Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон» ба кор шурӯъ кард

№139 (3440) 19.10.2015

IMG_2493 - копия18 октябри соли 2015 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон»-ро ифтитоҳ намуд.

Дар дохили бинои асосии коргоҳи заршӯйӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахш намудани тугма боз як корхонаи пуриқтидорро расман ифтитоҳ бахшид.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки коргоҳи дуюми ҶДММ «Корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд.

Арзиши лоиҳавии фабрикаи заршӯйӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда як миллиард сомонӣ мебошад

Коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тиллои холис истеҳсол ва қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи муштараки заршӯйии  «Зарафшон» то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то чор ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон» то панҷ тонна тилло дар як сол расонида мешавад.

Зимни шиносойӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони соҳа суҳбати озоду ошкоро доир намуда, бунёди чунин иншооти калонро барои рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим маънидод кард.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулот 550 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Баъди бунёди корхона 185 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта,  180 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, дар корхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон» зиёда аз ду ҳазору 200 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст.

Соли 2008-ум кони маъдани «Таррор» ба кор омода карда, истифода ва коркарди маъдани ин кон ба таври васеъ ба роҳ монда шуд.

Дар баробари коркарди кони «Таррор» боз конҳои «Ҷилав», «Олимпӣ» ва «Хирсхона» истифода карда мешаванд, ки дар заминаи ин конҳо бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Конҳои мавҷуда аз корхонаи тозабунёд дар масофаи аз чор то ҳашт километр  дуртар ҷойгиранд.

Дар баробари ба истифода додани нақби амудии маъданфаро ва нақби зеризаминии маъданкаш бо дарозиҳои мутаносибан 130 ва 250 метр масофа нисбатан  наздик гардид.  Сохтмони нақбҳои мазкур барои кам намудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи дуюми ҶДММ «Корхонаи заршӯйии муштараки «Зарафшон» дар шаҳри Панҷакент аз ҳолати роҳҳои мошингарди ба ин корхона баранда ва иншооти иҷтимоии маҳаллӣ изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарияти ин корхона дастур дод, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳи ҳаждаҳкилометраро пурра азнавсозӣ намуда, ҳамчунин як муассисаи таълимӣ, як кӯдакистон ва як маркази барқу гармидиҳиро бо иқтидори 50 мВт барои ин корхона сохта, ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур дод, ки маоши кормандони ин корхона зиёд карда шавад. Ҳоло маоши кормандон дар ин корхона аз 1000 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ ин бо кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо мебошад.

Дар ин самт роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, бо бунёди даҳҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии нав дар саросари кишвар ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакатро соҳиби кор ва маоши хуб кардаанд.

 www.president.tj