Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба таъсисёбии Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл» дар Тоҷикистон 15 сол пур шуд. Ин ташкилот зодаи даврони Истиқлолият буда, аз барномаи кӯчаки қарзҳои хурди Ассотсиатсияи занҳои соҳибкор то ба яке аз бонуфузтарин ташкилоти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) Ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) «Имон интернешнл» расидааст.
Вақте сухан аз таъсиси ТАҚХ «Имон интернешнл» меравад, онҳое, ки бо ин созмон аз ибтидо ҳамкории қавӣ доштанд, таъкид менамоянд, ки аслан модари «Имон интернешнл» Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки имрӯз чун Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) маъруф аст. Ин ташкилот бо ибтикор ва талошҳои ду бонуи қавииродаву кордон — Санавбар Шарифова ва Гулбаҳор Маҳкамова созмон ёфта, минбаъд доираи фаъолияташро вусъат бахшид ва ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) Ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) «Имон интернешнл» расид.
Ду бонуи хайрхоҳу дурандеш — Санавбар Шарифова ва Гулбаҳор Маҳкамова дар доираи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор бо гузаронидани ҳар гуна тренингҳо ва семинарҳо, ки ба занон маълумоти иқтисодӣ медоданд, ба кори худ оғоз бахшиданд. Онҳо орзуи деринаи худро тарҳрезӣ карда, ба навиштани барномаву лоиҳаҳо барои беҳдошти шароити иқтисодии занҳо шурӯъ намуданд.
Санавбар Шарифова, яке аз ташаббускорони ин тарҳи судманд, мегӯяд, ки ин омӯзишҳо беҳуда нагузаштанд, вале аксар занон барои оғози кори худ маблағи кофӣ надоштанд ё маблағи заруриро аз бонкҳо дастрас карда наметавонистанд. Талаботи зиёди бонкҳои тиҷоратӣ, ба монанди омода кардани коғазҳои расмӣ, пешниҳоди амволи гарав, мавқеи ҷойгиршавӣ барои дастрасии қарз ба занон монеа эҷод мекард. Занони соҳибкор аз гирифтани қарз метарсиданд. Аз ин рӯ, зарурат ба ташкилоте пайдо шуд, ки ба он бовар дошта бошанд, то барои дастгирии молиявӣ муроҷиат карда тавонанд.
Ба одамони камбизоат, ки дарҳои бонкҳои тиҷоратӣ барои гирифтани қарз ба рӯяшон баста буд, лоиҳаи АМЗСТ «Қарзҳои хурд дар Тоҷикистон», ки аз 1-уми июли соли 1999 оғоз ёфт, ягона равзанаи наҷот аз гирдоби камбизоатӣ ва нури умед ба ояндаи босаодат гардид. Ин лоиҳаи судманд иқдоми аввалин буд, ки бо дастгирии Ҳайати байналмилалии шафқат (Mercy Corp) дар кишвар амалӣ гардид.
Баъдан бо тақозои замон ин ташкилот доираи фаъолияташро вусъат бахшида, вориди арсаи байналмилалӣ гардид. Маҳз бо ҳамин мақсад баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» 24-уми ноябри соли 2004 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди (Бунёди) байналхалқии қарзии хурди (ФБҚХ) «Имон» аз қайди давлатӣ гузашт.
Бино ба гуфти директори генералии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» Санавбар Шарифова, аз оғози фаъолияташ «Имон интернешнл» қарздиҳии хурди дорои тамоюли иҷтимоиро пеш гирифтааст, ки барои он устувории молиявӣ ва некуаҳволии мизоҷон дараҷаи баланди дастовард маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ташкилот барои баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон ба маъракаи калони ахборотӣ –«Қарздиҳии оқилона» ҳамроҳ шуд. «Имон интернешнл» бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи саводнокии молиявии аҳолӣ беш аз 150 тренинг баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд. «Имон интернешнл» ягона иштирокчии ин чорабинӣ аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Худи ҳамон сол АМЗСТ ва Ассотсиатсияи Менонит оид ба рушди иқтисодӣ (МЕДА) аз Канада ба татбиқи лоиҳаи «Рушди кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон» шурӯъ намуданд, ки барои парваришу рӯёнидани сабзавоту мева дар вилояти Суғд равона гардида буд. Барнома бо дастгирии молиявии Агентии Канада оид ба рушди байналхалқӣ (CIDA) амалӣ гардид. Мақсади он мусоидат ба рушди иқтисодии оилаҳои сокини деҳоти вилояти Суғд бо роҳи ба онҳо расонидани ёрии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумот, пешниҳоди қарзҳо барои хоҷагии қишлоқ, муассисаҳои тиҷорати хурд ва миёна оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Шарики маҳаллии МЕДА дар татбиқи тақсимоти қарзи хурд ФБҚХ«Имон» ба ҳисоб мерафт, ки муассиси он АМЗСТ ва Ҳайати шафқат мебошанд.Ҳамагӣ баъди ду соли фаъолият ФБҚХ «Имон» аллакай 14182 нафар мизоҷи фаъол дошт, ки аз онҳо 52 фоизашонро бонувон ташкил намуда, 32 фоизи мизоҷон аҳолии деҳот буданд.
Вақте ки «Имон интернешнл» рӯ ба фаъолияти байналмилалӣ овард, зарурат пеш меомад, ки майдони амалиёташро васеъ гардонида, дигар соҳаҳои хоҷагии халқро низ фаро гирад. Маҳз ба ҳамин хотир ФБҚХ «Имон» бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ фаъолияти нави иҷораи молия, яъне лизингро дар амал ҷорӣ намуд. Акнун имконият пеш омад, ки ФБҚХ «Имон» ба соҳаи аз ҷиҳати маблағгузории мустақил нисбатан ақибмонда, яъне кишоварзӣ, хосатан чорводорӣ, рӯ оварад. Ин созмон дар ҷумҳурӣ бори нахуст баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши мизоҷон дар соҳаи кишоварзӣ, алалхусус чорводорӣ иттифоқи соҳибкориро, аз қабили «ЗарЗамин», «Зооветконсалтинг», «Агроконсалтинг» ташкил намуд. Чунин тарзи корбарӣ имкон дод, ки мизоҷон бо технологияҳои навтарини соҳаи кишоварзӣ ошно гарданд. Аз соли 2005 то оғози соли 2008 ФБҚХ «Имон» бештар аз 78000 қарзро бо маблағи зиёда аз 50 миллион доллари ИМА ба мизоҷонаш пешниҳод кард. Дар ин муддат 512 ҷойи кор ташкил ва бештар аз 32 000 ҷойи кор дастгирӣ шудааст.
Баъди таҳлили амиқи бозори хизматрасонии молиявӣ ва омӯзиши талаботи бозор хизматрасонии нав – қарзи истеъмолӣ (бо мақсадҳои гуногун) ҷорӣ карда шуд. Мизоҷон ҳамакнун имкон пайдо намуданд, ки барои иҷрои мақсадҳои шахсӣ, аз қабили харидҳои калон дар мағозаҳо, харидани нақлиёт, беҳтар кардани шароити зист, пардохти маблағи таҳсил,табобат, истироҳат ва амсоли инҳо низ қарз гиранд.
Вобаста ба васеъ гардидани доираи фаъолият ва бо ҳамин роҳ дар ҷабҳаи амалиёти байналмилалӣ мусоидат намудани тарзи коргузорӣ зарурати тағйирот даровардан ба сохтори идоракунии ташкилот ба миён омад. Бо мақсади васеъ намудани сарчашмаҳои молиявӣ ва ҷалби инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии хурди (ҶДММ ТҚХ) «Имон интернешнл» ташкил карда шуд, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2008 аз қайд гузашта, 20 майи соли 2008 соҳиби иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гардид.
Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон соли 2012 озмуни «Бонуи соҳибкори сол – «Фараҳ-2012»»-ро гузаронд. Сарпарасти кулли ин чорабинии бонуфуз ва пуршукӯҳ ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» ва муассисаш– Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон буданд. Дар он озмун аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бонувоне, ки бо намудҳои гуногуни соҳибкорӣ машғуланд, иштирок карданд. Замира Қаҳҳорова — соҳибкорзан аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ғолиби ин озмун ва соҳиби 100 000 ( сад ҳазор) сомонӣ гардид, ки ҷоизаи мазкур ба вай дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе дар вазъияти ботантана супурда шуд. Дигар бонувони соҳибкоре, ки дар ин озмун ба натиҷаҳои баланд соҳиб гардиданд, низ сазовори мукофоту туҳфаҳои арзанда гардиданд.
Соли 2014 Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни дуюми ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол – «Фараҳ-2014»»-ро гузаронд. Муҳаббат Ҷабборалиева — соҳибкор аз шаҳри Истаравшан ғолиби ин озмун ва соҳиби 100 000 ( сад ҳазор) сомонӣ гардид. Ҳамчунин панҷ нафар ғолибони дигар аз рӯи панҷ номгӯй аз ҷониби ташкилкунандагони озмун ба давлатҳои Исроил ва ИМА барои таҳсил ва соҳиб шудан ба малакаҳои хуби соҳибкории кишварҳои мутараққӣ фиристода шуданд.
Нишондиҳандаҳои хоси ба комёбиҳо мушаррафгардидаи ташкилот мукофотҳое мебошанд, ки ба онҳо дар солҳои гуногун сазовор гардидааст. Аз ҷумла барои фаъолияти коргузорӣ ин ташкилот соли 2009 баҳои олии «А»-ро аз Ширкати байналмилалии рейтингии «Microfinanza rating» ба даст овард. Соли 2010 сазовори баҳои олии «А»+ барои мувофиқат ба миссия, яъне вазифаи иҷтимоии худ гардид. Шабакаи байналмилалии «Mix market», ки дар ақсои олам ташкилотҳои молиявии хурдро муттаҳид мегардонад, ба фаъолияти ташкилот баҳои олии 5 бриллиантро муносиб донист. Соли 2012 «Имон интернешнл» ба инъоми олии «Mix market» – ҷоизаи платинӣ барои нуфузи иҷтимоӣ сазовор гардид.
Бо гирифтани иҷозатномаи дигари Бонки миллии Тоҷикистон (7-уми январи соли 2013) «Имон интернешнл» ҳамчун Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд (ҶСП ТАҚХ) ба фаъолият шурӯъ намуд, ки натиҷаи самарабахши амали роҳбарият, кормандон, Шӯрои нозирон ва шарикон дар бозори молияи мамлакат маҳсуб меёбад.
Дурнамои фаъолияти ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» аз он иборат аст, ки аҳолии Тоҷикистон аз хидматрасониҳои молиявии инноватсионӣ, босифат ва шаффоф бархӯрдор шуда тавонанд.ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» дорои 25 бахш (филиал) ва зиёда аз 130 нуқтаи фурӯш аст. Дар 38 манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст, намояндагиҳои ташкилот фаъолият мебаранд, ки дар онҳо беш аз 2000 нафар кормандон ба зиёда аз 100 000 нафар мизоҷон хизматҳои молиявӣ мерасонанд.
Бо дарназардошти зарурати таъмини мамлакат бо кадрҳои баландихтисос моҳи августи соли 2011 ТАҚХ «Имон интернешнл» маҳсулоти қарзии «Чароғи маърифат»-ро, ки дар институтҳои молиявии Тоҷикистон назир надорад, пешниҳод намуд. Маҳсулоти мазкур ба ҷавонони қобилиятноки ояндадор имкон медиҳад, ки маълумоти олии босифат гиранд ва дар оянда донишу малакаи худро амалӣ намуда, ба рушд ва шукуфоии кишвар мусоидат кунанд. Ин намуди қарз бо фоизи нисбатан паст пешниҳод мегарданд.
Ҳамчунин ҶСП «Имон интернешнл» маводи инноватсионии молиявии зеринро бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ пешкаш менамояд:
1. Пардохт тавассути терминалҳои «Имон–пей». Бо мақсади сарфа намудани вақти мизоҷон «Имон интернешнл» хизматрасонии пардохтро тавассути терминалҳои «Имон-пей» пешниҳод мекунад, ки имкон медиҳад пардохт дар муддати 24 соат бе комиссия гузаронида шавад.
2. Қарздиҳии он-лайн. Ташкилот дар байни ниҳодҳои молияи хурди мамлакат аввалин шуда, хизматрасонии қарздиҳии он-лайнро пешниҳод кард. Тартиби одии ба расмият даровардани дархост кӯшиши иловагӣ ва малакаи махсусро талаб намекунад. Маълумоти заруриро ворид кардан кифоя аст ва мизоҷ метавонад барои гирифтани маблағ ба бонк равад.
3. «Бонкдории мобилӣ». Хизматрасонии «Бонкдории мобилӣ» маҷмӯи муосири воситаҳои барномавии техникӣ мебошад, ки барои пешниҳоди хидматрасониҳои бонк ба воситаи телефони мобилӣ тартиб дода шудааст. «Бонкдории мобилӣ»-и «Имон интернешнл» барои таъмини назорати шабонарӯзии ҳамаи суратҳисобҳои бонк ва иҷро намудани амалиёти пардохт бо истифода аз алоқаи мобилӣ таъмин шудааст.
4. Ташкилот ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки барои харидани манзил қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намояд. Fайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз»-ро оғоз намуд. Дар доираи ин лоиҳа ба аҳолӣ қарзҳои дастрас барои омодагии манзил ба зимистон ба воситаи харидани технологияҳои барқароршавандаи қувваи барқ, гарминигаҳдории дару тирезаҳо, чароғакҳои светодиодӣ, таҷҳизоти гармидиҳанда ва ғайра пардохта мешаванд.
Муассисони ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» пайваста таъкид мекунанд,ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташкилот арзи вуҷуд намуд, рушд ёфт ва сол то сол ба дастовардҳои бузург ноил мешавад. Аз соли 2014 то имрӯз ташкилот барои зиёда аз 30 ҳазор нафар машваратҳои ройгонро доир намуда, бештар аз 1000 нафарро дар тренингҳои «Ояндаро ба нақша гир» бо машғулиятҳо фаро гирифт. Боз қариб 1500 нафар занон дар тренинг оид ба оғози тиҷорати нав таълим гирифта, қариб 900 нафари онҳо маблағгузорӣ шуданд, 842 нафар занон барои худ ва аъзои оилаашон ҷойи кор пайдо намуданд.
Яке аз рукнҳои арзишманд ва масъулиятноки ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» ба амал баровардани фаъолияти хайриявӣ дар самти ғамхорӣ нисбати кӯдакони ятиму бепарастор, дастгирии оилаҳои камбизоат, пиронсолони барҷомондаю маъюб, муҳтоҷону ниёзмандон, тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон, мактаб — парваришгоҳҳо, боғчаву кӯдакистонҳо, беҳтар намудани шароити зист, баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонони лаёқатманд ва дигар қишри ниёзманд ба ҳисоб меравад.
Соли 2013 ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» ҳамчун андозсупорандаи беҳтарин эътироф гардида, барандаи ҷоизаи «Қуллаи шараф» аз рӯи озмуни Бренди сол миёни бонкҳои кишвар шуд. Шарафёб гардидани ташкилот ва сарварони он бо чунин мукофоту ҷоизаҳои баланд («Соли 2010 директори генералии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» Санавбар Шарифова ва соли 2014 муовини якуми директори генералии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл», сарвари кулли Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова ба Ҷоизаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) – «Зан дар тиҷорат» шарафёб гардиданд») ва дарёфти эътирофи байналмилалӣ натиҷаи муносибати софдилонаву садоқатмандона ва масъулиятшиносии баланд нисбат ба иҷрои вазифа аст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» ҳадафу вазифаҳои худро дар назди давлат ва ҷомеа бо масъулияти том иҷро намуда, минбаъд низ баҳри баланд бардоштани сифати хизматҳои пешниҳодшаванда ба мизоҷон, нигоҳ доштани мавқеи устувор ва пешсафии худ дар бозори молияи Тоҷикистон, табдил ёфтан ба бонк кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»