Биноҳои дуошёнаи истиқоматӣ барои афсарон дар ноҳияи Ғончӣ

№140 (3441) 21.10.2015

IMG_4862 - копия19 октябри соли 2015 дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар фазои тантанавӣ ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи азими деҳоти «Ғазантарак»-и ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2042 тақдим намуд.

19 октябри соли 2015 дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар фазои тантанавӣ ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи азими деҳоти «Ғазантарак»-и ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2042 тақдим намуд.

Биноҳои истиқоматии дуошёна, ки бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтаанд, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохта шудааст.

Фармоишгар — Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии «Каскад Хуҷанд» мебошад, ки корхои сохтмониро ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонидааст.

Биноҳои истиқоматӣ бо маблағи 9,6 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудаанд. Дар ин ҷо 24 оилаи афсарони қисми низомӣ, ки дар ҳифзи амнияти сарҳад ва сулҳу осоиштагии кишвар саҳмгузор ҳастанд, бо манзил таъмин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро супорид ва афсаронро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуд.

Баъди бунёди бино манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд. Дар қисми поёнии биноҳо толори варзишӣ бо лавозимоти зарурӣ, хонаи шустушӯйи либос, мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзмарра ҷой гирифтааст.

Дар баробари ин, барои беҳтар намудани таъминот бо оби нӯшокӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ қитъаи замин ҷудо карда шуда, чоҳи амудии нав ва ҳавзи захиравӣ ба истифода супорида шуд. Бинокорон аз 1,5 километр хатти оби нӯшокӣ кашидаанд.

 www.president.tj