Санамбӣ ОДИНАЕВА, муовини раиси ноҳияи Шӯрообод:
- Истиқлолияти давлатӣ ба мо — бонувони хатлонӣ дар навбати аввал неруи тоза ва илҳоми саршор бахшид. Ман ин сифатҳои некро, пеш аз ҳама, ба ҳаёти шахсии худ марбуту мутааллиқ медонам.
Соли 1992 мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шудам. Он вақт кишвари тозаистиқлоламон дар оташи ҷанги бемаънии бародаркуш қарор дошт. Дар чунин вазъи мураккабу нобасомон барои ҷавондухтари кӯҳистонӣ ба шаҳр омада, ба донишгоҳ дохил шудану таҳсили илм кардан кори саҳл набуд. Моҳи июни соли 1997, замоне ки дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон омодаи имзо мешуд, банда донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, ба ноҳия омадам.
Ноҳияи Шӯрообод зодаи замони соҳибистиқлолӣ аст. 13 сол боз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур муовинии раиси ноҳияро ба уҳда дорам. Бояд хотирнишон намоям, ки дар ноҳияи Шӯрообод ҷалби бонувон пештар ба корҳои роҳбарию ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад набуд. Имрӯз 13 нафар бонувон дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ, шаш нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, панҷ нафар сарвари муассисаҳои таълимӣ ва 525 нафар ба ҳайси сардори хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди ноҳия 170 нафар бонувон соҳиби маълумоти олӣ, 26 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 476 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд. Президенти ғамхору дурандеши мо Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа ғамхорию тадбирҳои пайвастаро амалӣ менамояд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат занон иштироки фаъолона доранд.
Шарофат ХУДОЙДОДОВА, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ:
- Имрӯз дар донишгоҳ 427 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 135 нафари онҳо занонанд. Аз шумораи 7885 нафар донишҷӯён, наздик ба 40 фоизашро ҷавондухтарон ташкил мекунанд. Аз 53 нафар номзадҳои илм 17 нафарашон ва аз чор нафар донишмандони мо, ки барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ омодагӣ мегиранд, ду нафарашон бонувонанд.
Мо то расидан ба Истиқлолияти давлатӣ чунин омор надоштем. Истиқлолияти давлатӣ занҳои хатлониро даҳчанд фаъол кардааст. Бамаврид аст, ки ин ҷо аз саҳми намоёни бонувоне, ба мисли М. Иззатова, К. Маҷидова, Н. Саидова, О. Шарифова, Г. Муродова, З. Холиқова, З. Давлатова, Ҷ. Раҳимова, А. Даминова ёдовар шавем. Эшон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ нақши шоиставу босазо гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсисёбии донишгоҳ аз нақши занҳои хатлонӣ дар ҳимояи сохти конститутсионӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, онҳоро муаррифгарони урфу одатҳои миллиамон ном бурданд. Президенти кишварро дар ин вохӯрӣ тарзи либоспӯшию рӯймолбандии занҳо хуш омад, онҳо бо ин амалашон ифтихор аз маданияти аҷдодии хеш менамуданд.
Дар ин радиф, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф аз амали он занҳое ёдовар шуд, ки рӯ ба либоспӯшии ғайр овардаанд. — Мо — бонувони хатлонӣ ба дину мазҳаби хеш, Ватани зебои тозаистиқлол, хоку оби муқаддас ва сиёсати Президенти кишвари азизамон Эмомалӣ Раҳмон содиқу вафодор будем ва хоҳем монд.
Таҳияи Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»