусан ҳангоми абадӣ гардонидани хотираи Абдураҳмони Ҷомӣ хостем, ки кинотеатри навбунёди пойтахтро ба номи ӯ гузорем. Яке аз манқуртҳои онвақта хабар ёфта навишта буд, ки магар дар шаҳр масҷиди Ҷомӣ кам буд, ки боз кинотеатрро ҳам ба номи ӯ гузорем. Бечора масҷиди ҷомеъро аз Ҷомӣ фарқ накардааст.

Ҳамин тавр, бо ҷидду ҷаҳди фарзандони фарзонаи миллат Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Аловаддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев ва дастгирии бевоситаи Ҷаббор Расулов ҷашни 550-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ботантана баргузор гардид.

Ҷаббор Расулов ҳисси баланди ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба бузургони миллат доштанашро дар ҷашнгирии 1000-солагии алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино низ собит намуд.

Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров низ аз зумраи онҳоест, ки баҳри инкишофи илму маорифи кишвари маҳбубамон садоқатмандона меҳнат намуда, маҳбуби ҳамватанон гаштааст. Дар китоби профессор В. Набиев оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров  маълумоти фаровон ҷой дода  шудааст.

Боиси зикр аст, ки асари донишманди маъруф, доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев барои ҷавонон, таърихнигорон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони илму фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, сиёсатмадорон дастурамали хубест.

 

С. ЭШМУҲАММАДОВ,

муовини якуми раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми таърих