Понздаҳуми октябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қабул шуд:
1.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб намудани Достиев М.»
2.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
4.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
5.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
7.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
9.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
12.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
14. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ мекунем. Масъалаи якуми рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб намудани Достиев М.» мебошад.
Вакилони муҳтарам, ба шумо маълум аст, ки чанде пеш Низом Қосим — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд ва ваколаташ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардид. Ба ивази вакили хориҷшуда ба ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев аз рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил гардид.
Миралӣ Достиевро мо ҳамаамон хуб мешиносем. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон мебошад ва то имрӯз вазифаи директори муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-ро ба зимма дошт. Тӯли якчанд сол муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Ман лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб намудани Достиев М.»-ро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Мо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев муваффақият ва барори кор орзу менамоем.
Акнун ба баррасии масъалаи навбатӣ — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ мекунем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.
Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла дақиқ намудани мафҳумҳо, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, ҷорӣ намудани қоидаҳои гузаронидани санҷишҳо, ихтисор ва ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, муайян сохтани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, мушаххасоти пардохти иҷозатдиҳӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур заминаи меъёриву ҳуқуқӣ барои ба тариқи электронӣ ҷорӣ намудани тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти пилотӣ фароҳам оварда мешавад.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузории танзими низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад, зеро дар қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ ва ҷазои маъмурӣ барои риоя накардани қонунгузории танзими низоми иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шудааст. Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур механизми назорати фаъолияти мақомоти иҷозатдиҳанда танзим мегардад.
Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ муайян карда мешавад.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур маъмурикунонии гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро кам карда, масъулияти шахсони мансабдори мақомоти иҷозатдиҳандаро баланд, барои ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва мубориза бо коррупсия мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида, аз шумо, вакилони арҷманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.
Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромиқадр!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади дақиқ намудани мафҳумҳо, бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ, ҷорӣ намудани қоидаҳои гузаронидани санҷишҳо, ихтисор ва тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, муайян сохтани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, мушаххасоти пардохти иҷозатдиҳӣ таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 189 аз 20 августи соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаҳои кумитаи масъул бо иштироки намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳа аз ҷониби онҳо таҳия шудааст, борҳо баррасӣ гардид.
Кумитаи масъул 2 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид, ки дар он 23 пешниҳоди кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, 15-тои он қабул ва 4- то қисман қабул гардида, 4- тоаш қабул нашуд. Лоиҳаи қонуни мазкур мувофиқи эроду пешниҳодоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ислоҳ ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо такмил дода шуд. Аз ҷумла сархатҳои якум ва сеюми қисми 1 ва сархатҳои якум ва дуюми қисми 7 таҳрир карда, лоиҳа ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲ-МАДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, барои дастгирии доимиатон миннатдории худро баён менамоям.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон (шахсони воқеӣ), зиёдшавии боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, рушди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пешниҳод гардидааст.
Бо мақсади мушаххас намудани мафҳуми «пасандозҳои суғурташуда» сархати ҳафтуми моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Тибқи моддаи 16- уми қонуни мазкур, ташкилотҳои қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳар семоҳа 0,5 фоизи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи пасандозҳои шахсони воқеиро дар ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун пардохтҳои тақвимии бебозгашт пардохт менамоянд.
Бояд зикр кард, ки маблағи умумии пасандозҳои шахсони воқеӣ (бо дарназардошти маблағҳо дар кортҳои пардохтии музди маош ва нафақа) дар ҳафт моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 қариб 24 фоиз афзудааст ва он имкон медиҳад, ки пардохти тақвимии ташкилотҳои қарзӣ низ зиёд гардида, вазъи молиявии хазинаи мазкур беҳтар шавад.
Бо дарназардошти вазъи кунунии молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, паст кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ аз 0,5 фоиз то ба 0,25 фоиз пешбинӣ гардида, тағйироти дахлдор ба моддаи 16 -уми қонун ворид карда мешавад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ имкон пайдо мекунанд, ки маблағи аз чунин фарқият пайдошударо (зиёда аз 12 миллион сомонӣ дар як семоҳа) барои пардохтпазирии худ истифода баранд.
Дар таҳрири нав ифода кардани номи боби 5-уми қонуни мазкур ҷиҳати мушаххас намудани он пешбинӣ мегардад.
Айни замон пардохти маблағҳои музди маош ва нафақа тавассути кортҳои пардохтии шахсони воқеӣ амалӣ мегардад, ки шумораи онҳо зиёда аз 1,3 миллион ададро ташкил медиҳад. Зарурати эътироф ва суғуртаи чунин маблағҳо ҳангоми ҳолатҳои суғуртавӣ, яъне муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ, ба миён омадааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати суғуртакунонии маблағҳои зикршуда, онҳо низ объекти ҳатмии суғурта дониста шуда, ба қонун моддаи 211 илова карда мешавад
Тибқи моддаи 22- юми қонуни зикршуда ҳангоми муфлисшавии ташкилоти қарзӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба пасандоздор маблағи пасандозҳои суғурташударо ба андозаи на бештар аз 7000 сомонӣ ҷуброн менамояд. Бақияи маблағҳои Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ айни замон зиёда аз 218 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қариб 90 фоизи пасандоздорон (шахсони воқеӣ) шахсоне ҳастанд, ки андозаи пасандозҳояшон то 14000 сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади ҳифзи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва индексатсияи ҷубронпулиҳо, зиёд кардани андозаи онҳо аз 7000 сомонӣ то ба 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 14000 сомонӣ пешбинӣ шуда, тағйироти дахлдор ба моддаи 22 — юми қонун ворид карда мешавад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
Тоҳир ҶОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо мақсади ҳимояи ҳар чӣ бештари ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, инчунин рушди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бо дарназардошти муроҷиати ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати паст намудани андозаи пардохтҳои тақвимӣ ва таъмин намудани пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ андозаи пардохтҳои тақвимӣ аз 0,5 фоиз то ба 0,25 фоиз паст карда мешавад, ки барои фарогирии бештари пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ таъсири мусбӣ расонида, ба зиёд гардидани иқтидори молиявии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад андозаи ҷубронпулии пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 7 000 сомонӣ то 14 000 сомонӣ, яъне 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешаванд, ки ин тартиб индексатсияи саривақтии чунин ҷубронпулиҳоро таъмин хоҳад кард.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2015 таҳти № 231 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, чор таклиф пешниҳод намуданд, ки аз таклифҳои пешниҳодгардида 2-тоаш пурра ва 1-тоаш қисман қабул шуд.
Дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.
Нуриддин САИД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ҷиҳати иҷрои банди 39 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 муайян гардидааст, барои сода гардонидани расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим зарурати тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба вуҷуд омадааст.
Мувофиқи матни амалкунандаи қонуни мазкур, шаҳрвандон аз додани боҷи давлатӣ ҳангоми пешниҳоди ариза ҷиҳати фарзандхондии кӯдак озод мебошанд, вале ин масъала андаке норавшан ифода гардида, дар амалия боиси фаҳмиш ва татбиқи гуногун шудааст. Бо мақсади дақиқ намудани ин ҳолат дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда дар банди алоҳида чунин имтиёз пешбинӣ шудааст. Яъне, банди 19) дар қисми 1 моддаи 5 бо мазмуни зайл илова карда шудааст: «шаҳрвандон — ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ» аз додани боҷи давлатӣ озод мебошанд.
Ҳамчунин қисми дигари тағйироти пешниҳодшаванда ба техникаи ҳуқуқии қонуни мазкур дахл дошта, дар асоси моддаҳои 39 ва 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати ягонасозии истилоҳот ва канораҷӯӣ аз истифодаи истилоҳоти гуногуни ҳаммаъно равона шудаанд. Пешниҳод шудааст, ки дар банди дуюми қисми 4 моддаи 5 калимаҳои «писархондӣ (духтархондӣ)» ба калимаи «фарзандхондӣ» иваз карда шавад.
Тағйироти мазкур барасмиятдарории фарзандхондиро осон менамояд ва ба таъмини ҳамоҳангӣ дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа мусоидат мекунад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории оилавӣ таҳия гардида, хароҷоти молиявиро талаб намекунад. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан оид ба ҳамин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.
Толибхон АЗИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасӣ (20 августи соли 2015) лоиҳаи қонуни мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади содагардонии расмиёт равона гардида, тибқи он минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза вобаста ба фарзандхондӣ аз додани боҷи давлатӣ озод мебошанд.
Тағйиру иловаи мазкур асосан мансуб ба моддаҳои 4 ва 5 -уми қонуни мазкур мебошанд.
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҳафт таклиф пешниҳод карданд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар натиҷа, қабул ва ба лоиҳа ворид карда шуданд.
Санаи 2 сентябри соли равон лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Малиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба калимаи «фарзандхондӣ»-ро дар қисмҳои 1 бандҳои 12 ва 13 моддаи 4 қисми 8 ба калимаи «фарзандхонд» иваз намудан пешниҳод гардида буд ва он ба эътибор гирифта, ба қонун ворид карда шуд. Дигар қисматҳои он ба ин қонун ва моддаҳои 125 то 146 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Дар асоси нукоти зикргардида аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем.
Сухан оид ба ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.
Нуриддин САИД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои банди 39 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013» барои сода гардонидани расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим таҳия гардида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҷиҳати иҷрои талаботи банди мазкур дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисон таъсис дода шуд. Дар гурӯҳи кории байниидоравӣ намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушд ва иқтисод, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи комиссияи ҳуқуқи кӯдак аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шомил буданд.
Гурӯҳи корӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои фарзандхондӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, вобаста ба ин ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод намуд.
Лоиҳаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва бо дарназардошти пешниҳоди онҳо, такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зеринро барои сода гардонидани расмиёти фарзандхондӣ дар бар мегирад:
Ба моддаи 123 қисми 4 тағйирот илова шудааст, ки тибқи он тартиби ошкор ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар назар дошта мешавад, ки махзани ягонаи иттилоотӣ оид ба кӯдакони бе парастори падару модармонда ташкил шуда, банавбатгирии шахсоне, ки хоҳиши фарзандхондии кӯдакро доранд, ҷорӣ карда шавад. Айни замон вобаста ба масъалаи мазкур дар амалия мушкилоти зиёд ҷой дорад. Тартиби банавабатгирӣ умуман ҷой надорад. Шуъбаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ин масъала таҷрибаи ягона надоранд. Бо қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур бисёр мушкилот ҳалли худро меёбанд.
Ҳамзамон ба қисми 4 моддаи 126 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешбинӣ шудааст, ки тибқи он тартиби додани хулосаи мақомоти васоят ва парасторӣ ва номгӯйи маълумоти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ин имкон медиҳад, ки нисбат ба хулосаи ин мақомот муносибати ҷиддӣ карда шуда, он сарбории иловагие, ки ба зиммаи фарзандхондкунанда ва ё суд гузошта шуда буд, аз байн бурда шавад. Дар масъалаи мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мақомоти васояту парасторӣ бояд фаъол шуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ намояд. Ҳоло дар амал муҳтавои хулосаҳои мақомоти васояту парасторӣ аз салоҳдиди худи онҳо вобаста буда, таҷрибаи ягона ҷой надорад.
Дар моддаи 127 меъёри нав ҷой дода шудааст, ки ҳангоми фарзандхондии кӯдак аз тарафи падарандар (модарандар) сабукӣ пешбинӣ шудаасту пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои барзиёд талаб карда намешавад. Сабаб дар он аст, ки кӯдак аллакай дар оилаи чунин шахсон қарор дошта, хатари фарзандхондии сунъӣ ва ё зарар ба ҳаёту саломатии кӯдак ҷой надорад. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ аксари падарандарон (модарандарон) дар иҷора менишинанд. Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур ҳуқуқҳои ин гуна шахсон маҳдуд намегарданд.
Дар моддаи 135 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти тағйир додани маҳалли таваллуди кӯдак пешбинӣ шудааст. То ҳол ин масъаларо Кодекси мурофиавии гражданӣ пешбинӣ мекард, дар ҳоле ки он мавзӯи танзими ҳуқуқи моддӣ – Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Моддаи 148 қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шуд: «Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад». Ҳамчунин қисми 4 хориҷ карда шуд. Сабаб дар он аст, ки тибқи матни амалкунандаи моддаи 148 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба сифати мақомоти васояту парасторӣ дониста шудаанд. Дар ҳоле ки айни замон масъалаи мазкур тибқи Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти № 377 «Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» тасдиқ шудааст, танзим шуда истодааст. Мувофиқи банди 10 -уми Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъмини иҷрои вазифаву уҳдадориҳо вобаста ба васояту парасторӣ ба зиммаи Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва тибқи банди 25 Низомномаи мазкур амалӣ намудани ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои васоят ва парасторӣ ба зиммаи шуъба оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мухолифати байни Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бурда шавад.
Дар матни моддаи 139 ба ҷойи калимаи «Маҳрамият» калимаи «Сир» ворид гардид.
Тағйиру иловаи мазкур ба таври назаррас барасмиятдарории фарзандхондиро осон намуда, монеаҳои барасмиятдарориро аз байн мебарад. Гузашта аз он, ба таъмини ҳамоҳангӣ дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа мусоидат мекунад.
Қобили тазаккур аст, ки дар соли таҳсили 2014 — 2015 дар муассисаҳои таълимӣ (аз синфи тайёрӣ то синфи 11) 46218 нафар ятимон ва аз парастории волидайн маҳрум ба қайд гирифта шуда буд. Аз ҷумла 2070 нафар (980 духтар) ятими кулл, 32482 нафар (14995 духтар) бе падар, 10759 нафар (5207 духтар) бе модар ва 907 нафар (478 духтар) аз парастории волидайн маҳрумгашта мебошанд.
Агар шумораи ятимон ва кӯдакони аз парастории волидайн маҳрумро ба минтақаҳо ҷудо намоем, пас дар ВМКБ 1833 нафар (874 духтар), дар шаҳри Душанбе 5548 нафар (2504 духтар), дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11148 нафар (5180 духтар), дар вилояти Суғд 11640 нафар (5660 духтар) ва дар вилояти Хатлон 16049 нафар (7442 духтар)-ро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ айни ҳол барои гирифтани фарзандхондӣ 1756 нафар дар навбат мебошанд. Дар сурати қабул гардидани қонуни мазкур барои фаро гирифтани ятимон ба фарзандхондӣ шароит фароҳам меояд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории оилавӣ таҳия гардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна дода мешавад.
Гулбаҳор АШӮРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2015 таҳти №244 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҳадафи асосии лоиҳа содагардонии расмиёти фарзандхондӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад. Дар лоиҳа самаранок ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ вобаста ба фарзандхондии кӯдак пешбинӣ шудааст. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Зимни баррасӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили он 23 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 14 таклиф қабул ва ду таклиф қисман қабул шуда, ҳафт таклифи дигар ҷонибдорӣ наёфт.
Кумитаи масъул санаи 30 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуданд, Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Инчунин зикр кардан зарур аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу пешниҳод доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ гардида, ба лоиҳа қисми нав илова карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.
Нуриддин САИД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!
Ҷиҳати иҷрои банди 39 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 муайян карда шудаанд», барои сода гардонидани расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим зарурати тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба вуҷуд омадааст.
Дар матни амалкунандаи қонуни мазкур имконияти бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондӣ, маҳалли истиқомати кӯдаки фарзандхондшуда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешбинӣ шудааст (моддаи 49). Зарурат ба чунин имконият ҷой надорад ва баръакс ин ҳолатҳо барасмиятдарориро душвор мегардонад:
1) Фарзандхондкунанда метавонад дар вақти пешниҳоди ариза оид ба фарзандхондӣ маҳалли бақайдгириро низ муайян намояд. Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти пешниҳоди аризаро ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшаванда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешбинӣ кардааст (моддаи 274).
Интихоби маҳалли бақайдгирии фарзандхондиро дар ҳамин лаҳза амалӣ кардан мумкин аст;
2) Қисми 4 моддаи 279 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки нусхаи ҳалномаро оид ба фарзандхондии кӯдак суд дар муҳлати се рӯзи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома барои бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста ба маҳалли қабул намудани ҳалнома ирсол менамояд. Дар чунин ҳолат бархӯрд ба вуҷуд омада, падидаи ирсолнамоии ҳалнома ба мақомоти САҲШ амали расмии хушку холӣ мебошад.
Аз ин рӯ, дар матни лоиҳаи пешниҳодшаванда пешбинӣ шудааст, ки бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки агар дар давоми як моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ фарзандхондкунанда ва ё мақомоти васоят ва парасторӣ бо ариза ё хабарнома муроҷиат накунанд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд бақайдгириро анҷом медиҳад. Ин меъёр имконият медиҳад, ки ҳолатҳои беэътиноӣ дар ба қайд нагирифтани фарзандхондӣ пешгирӣ карда, дар таъмини назорат ва баҳисобгирии фарзандхондии кӯдакон мусоидат карда шавад.
Тағйироти дар банди 3 пешбинигардида ҷиҳати бартараф намудани ғалати техникӣ равона шудааст.
Тағйироту иловаи мазкур барасмиятдарории фарзандхондиро осон намуда, монеаҳои расмиятгароиро аз байн мебарад ва ба таъмини ҳамоҳангӣ дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа мусоидат мекунад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории оилавӣ таҳия гардида, хароҷоти молиявиро талаб намекунад. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба масъалаи мавриди баррасӣ сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.
Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷиҳати иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 пешбинӣ шудаанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур содагардонии расмиёти фарзандхондӣ ба шумор рафта, тибқи он бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондӣ амалӣ карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба моддаҳои 49, 50 ва 54 — уми қонуни амалкунанда тағйиру илова пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла дар моддаи 49 калимаҳои «маҳалли истиқомати кӯдаки фарзандхондшуда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)» бинобар содагардонии фарзандхондӣ хориҷ карда шудаанд.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаи 50 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шудааст. «Агар дар давоми як моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бо ариза ё хабарнома муроҷиат накунанд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд бақайдгирии давлатии фарзандхондиро анҷом медиҳад».
Тағйироти пешниҳодгардидаи қисми 3 -юми лоиҳа дорои характери мутобиқкунанда буда, ба техникаи қонунгузорӣ дахл дорад, ки иваз намудани калимаҳои «шахсии молумулкӣ ва»-ро ба калимаҳои «молумулкӣ ва шахсии» пешбинӣ менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №240 аз 22 сентябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 13 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо нуҳ таклиф қабул ва яктои дигараш қисман қабул гардид ва се таклифи дигар қабул нашуд.
Кумитаи масъул санаи 30 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.
Нуриддин САИД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!
Ҷиҳати иҷрои банди 39 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 муайян шудаанд», барои сода гардонидани расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим зарурати тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.
Дар матни амалкунандаи моддаи 275 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои аризаи фарзандхондӣ тавре муайян шудааст, ки баъзан боиси гуногунфаҳмӣ ва мушкилоти расмӣ ҷиҳати пешниҳоди ариза мегардад. ҳамчунин дар ариза бояд дархостҳое ҳатмӣ зикр карда шаванд, ки шояд дар рафти минбаъдаи мурофиа тағйир дода шаванд. Аз ин рӯ, ба таври ҳатмӣ пешбинӣ кардани маълумоти мазкур дар ариза набояд шарт бошад. Гузашта аз он, масъалаҳои ҳуқуқи моддӣ дар қонунгузории мурофиавӣ ҷой дода шудаанд. Бо дарназардошти ин дар лоиҳа пешниҳод шудааст:
- агар насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати падару модари кӯдаки фарзандхондшаванда, бародару хоҳар доштани ӯ номаълум бошанд (ё муайяннамоии он мушкил бошад), танҳо дар ин хусус дар ариза зикр карда мешавад ва зарур нест, ки ҳатман дар ариза ин маълумот дарҷ шавад;
- пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «(ҳангоми фарзандхондӣ дар синни то яксола)» аз сархати панҷуми қисми 1 моддаи 275 хориҷ карда шаванд, зеро ин масъала мавзӯи танзими ҳуқуқи моддӣ (моддаи 135 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад. Илова бар он, масъалаи мазкур дар Кодекси мазкур нофаҳмо дарҷ шудааст;
- ҳамчунин илова кардани қисми 2 ба моддаи 275 пешниҳод шудааст, ки он ба аризадиҳанда имконият медиҳад, ки дархост оид ба тағйир додани насаб, ном, номи падар ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда, инчунин санаи таваллуди ӯ, оид ба сабти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кӯдакро дар давраи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва ё бевосита ҳангоми муҳокимаи судӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд. Яъне, иловаи мазкур имкон медиҳад, ки бидуни зикри маълумотҳои қайдшуда низ ариза ба суд пешниҳод карда шавад.
Тағйироту иловаҳои ба моддаи 276 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашавандаро камтар намуда, дар мазмуни онҳо равшанӣ андохтааст:
- сарфи назар аз доштан ва ё надоштани ақди никоҳ, ҳатман замима кардани шиноснома (танҳо шиноснома, на шаҳодатномаи таваллуд) пешбинӣ шудааст;
- сархати сеюми қисми 1 моддаи 276 ба қонунгузории моддӣ мувофиқ карда шудааст (ба қисми 2 моддаи 133 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 276 низ бо сабаби номувофиқ будан бо қонунгузории моддӣ пешниҳод гардидааст, ки хориҷ карда шавад (моддаи 127 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар назар аст, ки масъалаҳои мазкур дар Низомномаи мақомоти васоят ва парасторӣ пурра танзим карда мешаванд;
- илова намудани қисми 2 ба моддаи 276 пешниҳод шудааст, ки бо мақсади содагардонии расмиёти фарзандхондӣ аз ҷониби падарандар (модарандар) ва ё дигар шахсе, ки воқеан бо кӯдаки фарзандхондшаванда ҳамчун аъзои як оила истиқомат доранд, равона шудааст.
Дар банди 3- юми лоиҳа пешниҳод шудааст, ки қисми 2 моддаи 277 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шавад, зеро масъалаи мазкур мавзӯи танзими қонунгузории оилавӣ, аз ҷумла вобаста ба васоят ва парасторӣ буда, талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои ба хулосаи мақомоти васоят ва парасторӣ замимашаванда дар ҳамон санадҳо бояд муайян карда шаванд. Дар назар дошта мешавад, ки чунин талаботро Низомномаи мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин дигар санаде, ки Низомномаи мазкур муқаррар менамояд, пешбинӣ менамоянд.
Ҷиҳати содагардонии расмиёти фарзандхондӣ пешниҳод шудааст, ки парвандаҳо дар хусуси фарзандхондӣ дар муҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи қабули ариза аз ҷониби суд баррасӣ ва ҳал гардида, шикоят ва эътирози кассатсионӣ нисбат ба ҳалномаи суд оид ба қонеъгардонии ариза дар хусуси фарзандхондӣ ба муҳлати даҳ рӯз аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок метавонад пешниҳод карда шавад.
Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории ирсоли ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза дар хусуси фарзандхондиро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ кардааст, вале чунин муқаррарот дар ҳолати бекор шудани ҳалномаи мазкур ва ё бекор шудани худи фарзандхондӣ пешбинӣ нашудааст.
Дар матни лоиҳаи пешниҳодшуда чунин иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тағйироти мазкур ба таври назаррас барасмиятдарории фарзандхондиро осон намуда, монеаҳои расмиятгароиро аз байн мебарад. Гузашта аз он, дар таъмини ҳамоҳангӣ дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа мусоидат мекунад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории оилавӣ таҳия гардида, хароҷоти молиявиро талаб намекунад.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ҳамин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
Мавлуда ҚАЛАНДАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Бо мақсади сода гардонидани расмиёти фарзандхондӣ ба моддаҳои 275, 276, 277, 278, 280 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳо марбут ба ихтисор кардани номгӯйи маълумотҳо (ҳуҷҷатҳо) зимни пешниҳоди ариза ба суд муқаррар намудани муҳлати баррасии парвандаи судӣ оид ба фарзандхондӣ дар назар дошта мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, дар маҷмӯъ, ба он 22 таклифу пешниҳод манзур карданд.
Кумитаи масъул дар ҷаласаи васеъ 30 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро муҳокима намуда, бо дарназардошти эроду тавсияҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон изҳор гардид ва таклифҳои аз ҷониби вакилон пешниҳодгардида лоиҳа такмил дода шуд.
Таваҷҷуҳи шуморо ба бандҳои алоҳидаи лоиҳа ҷалб менамоям.
Аз банди 2-юми лоиҳа ба қисми 1 моддаи 267 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани илова роҷеъ ба масоили «таъин намудани ташхис ва табобати ҳатмии шахс аз бемории сил дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил» хориҷ карда шуд, зеро илова кардани меъёри мазкур тақозо менамояд, ки ба Кодекс меъёрҳои наве, ки аз ҷониби суд тартибу қоидаҳои баррасӣ намудани ариза оид ба табобати ҳатмии беморони силро танзим мекунад, ворид карда шавад. Бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа гардид, ки лоиҳа дар ин хусус мукаммал гардонида мешавад.
Инчунин банди панҷуми лоиҳа, яъне ворид намудани иловаҳо ба моддаи 279 Кодекси номбурда дар хусуси «дар муҳлати 10 рӯз пешниҳод кардани шикоят ё эътироз нисбати ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ» қобили дастгирӣ намебошад. Бо дарназардошти он ки боби 16-уми Кодекс ба мазмуну моҳияти ҳалнома бахшида шуда, овардани шикоят ё эътироз нисбати ҳалномаҳо, аз ҷумла ҳам аз рӯи мурофиаи даъвоӣ, ҳам мурофиаи махсус ва ҳам мурофиаи парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, дар моддаи 327-уми Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати як моҳ аз рӯзи дастрас кардани нусхаи ҳалнома пешбинӣ гардидааст. Муайян намудани муҳлати 10 — рӯза барои шикоят овардан нисбати ҳалнома оид ба фарзандхондӣ ба муқаррароти моддаи номбурда мухолифат менамояд. Аз ин лиҳоз, аз лоиҳа хориҷ намудани қисми 5 моддаи 1 ба мақсад мувофиқ мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Муҳтарам вакилон, кумитаи масъул лоиҳаро ба муҳокимаву баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдориву қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» оғоз менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна дода мешавад.
Мавзуна ШАРОФИДИНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2015 таҳти №241 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 30 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи иштирокчиён пурра ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгашта ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи масъалаи навбатии рӯзнома — Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмил ва мутобиқгардонии меъёрҳои Дастури мазкур ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Тағйироти пешниҳодшуда ба банди 6-уми Дастур имконият медиҳад, ки дар мувофиқа бо муқаррароти моддаи 60-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ Маҷлиси намояндагон ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунавад.
Иловаҳо ба ҳамин банд, зербанди т) банди 242, бандҳои 4281 ва «4471 дар мувофиқа бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунанд, ки Маҷлиси намояндагон хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, ҳисоботи ҷамъбастии он оид ба фаъолияти аудиторӣ, ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисоб ва хулосаи аудитории он доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки қабули чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, баррасӣ намояд ва иҷрои онҳоро зери назорат қарор диҳад.
Иловаи зербанди д) ба банди 11 заминаи ҳуқуқӣ мегузорад, ки дар бораи муҳокимаи пешакии лоиҳаи қонунҳо низ дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон маълумот дода шавад.
Мутобиқ ба қонунгузории мамлакат, ба банди 16 илова карда мешавад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон фаъолияти хешро дар асоси касбии доимӣ иҷро намоянд.
Иловаи калимаи «кофтуков» ба банди 18 аз муқаррароти моддаи 51 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд.
Бо иловаи зербанди н) дар банди 42 ба таҷрибаи ҷойдошта ҷиҳати дар ҳолатҳои истисноӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пурсиш муайян намудани мавқеи аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон оид ба баррасии масъалаҳои ба салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон дахлдошта асоси ҳуқуқӣ гузошта мешавад.
Тағйирот ба банди 51 ва дигар бандҳои дахлдори Дастур мақоми институти «намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мушаххас мегардонад.
Илова ба зербанди и) банди 53 ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон салоҳият медиҳад, ки муҳокимаи пешакии лоиҳаи қонун, ҷойгир кардани матни онро дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон ва нашри онро дар рӯзномаи «Садои мардум» таъмин намояд.
Бинобар сабаби интихобӣ будани мақоми «узви кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон», дар банди 64 калимаҳои «тасдиқ» ва «тасдиқи» ба калимаҳои «интихоб» ва «интихоби» иваз карда мешаванд.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба бандҳои 91, 94 ва 97 салоҳияти кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Комиссияи экологии онро дар мувофиқа бо таъиноташон мушаххас гардонида, имконият медиҳад, ки Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон якҷоя бо Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин арзёбии лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодиро аз нуктаи назари илми экология ва ҷараёнҳои инноватсионии ҷаҳонӣ дар ин самт, бо мавқеъгирӣ аз манфиатҳои миллию давлатӣ таъмин ва бо онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод намояд.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба зербанди г) банди 99, бандҳои 102 — 114, зербанди э) банди 242 тартиби аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бақайдгирии фраксия ва гурӯҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон, номнависии онҳоро сода ва оммафаҳм мегардонанд ва ба раиси фраксия ва гурӯҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон имконият медиҳад, ки бо ризоияти аксарияти вакилони дар ҷаласа иштироккунандаи Маҷлиси намояндагон аз номи фраксия ё гурӯҳи дахлдор оид ба масъалаи мушаххас изҳорот ё пешниҳод намоянд.
Тағйиру иловаҳо ба бандҳои 367, 369 ва 371 тартиби баррасӣ ва қабули қонуни такмилдодашударо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон дақиқ мегардонанд.
Лоиҳа ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаи дигари рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.
Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
Мавлуда ҚАЛАНДАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» манзур мегардад.
Тоҷикистон баъди соҳибихтиёр гардиданаш ҳамчун узви мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуд. Аз ҷумла Конвенсия дар бораи апостил ё худ Конвенсияи бедоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ (Гаага, 5 октябри соли 1961)-ро 29 октябри соли сипаришуда ба тасвиб расонид. Дар ин асно, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифта, бобати мутобиқгардонии онҳо ворид намудани меъёрҳои Конвенсияи мазкур (имплементатсия)-ро ба низоми ҳуқуқии миллӣ тақозо менамояд.
Ҳамзамон боиси тазаккур аст, ки аз 27 марти соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда барои фаъолияти адвокатӣ ва тартибу шакли пешниҳоди онҳоро зимни баамалбарории фаъолияти адвокатӣ муқаррар намудааст.
Бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шудааст.
Дар лоиҳа аз моддаи 105 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани «ва дигар шахсоне, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд(намояндагон)», инчунин ба моддаи 74 қисми 5 ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 234 ҳамин Кодекс илова намудани меъёрҳо тибқи Конвенсияи номбурда пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ карданд.
Бо дарназардошти таклифҳои воридгардида, кумитаи масъул дар ҷаласаи васеъ санаи 30 сентябри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро муҳокима ва ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ироа намуд.
Рӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз сари нав муҳокима намудани услуби баёни лоиҳаи номбурдаро таъкид намуданд. Бо ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳо дар лоиҳа матни қисми 5 моддаи 74 ва матни моддаи 234 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода ва инчунин мавриди амал қарор додани қисми 2 моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур тағйир дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро тақозо намекунад.
Муҳтарам вакилон, кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкурро ба муҳокимаву баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдориву қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур пешгирӣ намудани ҳолатҳои нангини ба фоҳишагӣ даст задан бо роҳи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбат ба чунин шахсон мебошад. Мувофиқи меъёри амалкунандаи моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони ба фоҳишагарӣ машғулбуда ҷазо танҳо дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ҷазо барои шахсоне, ки ба фоҳишагарӣ машғуланд, вазнин нест ва дар ниҳоят ба мақсади ҷазо, ки ислоҳ кардани ҳуқуқвайрокунанда мебошад, ноил гаштан мушкил аст. Аз ин рӯ, мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 илова гардида, ҷазоро барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори фоҳишагӣ ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз пешбинӣ менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №198 аз 20 августи соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур ҳафт таклифу пешниҳод манзур карданд.
Кумитаи масъул 2 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд;
- матни лоиҳаи қонун дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади лоиҳаи мазкур мутобиқ намудани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба моддаҳои 93 ва 98-уми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муайян менамоянд, ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ шуда, мутобиқи онҳо қисми 1 моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ ва қисми 2-юми он ба салоҳияти мақомоти судӣ вогузор мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №197 аз 20 августи соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур 12 таклифу пешниҳод манзур карданд.
Кумитаи масъул 2 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, аз 12 таклиф танҳо як таклифро қобили қабул надонист. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд;
- матни лоиҳаи қонун дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа – Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мазкур ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», инчунин мутобиқнамоии тағйири номи вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои мамлакат пешниҳод гардидааст.
Тамоми кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади пурраву оммафаҳмгардонии он шаш пешниҳод намуданд, ҳамаашон қабул гардиданд.
Дар моддаҳои 16 қисми 7, 91 қисми 5, 172 қисми 4 ва 215 қисми 2 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари институти «адвокат», инчунин институти «дигар ашхоси дорои чунин ҳуқуқи хизматрасонӣ дошта» истифода шудааст, ки маҳкумшудагон метавонанд аз хизмати онҳо истифода баранд.
Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» институти «дигар ашхоси дорои ҳуқуқи хизматрасонии адвокатро» пешбинӣ накардааст. Аз ин лиҳоз, лоиҳа пешбинӣ мекунад, ки аз моддаҳои зикргардидаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «дигар ашхоси дорои чунин ҳуқуқи хизматрасонӣ дошта» хориҷ карда шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ба ҷои мафҳуми «инфексияи ВИЧ» мафҳуми «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ВНМО/БПНМ»-ро муқаррар намудааст. Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаҳои 24 қисми 4, 100 қисми 1 банди з) ва 105 қисми 2 мафҳуми «инфексияи ВИЧ» бо мафҳуми «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ВНМО/БПНМ» иваз карда шавад.
Бо сабаби тағйирёбии номи вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ, пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаҳои 61 қисмҳои 4 ва 5, 75 қисми 1, 78 қисми 5, 81 банди б), 105 қисми 6, 113 қисми 4, 117 қисми 6 ва 199 қисми 1 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои мамлакат дақиқ нишон дода шуда, калимаи «иҷозатномаи» ба калимаи «иҷозати» иваз карда шавад.
Қабули лоиҳа аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад, мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мазкур ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат пешниҳод гардидааст.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, бо мақсади пурраву оммафаҳмгардонии он чор пешниҳод намуданд, ки ҳамаашон пазируфта шуданд.
Дар қисми 1 моддаи 49-уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари институти «адвокат», инчунин институти «ё шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад» истифода шудааст, ки ба сифати ҳимоятгар ба пешбурди парванда роҳ дода мешаванд.
Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» институти «ё шахсе ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад» — ро пешбинӣ накардааст. Аз ин лиҳоз, лоиҳа пешбинӣ мекунад, ки аз моддаи зикргардидаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «ё шахсе ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад» хориҷ карда шавад.
Қонуни зикргардида ба ивази институтҳои «коллегияи касбии адвокатҳо» ва «адвокатҳои ваколатдор» институти «Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро муқаррар намудааст. Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки дар қисми 3 моддаи 51 Кодекси номбурда калимаҳои «коллегияи касбии адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор» ба калимаҳои «Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Бинобар илова гардидани моддаи 2601 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 7 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро муқаррар мекунад, иловаи дахлдор ворид карда шуда, тобеияти тафтишотии ҷиноятӣ дар моддаи 2601 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, мансуб ба муфаттишони мақоми махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия дар сурати фаро гирифтани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта, муқаррар карда мешавад.
Бо дарназардошти принсипи инсондӯстонаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии мамлакат, бо мақсади табобати маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд, пешгирии паҳншавии чунин беморӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз чунин беморӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар қисми 4 моддаи 392 ва моддаи 105 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан калимаҳои «сил ё» ва «ё бемориҳои сил» илова карда шаванд. Иловаи мазкур имконият медиҳад, ки суд ҳангоми татбиқи шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба зиммаи маҳкумшуда уҳдадории гузаштани курси муолиҷаи бемории силро гузорад ва қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо адои ҷазо ҳамроҳ карда шудааст, бо пешниҳоди мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, ки ба хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои сил асос ёфтааст, анҷом диҳад.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад, мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сил, табобати маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории мазкур мебошанд ва ҳимояи аҳолӣ аз он пешниҳод шудааст.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади пурраву оммафаҳмгардонии он 12 пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо қобили қабул дониста шуданд.
Бо мақсади табобати маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд, пешгирии паҳншавии чунин беморӣ дар муассисаҳои ислоҳии мамлакат ва ҳифзи аҳолии мамлакат аз чунин беморӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар қисми 1 моддаи 97, қисми 2 моддаи 98 ва қисми 1 моддаи 101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтори касалии сил будани шахс нисбат ба ӯ дар баробари ҷазо, инчунин татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидоштаро дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои сил татбиқ намояд.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида имконият медиҳанд, ки маҳкумшудагоне, ки гирифтори касалии сил мебошанд, сари вақт табобат, саломатии онҳо барқарор ва паҳншавии касалии мазкур пешгирӣ карда шавад.
Қабули лоиҳа аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад, мутобиқ ба муқаррароти Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Кори ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ