Бисту чоруми апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС:- Вакилони муҳтарам, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия шарики стратегӣ мебошад. Ин аз ду ҷониб эълон шудааст. Мутаассифона, вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии Федератсияи Россия маводҳое ба табъ мерасанд, ки ба ягон чорчӯбаи одоб мувофиқат намекунанд. Чунончӣ, баромади раиси ҳизби ҲЛДР В.Жириновский аз тариқи телевизиони давлатии Федератсияи Россия ба ин мисол шуда метавонад. Оид ба ин масъала мо бояд фикри худро ба Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия изҳор намоем. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯза илова мешавад.
Бо назардошти ин пешниҳод бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин ворид шуданд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Мирзоев А. К. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Файзалов Н. ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Масъалаҳои аввали рӯзнома- «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Мирзоев А. К. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Файзалов Н. ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуда, таври алоҳида қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» Н.Файзалов баъди ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидан савганд ёд намуд.
РАИС: -Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сухан ба муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадов Сӯҳроб Талбакович дода мешавад.
Сӯҳроб МАҲМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони иззатманд!
Ба баррасии шумо Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод мегардад.
Созишномаи мазкур аз ҷониби сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳо дар соҳаи минатозакунии гуманитарӣ, муттаҳидгардонии қувваҳо дар рушд ва мукаммалгардонии таъминоти муҳандисӣ, ҳалли масъалаҳои техникӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият ҳангоми гузаронидани тадқиқоти илмӣ, тарҳрезӣ, коркард ва ба даст овардани воситаҳои таъминоти муҳандисии қӯшунҳои муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия ва ба имзо расонида шудааст.
Созишнома аз муқаддима, 15 модда иборат буда, дар он мақсад ва самтҳои асосии ҳамкорӣ ва принсипу меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобила оид ба масъалаҳои таъминоти муҳандисӣ, муносибати умумӣ ба ҳалли масъалаҳои техникӣ-ташкилии таъминоти муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирочии ИДМ, инчунин фаъолияти муштараки илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ва рушди фаъолияти гуманитарӣ, тайёр намудани кадрҳо, ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи стандартизатсия, тартиб додани феҳраст, сертификатсия ва метрология ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба коркард ва истеҳсоли техникаи муҳандисӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирочии ИДМ, ки ифодакунандаи манфиатҳои тарафайн, эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои миллӣ мебошанд, оварда шудааст.
Бинобар гуфтаҳои боло, мувофиқи мақсад аст, ки Созишномаи мазкур аз тарафи шумо, вакилони гиромӣ, тасдиқ карда шавад ва он ба амалигардонии чорабиниҳо доир ба таъминоти муҳандисӣ асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки барои ҷонибдорӣ намудани Созишномаи мазкур овоз диҳед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.
Абдузафар ИНОМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар баррасии мо Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти мамлакат пешниҳод шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи мазкур рӯзи 30 майи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод аз тарафи роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ ба имзо расидааст.
Созишномаи зикршуда баҳри ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, техникӣ ва мубодилаи иттилоот байни давлатҳои ИДМ, банақшагирӣ ва ташкили кор оид ба созмондиҳии системаҳои иттилоотӣ ва минбаъдаи маълумот, инчунин истифодаи қӯшунҳои муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирочии ИДМ барои гузаронидани минатозакунии гуманитарӣ, машқҳои муштараки махсус, ташкили ҷамъомадҳои ҷузъу томҳои муҳандисӣ ва гузаронидани корҳои муштараки илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи бунёди воситаҳои аслиҳаи муҳандисӣ, таҳияи усулҳои истифодабарии қисму воҳидҳои қӯшунҳои муҳандисӣ, банақшагирӣ ва ташкили бунёди маркази муштараки сертификатсияшуда оид ба таъмир, хизматрасонии техникӣ ва амволи муҳандисӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли равон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳо ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 17 апрели соли равон дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ шуд.
Созишномаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷонибдорӣ кунед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич дода мешавад.
Маҳмадамин МАҲМАДАМИНОВ: — Муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи талаботи банди 6 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 таҳти №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2012» бо мақсади ҷорӣ намудани механизми ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ таҳия гардида, бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо ба моддаи 35 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми нав (қисми 5) илова карда шуд.
Лоиҳа аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.
Тӯрахон САМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи мазкур ҷиҳати иҷрои банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 таҳти №431 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст. Мақсад аз пешниҳоди лоиҳа бо меъёрҳои Кодекси меҳнат мувофиқ гардонидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ ҳамчун василаи пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ мебошад.
Кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро омӯхта, онро дастгирӣ намуда, ҷиҳати тақмили он ҳашт таклиф пешниҳод карданд.
Санаи 16 апрели соли 2013 лоиҳа дар ҷаласаи васеъи кумитаи масъул бо иштироки намояндаҳои кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ муҳокима гардида ҳамаи таклифҳо пурра ё қисман қобили қабул шуморида шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Хоҳишмандем, онро дастгирӣ кунед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 17 апрели соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Аз рӯйи ин масъала Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков ва Дилшод Исматуллоев баромад намуда буданд.
Абдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2011 таҳти №567 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ҳанӯз моҳи ноябри соли 1995 қабул гашта, ба шароит, талабот ва қонунҳои оғози давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ такя ва мувофиқат менамуд.
Тағйирёбии вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию молиявӣ, низоми фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва савдои беруна, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва сатҳи алоқамандии мустақили иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳамчунин қабули қонунҳои нав зарурати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»- ро ба миён гузошт.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» муносибатҳои ҷамъиятии танзими асъор ва назорати асъорро муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур аз 4 боб ва 24 модда иборат мебошад.
Боби 1 (моддаҳои 1 — 2) муқаррароти умумиро дар бар гирифта, дар он, аз ҷумла мафҳумҳои асосӣ оварда шудааст.
Боби 2 (моддаҳои 3 — 17) масъалаҳои танзими асъорро дар бар гирифта, дар он мақсад, вазифаҳо, принсипҳои танзими асъор, мақомоти танзими асъор ва салоҳияти онҳо, иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои асъорӣ, талабот нисбат ба резидентҳо оид ба баргардонидани асъори хориҷӣ ва пули миллӣ ба суратҳисобҳои худ, тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя ва ғайра пешбинӣ гардидаанд.
Боби 3 (моддаҳои 18 — 20) масъалаҳои назорати асъорро дар бар гирифта, дар он мақсад ва вазифаҳои назорати асъор, мақомот ва агентони назорати асъор ва салоҳияти онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешбинӣ шудааст.
Дар боби 4 (моддаҳои 21 — 24) масъалаҳои тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» пешбинӣ мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағгузориро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
Исмоил ТАЛБАКОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозиринӣ гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2013 таҳти № 71 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 марти соли 2013 таҳти №1746 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои додани хулоса ба Кумитаи иқтисод ва молия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ирсол карданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад ва ҷавобгӯй ба талаботи санадҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни мазкур хулосаҳои мусбат дода, онро ҷонибдорӣ намуда, 51 таклифу дархостҳо ба кумитаи масъул ирсол намуданд.
Таклифу дархостҳои пешниҳодшуда дар маҷлиси васеи кумита якуми апрели соли 2013 бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума ва нашр, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз таклифу дархостҳои пешниҳодшуда 23 -тоаш қабул, 4 -тоаш қисман қабул шуда, 24- тоаш қабул нагардид.
Дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2013 аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклиф пешниҳод ва таъкид гардид, ки онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. Таклифҳои зикршуда дар мувофиқа бо субъекти ташаббускор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки лоиҳаро боз ҳам мукаммал гардонид. Вакилони муҳтарам, аз ин хотир пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаи 21, қисми 2 пас аз калимаи «махсуси» калимаи «анҷоми» илова карда шавад.
Ҳамин тариқ, бо назардошти хулосаҳои пешниҳодшуда, дар мувофиқа ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба лоиҳаи қонуни мазкур тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шуд:
-дебочаи лоиҳа дар таҳрири зайл; «Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии танзими асъор ва назорати асъорро муқаррар намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд» таҳия карда шуд;
- зербанди 1 моддаи 1 ва тамоми лоиҳа, бо назардошти қисми 14 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуд;
- дар моддаи 2 калимаи «ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар моддаи 3, қисми 1 калимаи «устувори» ба калимаи «устувории» ва дар моддаи 4 қисми 4 калимаи «асосии» ба калимаи «давлатии» иваз карда шуданд;
-аз номи моддаи 8 ва сархати аввал калимаи «дар» хориҷ ва ба зербанди 6) калимаи «акредитивҳо» дар қавсайн илова карда шуд;
- сархати аввали моддаи 14 дар таҳрири нав «Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя инҳо мебошанд;» қабул карда шуд;
- аз номи моддаи 15 калимаи «анҷоми» хориҷ ва дар қисми 2 ҳамин модда калимаи «анҷоми» ба қалимаи «оғози» иваз карда шуд;
- дар моддаҳои 18 ва 19 ибораҳои «қонунгузии асъорӣ ва тартиби» ба ибораҳои «қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор», калимаи «Агентони» ба калимаи «Агентҳои», дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 20 калимаи «асъорӣ» ба калимаи «асъориро» иваз карда шуд.
Инчунин ба лоиҳа як қатор тағийру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ ва техникидошта низ ворид карда шуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»- ро, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо яке аз муваффақиятҳои тозатарини давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад. Барои аъзо шудан ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар давоми даҳсолаи охир аз ҷониби Президенти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ кори зиёд ба анҷом расонида шуд.
Яке аз талаботи воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷорӣ намудани сиёсати нисбатан сабук ва озоди танзиму назорати асъор ба шумор меравад.
Бо мақсади такмилдиҳии низоми мубодилаи асъор ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» пешниҳод мешавад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳуқуқи иштирокчиёни муносибату амалиётҳои асъорӣ пурра муайян карда шудаанд.
Тартиби амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ, содироту воридот ва интиқол додани сарватҳои асъорӣ дар моддаҳои алоҳидаи қонуни мазкур танзим ёфтаанд.
Дар матни нави лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои пули миллӣ, танзими асъор, назорати асъор ва шартномаи асъорӣ ворид ва шарҳ дода шудаанд.
Инчунин аз матни лоиҳа мафҳумҳои амалиёти ҷории асъорӣ, бозори дохилии асъор ва СПОТ-қурби ивазкунӣ хориҷ карда шудаанд.
Аз рӯйхати сарватҳои асъорӣ мафҳумҳои фулузоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои табиӣхориҷ карда шудаанд. Минбаъд онҳо ҳамчун сарватҳои асъорӣ ҳисоб намешаванд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур амалиётҳои асъорӣ мисли пештара ба ду қисм, яъне амалиётҳои ҷорӣ ва амалиётҳо марбут ба ҳаракати сармоя ҷудо нашудаанд. Дар моддаи 8 амалиётҳои асъорӣ баёни резидентҳо ба танзим дароварда шудааст, ки мутобиқи он шаҳрвандон ҳуқуқ доранд амонату пасандозҳои худро бо асъори хориҷӣ ба номи худ ё дигар шахсон гузоранд.
Инчунин бо мақсади хайрия интиқол ё додани сарватҳои асъорӣ байни шахсони воқеӣ имконпазир гардидааст. Ташкилотҳои хайрия низ ҳуқуқ пайдо кардаанд, ки сарватҳои асъориро ҳамчун хайрия қабул намоянд ва диҳанд.
Тибқи моддаи 15- уми лоиҳаи қонуни мазкур шаҳрвандон метавонанд, бо шарти сари вақт огоҳ намудани Бонки миллии Тоҷикистон, бемонеа амалиётҳои марбут ба ҳаракати сармояро анҷом диҳанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо муомилот ва назорати асъорро ба танзим медарорад, балки барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ низ шароит фароҳам меорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонуни мазкур баъди баррасӣ бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил додан ба кумитаи масъул баргардонида шуда буд.
РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков дода мешавад.
Исмоил ТАЛБАКОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи гузаштаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз ҷониби вакили муҳтарам М.Нозимов оид ба тағйир додани мафҳумҳои «пули миллӣ» ва «асъори хориҷӣ» дар моддаи 1 ва аз ҷониби вакили муҳтарам Г.Р.Рабиева доир ба қисми1 моддаи 5 лоиҳае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, таклифҳо пешниҳод гардид, ки мавриди баҳс қарор гирифт.
Бо ҳамин сабаб лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул барои баррасии иловагӣ супорида шуда буд.
Рӯзи 19 апрели соли равон кумитаи масъул бо иштироки вакилони номбурда, намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи иловагӣ оид ба баррасии таклифҳои зикршуда доир намуд.
Инчунин доир ба баррасии баҳси бамиёномада таври алоҳида муҳтарам Миралиев Амиршо Миралиевич — муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилои Л.Ҳ.Саидмуродов, А.С.Фелалиев, Низом Қосим, М.Каримов, С.Амиршоева, С.Холов, С.Шарипов, Д. Исматуллоев, С.Х.Раҷабов, С.Гулов, Д.Ҳ.Ҷабборов, Ш.Сироҷов ва дигарон иштирок намуданд.
Дар натиҷа, таклифҳо дар бораи тағйир додани мафҳумҳои «пули миллӣ» ва «асъори хориҷӣ» бо асосҳои зерин қабул нашуд ва лоиҳаи пешниҳодшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонро аз 26 октябри соли 2000 таҳти №426 «Дар бораи ба муомилот баровардани пулӣ миллӣ» бо забони давлатӣ ва «наӣионалҳной валюта» бо забони русӣ, ба имзо расонида, таъкид намуд, ки «эҳтироми пули миллӣ- эҳтироми миллат аст.».
Ҳамин тариқ, барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар дохили кишвар пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон, шиносномаи низоми пули миллӣ ва дар муносибатҳои пулию қарзӣ берун аз кишвар дар иқтисоди ҷаҳонӣ бо дигар мамлакатҳо асъори хориҷӣ эътироф гардида, дар амалиётҳои низоми пулии ҷаҳонӣ муваффақона иштирок намуда истодааст.
Кумитаи масъул якҷоя бо шуъбаи ҳуқуқ, бо ҷалби мутахассисон, ҳамаи қонунҳои соҳаи пулию қарзии амалкунандаро таҳлил намуда, ба хулоса омад, ки мафҳумҳои «пули миллӣ» ва «асъори хориҷӣ» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ мушаххас истифода шудаанд ва байни худ мухолифат надоранд.
Бо назардошти асосҳои зикршуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар таҳияе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо назардошти хулосаи кумитаи масъул ва тағйироти қисми 1 моддаи 5 ҷонибдорӣ намоед ва ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонуни мазкур боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» сухан ба муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиддиқов Саид Раҷабалиевич дода мешавад.
Саид СИДДИҚОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони мардумӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», ки ба муҳокима ва баррасии шумо пешниҳод гардидааст, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 таҳти рақами 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2-юми лоиҳаи қонун пешниҳод карда мешавад, ки номи қонун бо ҳарфҳои калон ва бобҳои он бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
Тибқи қисми 3-юми лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ифода намудани номи моддаи 1 пешниҳод шудааст. Мувофиқи қисми 4-уми лоиҳа, дар таҳрири нав ифода кардани моддаи 4 пешниҳод мешавад, ки тибқи он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Мутобиқи қисми 5-уми лоиҳа, дар матни моддаи 51 , матни моддаи 13, қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 27 ва қисми якуми моддаи 34- уми қонун иваз намудани калимаҳои «Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Дар қисми 6-уми лоиҳа иваз намудани калимаҳои «созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида» ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ» пешниҳод карда шудааст.
Мувофиқи қисми 7-уми лоиҳа, дар матни моддаи 10 ва сархати якуми қисми якуми моддаи 17 иваз намудани калимаҳои «қонуни мазкур» ба калимаҳои «тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Тибқи қисми 8-уми лоиҳа, дар қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 18-уми қонун иваз намудани калимаҳои «Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст.
Тибқи қисми 9-уми лоиҳаи қонуни мазкур, номи боби 6- уми қонун дар таҳрири нав пешниҳод карда шудааст.
Мутобиқи қисми 10-уми лоиҳа, дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 35 пешниҳод карда шудааст, ки тибқи он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қабули қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Муҳтарам вакилони мардумӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА : — Муҳтарам Раис, вакилон ва меҳмонони олиқадр!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 2013 таҳти №1805 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
16 апрели соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмуъ дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмили он нуҳ таклиф пешниҳод карданд, ки ҳамаи таклифҳо қабул гардиданд.
Илова ба ин, мутобиқи талаботи лоиҳаи қонуни мазкур, матни моддаҳои гуногуни қонуни амалкунанда аз ҷиҳати услуби забон ва мутобиқати дохилӣ мавриди таҳрир қарор дода, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ гардонида шуд.
Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур номутобиқатии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» бартараф шуда, ин амал боиси минбаъд аз байн рафтани мухолифат ҳангоми татбиқи ин меъёрҳо мегардад.
Инчунин дар қонуни амалкунанда калимаҳои «Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида» ва «Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ» ва «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуданд.
Ҷиҳати мукаммалгардонии лоиҳаи қонуни мазкур аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муҳимият ва зарурияти қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба инобат гирифта, ба тарафдории он овоз диҳед.
Муҳиддин КАБИРОВ: — Пахши ҷаласаҳои парлумон аз тариқи телевизион хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо ошкоро бояд гуфт, ки ин шикоят нест, вале дар тӯли ҳашт соли вакилиам ягон маротиба интихобкунандаи мо назари вакилашро тариқи телевизиони давлатӣ нашунидааст.
Бо мактуби расмӣ ҳатто муроҷиат намуда будем, ки нисбати баъзе лоиҳаи қонунҳо назари худро тариқи телевизион баён намоем. Вале як ҷавоби хушк омад, хулоса рад шуд.
Телевизион давлатӣ аст. Давлат аз қишрҳо иборат аст ва воқеан болои мардум таъсир дорад. Гоҳҳо суол медиҳанд, ки шумо дар ҷаласаҳо иштирок мекунед ё не?
Даъват кунанд, нуқтаи назари гуногуни ҳизбҳо, вакилон, нисбати ин ё он масъала гуфта шавад. Мардум ҳам бинанд, ки парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият доранд.
Дар аксари масъалаҳо на ихтилоф, балки иттифоқи назар ҷой дорад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат Холматович дода мешавад.
Азизмат ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Дар асоси муқаррароти моддаҳои 6 ва 48 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми 2 моддаи 1 Қонуни конститутсионӣ чунин муайян карда мешавад: «Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
Дар қисми 2 моддаи 2 ва минбаъд дар тамоми матни Қонуни конститутсионӣ калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда мешавад, зеро дар ҳуқуқи байналмилалӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дар қисми зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ на калимаи «ҳақ», балки калимаи «ҳуқуқ» истифода гардида, он мазмуни аслии мафҳуми «ҳуқуқ» — ро пурра ва фаҳмо мегардонад.
Илова ба моддаи 6, ба роҳбари мақоми навташкил — раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият медиҳад, ки дар баробари роҳбарони дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд.
Илова ба қисми 5 моддаи 7 муқаррар мекунад, ки ваколати вакили Маҷлиси намояндагон дар сурати ба вазифаи дигар таъин гардидани ӯ низ қатъ мегардад.
Тағйиротҳо ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 8 меъёрҳои мазкури Қонуни конститутсиониро пурра ва мушаххас мегардонанд.
Тағйиру иловаҳо ба моддаи 36 меъёрҳои Қонуни конститутсиониро ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намуда, ба Маҷлиси намояндагон салоҳият медиҳанд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ тасдиқ намояд, муҳокимаҳои парламентиро ташкил кунад ва гузаронад, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисобро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кунад, Намояндаи худро дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд.
Илова ба қисми 3 ҳамин модда муқаррар мекунад, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон савганд ёд кунанд.
Тағйирот ба қисми 1 моддаи 37 меъёри мазкурро мутобиқ ба муқаррароти қисми 5 моддаи 60 Конститутсия намуда, муайян мекунад, ки Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул ва иҷрои буҷети давлатиро назорат намояд.
Илова ба қисми 6 ҳамин модда, дар мувофиқа бо муқаррароти моддаҳои 28 ва 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагон салоҳият медиҳад, ки хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта, ҳисоботи ҷамъбастии Палатаи ҳисоб оид ба фаъолияти аудиториро баррасӣ намояд ва шунавад.
Иловаҳо ба бандҳои 8 ва 12 моддаи 42 Қонуни конститутсионӣ ба салоҳиятҳои Раиси Маҷлиси намояндагон вобаста ба пешниҳод намудани номзадии Намояндаи Маҷлиси намояндагон дар дигар мақомоти давлатӣ ва тамдиди муҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ асоси ҳуқуқӣ мегузорад.
Илова ба моддаи 49 Қонуни конститутсионӣ имконият медиҳад, ки раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор интихоб карда шаванд.
Дар қисми 2 моддаи 54, шаклҳои амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мушаххас гардонида, чунин муқаррар карда мешавад: «Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.».
Илова ба моддаи 58 Қонуни конститутсионӣ муқаррар мекунад, ки Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро амалӣ намуда, дар баробари қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳо, инчунин кодексҳоро қабул мекунад.
Тағйирот ба моддаи 65 меъёри мазкурро дақиқ намуда, чунин муқаррар мекунад: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон доранд, ки онҳоро дар давоми муҳлати ваколатҳояшон истифода мекунанд.».
Ҳамин тариқ, лоиҳаи баррасишаванда дар сурати қабул метавонад ҳалли масъалаҳоро вобаста ба фаъолияти Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон, дақиқу мушаххас гардонад ва ба самаранокгардии фаъолияти онҳо мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Рабиева Галия Рабиевна дода мешавад.
Галия РАБИЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ Қ. Расулзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Н.А. Ғафорова, А.Х. Имомов пешниҳод шудааст.
Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2012 таҳти №1621, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои худро ба лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур пешниҳод намуданд, инчунин аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хулосаи экспертизаи ҳуқуқии лоиҳа дода шуд.
Дар хулосаҳо лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур асосан ҷонибдорӣ ёфта, барои такмили он 61 эроду таклиф иброз карда шуд. Аз ҷумла, бинобар он ки мутобиқсозии куллии қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ баъзе иловаҳои дигарро талаб менамояд, аз ин рӯ тағйиру иловаҳо қисми зиёди моддаҳои қонуни амалкунандаро дар бар мегиранд, ба мақсад мувофиқ будани таҳия ва пешниҳоди он дар таҳрири нав зикр гардид ва барои ин корҳо вақти муайян зарур аст.
Бо вуҷуди ин, як қатор масъалаҳо, хусусан вобаста ба ҳуқуқу вазифаҳои Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бояд ба қонун ҳамин замон ворид карда шаванд. Аз ин рӯ, дар мувофиқа бо муаллифони лоиҳаи қонун қисмҳо вобаста ба номгузории моддаҳо аз лоиҳаи пешниҳодшуда хориҷ карда шуданд. Бинобар ин, аз эроду таклифҳои воридшуда ҳамагӣ 21-тоаш қабул ва 9-тоаш қисман қабул шуданд, 31 пешниҳод қабул нашуд.
Қобили зикр аст, ки аз тарафи кумитаи масъул таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонуни конститутсионии мазкур дар таҳрири нав ба нақша гирифта шудааст ва ин масъалаю пешниҳодҳо ҳангоми таҳияи таҳрири нави қонуни конститутсионӣ ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо мақсади такмили лоиҳаи қонуни мазкур ба он баъзе тағйирот ворид карда шуд, ки онҳо дар лоиҳаи ба шумо додашуда бо ҳарфи сиёҳ ишора гардидаанд. Аз ҷумла:
- дар ибтидои моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 ишора карда шуд;
- сархатҳо оид ба иваз намудани калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» дар 10 модда, иваз намудани калимаҳои «тибқи қонун» ба калимаҳои «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисми якуми моддаи 8 илова карда шуданд;
- инчунин дар сархати сеюми қисми 19, бо назардошти қисми 2 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз калимаи «гузашта» калимаҳои «, ҳисоботи ҷамъбастии Палатаи ҳисоб оид ба фаъолияти аудиториро» илова карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни такмилдодашуда дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 16 апрели соли 2013 ҳаматарафа муҳокима карда шуд. Дар рафти ҷаласа таҳрири нави қисми 1 пешниҳод ва қабул карда шуд, яъне:
«1. Қисми дуюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба ҷаласаи имрӯзаи иҷлосия Муроҷиатномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия пешниҳод карда мешавад. Тавре дар оғози ҷаласаи имрӯза баён доштам, вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии Федератсияи Россия нисбати тоҷикону Тоҷикистон хабарҳое нашру пахш мешаванд, ки асоси воқеӣ надоранд. Кор ба дараҷае расидааст, ки эроду танқид ба туҳмату таҳқир табдил ёфта истодааст. Нишон додани қатораҳои Тоҷикистон бо ворид шудани муҳоҷирони меҳнатӣ гӯё аз нигоҳи тиббӣ носолим, нашъаманд, паҳнкунандаи касалиҳои сирояткунанда ба Федератсияи Россия кам буд магар, ки ахиран суҳбати телевизионии вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Владимир Жириновский аз тариқи шабакаи расмии ин давлат – «Россия-1» ба дараҷаи олии таҳқир пахш гардид.
Владимир Жириновский дар барномаи «Поединок» бо Виктор Анпилов – роҳбари ҳаракати «Россияи коргарӣ» вориди баҳс шуда, алайҳи муҳоҷирони меҳнатии мо суханони хеле бад гуфт.
Вай муҳоҷиронро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Россия хонд.
Бо ақидаи баъзе гурӯҳҳо, онҳо гӯё ба Ватан 2-3 миллиард доллар ворид мекарда бошанд. Фикр намекунанд, ки барои 2 ё 3 миллиард доллар музди меҳнат гирифтан зиёда аз 20 миллиард доллар кор бояд иҷро кард.
Гузашта аз ин, Владимир Жириновский нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои носазо гуфт. Албатта, аз ҷониби вакил ва роҳбари як ҳизби сиёсӣ раво дидани таҳқир нисбати миллати тоҷик ва Президенти он, ки симои давлат аст, номуносиб аст. Мо бори аввал нест, ки чунин суханони аз доираи одоб беруни ҷаноби Жириновскийро нисбати тоҷикону миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ мешунавем.
Албатта, ин бадхоҳӣ ё худхоҳӣ хоси танҳо Жириновский ва ӯ баринҳост, ки инро низ мо ба виҷдони онҳо ҳавола менамоем. Ин ҳеҷ гоҳ ба муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳонаи миёни миллатҳо ва давлатҳои мо латма ворид намекунад. Мо Россияро шарики боэътимод ва стратегии худ медонем ва умедворем, ки ҳамкориҳоямон дар ҳама самтҳо минбаъд низ густариш меёбанд.
Бинобар гуфтаҳои боло, лоиҳаи Муроҷиатномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия омода шудааст.
Лоиҳаи Муроҷиатномаи мазкур баррасӣ гашт ва ҷиҳати қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. (Матни Муроҷиатнома дар ин шумора чоп шуд).
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ